Варақаҳои изографӣ ҷузъи фонди нигоҳдории депозитарӣ

  Бо таваҷҷуҳ ва зарурати омўзиши фонди нодири Китобхонаи миллӣ, махсусан нигоҳдории депозитарии ин муассиса, кӯшидем дар ин навишта оид ба  варақаҳои изографӣ баъзе андешаи хешро иброз намоем. Албатта, дар мавриди ҳуҷҷатҳои изографӣ ё ба навиштаи дигар варақаи изографӣ қариб, ки ҳеч маълумоте дастраси мо нашуд ва мо кӯшидем он чи вуҷуд дорадро мавриди баҳс қарор диҳем.

Агар дилхоҳ китобхона мақсади ба миён гузоштан ва ё ҳифзи фонди хуҷҷатҳои изографиро ташкил кардан мехоҳад, бояд дониста бошем, ки он иборат аз қисми эълонҳои бузурҳаҷми тасвирдор, албомҳои санъати тасвирӣ, маводи кандакоришуда, суратҳо ва ғайра мешаванд, ки онро метавон фонди санъати бадеӣ ва ё нашрияҳои бадеӣ номид. Хусусияти ҷолиби ин фонд дар он зоҳир мегардад, ки ососан дар як саҳифаи А3 ва ё А2-и формати имрўза маънову мазмуни як китобро тасвир менамояд ва он барои оммаи васеи хонандагон нофаҳмо аст, вале зарурати ин навъи ноширӣ дар он аст, ки ҳангоми азназаргузаронӣ ва дидани манзараҳои ба шаклу гунаҳои зиёд офаридашуда хонандаро ба андеша ва афкор водор месозад. Инҳо бештар асарҳои наққошони мониқалами оламанд, ки дар варақҳо чоп шудаву таблиғ шудаанд.

Ин гуна ҷалбнамоӣ аз чопи варақаи изографӣ ҳадафи асосии ноширон ва мутахассисон буда, ба ин роҳ санъати дигари хониш дар миёни одамон ба вуҷуд оварда мешавад. Дарвоқеъ, чунин андеша набояд пайдо шавад, ки варақаҳои изографӣ на танҳо бо тасвир пешкаши хонандагон мегардад, балки дар онҳо матнҳои хеле зебо бо тасвири муҷалло сабт гардид, бо дидани навъҳои гуногуни ҳуруф хонанда моту мабҳут мегардад ва майли хондану дарки он пайдо мешавад. Ин ҷолибият ва ҳастии чунин фонд мутахассисонро водор месозад, ки вобаста ба фонди нигоҳдории депозитарӣ дар сартосари ҷумҳури пажўҳиш анҷом диҳанд ва тамоми адабиёти вобаста ба ин фондро дар як марказ ва ё китобхонаи алоҳида ҷамъоварӣ намоянд.

Объекти таҳқиқоти ҳуҷҷати изографӣ ва ё варақаи изографӣ навъҳои он мебошад, ки мо боло ишора намудем. Вобаста ба навъҳои он метавон гуфт, ки на ҳама намуди варақаи изографӣ дар фонди шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ҳифз шудааст. Танҳо як ё ду навъи онро мо дар ин бахши Китобхонаи миллӣ дида метавонему халос. Вале бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик бо сафарбар гардидани мутахассисони варзида ба китбхонаҳои навоҳии кишвар ин навъи ноширӣ (манзур варақаи изографӣ) ҷамъоварӣ гардида, ба фонди нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллӣ интиқол меёбанд.

Ба боварӣ метавон гуфт, ки ин намуди фонд дар китобхонаҳои шаҳру ноҳия ва вилоятии кишвар маҳфузанд ва мо бим аз он дорем, ки бо шароити номусоиди нигоҳдорӣ дар баъзе аз китобхонаҳои кишварт онҳо оҳиста-оҳиста аз миён мераванд ва як махзани тиллоии соҳавӣ зарари калон мебинад. Бинобар ин, тамоми кушиш ва талоше, ки имрўзҳо аз ҷониби мо ба харҷ дода мешавад, он аст, ки ин гуна манбаъҳо ва навиштаҳо пурра ҷамъоварӣ шаванд.

Маврид ба таъкид аст, ки таҳқиқу баррасӣ ва таҳлили фонди шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аз асоситарин пажўҳиш дар соҳаи китобу китобдорӣ, махсусан бахше аз китобхонашиносӣ дар илми соҳавӣ бояд буда бошад. Чунки ҳангоми омўзиш ва дастрасии фонди депозитарӣ мо ба адабиёту манбаъҳое мутаваҷҷеҳ мешавем, ки барои илмҳои гуногуни ҷомеа ва муҳаққиқону коршиносон хеле арзши баланд доранд ва ба корҳои илмии ишон кумак мекунанд.

Сониян, дар боби навиштаҳои гузашта борҳо ишора намудаву бо далелҳои муътамад дарҷ намудем, ки то имрўз дар тамоми давлатҳои пешрафта фонди депозитарӣ на шуъба дар сохтори китобхонаҳо, балки худ чун китобхонаи мустