Ванҷях – яке аз бузургтарин пиряхҳои кӯҳии Тоҷикистон

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои кӯҳсори Осиёи Марказӣ буда, дорои захираҳои бузурги пирях мебошад. Қаторкӯҳҳои Помир ва Ҳисору Олой бо қуллаҳои баланд, пиряхҳои азим ва водиҳои серумқи худ яке аз минтақаҳои муҳими ташаккули захираҳои обии минтақа ба ҳисоб мераванд. Пиряхҳо дар табиати Тоҷикистон нақши муҳим дошта, дар фаслҳои гарми сол оби дарёҳоро таъмин мекунанд ва ба фаъолияти экосистемаҳо, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ таъсири калон мерасонанд.

Яке аз машҳуртарин пиряхҳои Тоҷикистон Ванҷях (собиқ пиряхи Федченко). Он дар кӯҳҳои Помир ҷойгир буда, аз рӯи дарозӣ ва ҳаҷми ях дар байни пиряхҳои бузурги кӯҳии ҷаҳон мавқеи махсус дорад. Пирях ҳамчун объекти муҳими табиӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои омӯзиши равандҳои иқлимӣ ва гидрологии Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад.

Омӯзиши ин пирях имкон медиҳад, ки олимон тағйирёбии иқлим, ҳаракати массаи ях, ташаккули обҳои пиряхӣ ва таъсири гармшавии глобалиро ба минтақаҳои кӯҳӣ беҳтар дарк намоянд.

РУҶУЪ БА ТАЪРИХИ НОМГУЗОРӢ

То соли 2023 ин пирях номи Федченкоро дошт. Бори аввал соли 1876 гардишгари рус  В.Ф.Ошанин ин пиряхро кашф кард ва ба номи дӯсташ А.П.Федченко гузошт. Соли 2023 пирях ба номи қадимии худ-Ванҷях номгузорӣ шуд.

3-уми июли соли 2026 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи иваз намудани номи “Пиряхи Ванҷях” ба “Пиряхи Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Қарори мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» қабул гардида, иваз намудани номи яке аз бузургтарин пиряхҳои ҷаҳонро ба «Пиряхи Тоҷикистон» пешбинӣ менамояд.

Ин иқдом аҳамияти махсуси пиряхҳоро ҳамчун сарвати стратегии миллӣ, манбаи муҳими захираҳои обӣ ва ҷузъи муҳими криосфераи кишвар таъкид намуда, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим боз ҳам инъикос менамояд.

Пиряхи Тоҷикистон (собиқ пиряхи Федченко ва Ванҷях) дар қисми марказии Помир, дар ҳудуди Тоҷикистон, ҷойгир шудааст. Он дар системаи кӯҳии Помир, дар ҳавзаи дарёи Бартанг ва қисми болооби он — Селдара, воқеъ мебошад. Пирях аз минтақаҳои баландкӯҳ гузашта, бо қаторкӯҳҳо ва қуллаҳои баланди Помир иҳота шудааст.

Пирях аз пиряхҳои водигии калон ба шумор рафта, дорои забони дарози пиряхӣ мебошад. Дарозии он беш аз 70 километр арзёбӣ мешавад ва масоҳати он зиёда аз 700 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Баландии сатҳи пирях дар қисматҳои гуногун тағйир меёбад. Қисми болоии он дар минтақаҳои хеле баланд ҷойгир буда, қисми поёнӣ ба водии Селдара мерасад.

Пирях аз ҳисоби бориши барф дар минтақаҳои баландкӯҳ ғизо мегирад. Барфи ҷамъшуда дар тули солҳои зиёд зери таъсири фишор ба фирн ва сипас ба ях табдил меёбад. Массаи ях тадриҷан ба самти поён ҳаракат мекунад. Ин ҳаракат яке аз хусусиятҳои асосии пиряхҳои фаъол мебошад.

Обшавии пирях дар фасли гармо ба ташаккули ҷараёни об дар дарёҳои кӯҳӣ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, пиряхҳо ҳамчун яке аз танзимкунандагони табиии захираҳои обӣ аҳамияти махсус доранд.

Омӯзиши муназзами пирях дар давраҳои баъдӣ идома ёфт. Экспедитсияҳои илмӣ ба Помир имкон доданд, ки олимон андоза, сохтор, ҳаракат, иқлим ва тавозуни массаи пиряхро таҳқиқ намоянд. Дар давраи шӯравӣ низ Пиряхи Федченко яке аз объектҳои муҳими тадқиқоти глясиологӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар минтақаи пирях истгоҳҳо ва нуқтаҳои мушоҳидавӣ ташкил карда шуда буданд. Маълумоти ҷамъовардашуда барои омӯзиши тағйирёбии сатҳи барфу ях, ҳарорати ҳаво, боришот ва суръати ҳаракати пирях истифода мешуд.

Имрӯз низ Пиряхи Тоҷикистон барои таҳқиқоти илмӣ аҳаммияти калон дорад. Мушоҳидаҳои бисёрсолаи он метавонанд ҳамчун нишондиҳандаи тағйироти иқлимии Помир ва тамоми Осиёи Марказӣ хизмат кунанд.

АҲАММИЯТИ ПИРЯХ АЗ НИГОҲИ ЗАХИРАИ ОБ

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ нигоҳ доштани об дар шакли ях мебошад. Дар зимистон ва фаслҳои хунук қисми зиёди боришот ҳамчун барф ва ях захира мешавад. Дар фасли гармо ҳангоми баланд шудани ҳарорат ин захира тадриҷан об шуда, ба дарёҳо ворид мегардад.

Пиряхи Тоҷикистон низ дар низоми обии минтақа нақши муҳим дорад. Оби пирях ба дарёҳои кӯҳии Помир ворид шуда, дар ташаккули ҷараёни об саҳм мегузорад. Захираҳои пиряхӣ барои экосистемаҳои поёноб низ аҳамият доранд.

Дар шароити иқлими хушку камбориши Осиёи Марказӣ аҳамияти чунин манбаъҳои обӣ хеле зиёд аст. Дарёҳое, ки аз минтақаҳои пиряхӣ сарчашма мегиранд, барои таъмини аҳолӣ, кишоварзӣ, истеҳсоли неруи барқ ва нигоҳдории табиати минтақа муҳим мебошанд.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарини замони муосир тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳои ҷаҳон мебошад. Баланд шудани ҳарорати миёнаи ҳаво метавонад ба тавозуни массаи пиряхҳо таъсир расонад. Агар миқдори обшавии ях аз миқдори ҷамъшавии барф зиёд гардад, пирях тадриҷан ҳаҷми худро аз даст медиҳад.

Пиряхҳои Помир низ аз тағйирёбии иқлим эмин нестанд. Тағйирёбии ҳарорат ва режими боришот метавонад ба ғизогирӣ ва обшавии онҳо таъсир расонад. Барои Пиряхи Тоҷикистон чунин тағйирот аҳамияти махсус дорад, зеро ин пирях яке аз калонтарин захираҳои ях дар минтақа мебошад.

Коҳишёбии пиряхҳо метавонад дар оянда ба захираҳои об таъсир расонад. Дар марҳалаи аввал зиёд шудани обшавии ях метавонад боиси афзоиши ҷараёни об гардад, аммо ҳангоми коҳиш ёфтани ҳаҷми пирях дар давраи дарозмуддат захираи оби тобистона метавонад кам шавад.

Аз ин рӯ, омӯзиши доимии пиряхҳо барои пешгӯии тағйироти ояндаи захираҳои об аҳамияти калон дорад.

АҲАМИЯТИ ИЛМӢ ВА ЭКОЛОГӢ

Пиряхи Тоҷикистон барои илмҳои география, глясиология, гидрология, иқлимшиносӣ ва экология объекти муҳим мебошад. Тадқиқоти пирях ба олимон имкон медиҳад, ки равандҳои ташаккул ва ҳаракати ях, муносибати пирях бо иқлим ва таъсири тағйирёбии ҳароратро ба муҳити кӯҳӣ омӯзанд.

Маълумоти дар давоми солҳои зиёд ҷамъовардашуда метавонад барои муқоисаи вазъи пирях дар давраҳои гуногун истифода шавад. Бо ёрии аксҳои моҳвораӣ, таҷҳизоти муосири ченкунӣ ва усулҳои рақамии харитасозӣ имконияти назорати тағйироти пиряхҳо бештар шудааст.

Аз нуқтаи назари экологӣ, пиряхҳо қисми муҳими экосистемаҳои баландкӯҳ мебошанд. Обҳои ҳосилшуда аз пиряхҳо ба ҳаёти рустаниҳо ва ҳайвоноти минтақа таъсир мерасонанд. Ҳамин тавр, ҳифзи пиряхҳо маънои ҳифзи як қисми муҳими муҳити табиии Помирро низ дорад.

БАРРАСИҲОИ ИМРӮЗ

Пиряхи Тоҷикистон бояд на танҳо ҳамчун як объекти ҷолиби ҷуғрофӣ, балки ҳамчун яке аз унсурҳои муҳими низоми табиии обии Тоҷикистон арзёбӣ карда шавад. Мавҷудияти пиряхҳои бузург дар Помир барои устувории ҷараёни дарёҳо дар минтақаи дорои иқлими нисбатан хушк аҳамияти зиёд дорад.

Дар баробари ин, тағйироти иқлим масъалаи нигоҳдории пиряхҳоро ба яке аз вазифаҳои муҳими илмӣ ва экологӣ табдил медиҳад. Барои муайян намудани суръати тағйирёбии пирях зарур аст, ки мушоҳидаҳои саҳроӣ, ченкунии массаи ях, таҳлили ҳарорату боришот ва маълумоти моҳвораӣ мунтазам истифода шаванд.

Муҳим аст, ки омӯзиши Пиряхи Тоҷикистон бо таҳқиқоти дигар пиряхҳои Помир пайваста гузаронида шавад. Танҳо дар ин ҳолат метавон тасвири нисбатан пурраи тағйироти иқлимӣ ва гидрологии минтақа ба даст овард.

Ҳамкории илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар ин самт муҳим мебошад. Зеро обҳое, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон ташаккул меёбанд, барои кишварҳои поёноб аҳамияти бузург доранд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо масъалаи дорои аҳамияти минтақавӣ низ мебошад.

ХУЛОСА

Пиряхи Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ёдгориҳои табиии Помир ва яке аз бузургтарин пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон мебошад. Мавқеи ҷуғрофӣ, андозаи бузург, захираи зиёди ях ва аҳамияти он барои ташаккули обҳои кӯҳӣ ин пиряхро ба объекти нодири табиӣ ва илмӣ табдил додаанд.

Пирях дар таъмини ҷараёни оби дарёҳои минтақа саҳм гузошта, барои экосистемаҳои кӯҳӣ ва фаъолияти иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ аҳамият дорад. Ҳамзамон, тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорат метавонад ба ҳолати пирях таъсири ҷиддӣ расонад.

Аз ин рӯ, мониторинги доимии Пиряхи Тоҷикистон таҳқиқи равандҳои обшавӣ ва ҷамъшавии барф, истифодаи технологияҳои муосири мушоҳида ва тақвияти ҳамкории илмӣ вазифаҳои муҳим мебошанд. Ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим на танҳо барои наслҳои имрӯз, балки барои таъмини амнияти обии наслҳои оянда низ аҳамияти калон дорад.

Мадина ҲАМРОЕВА,

мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»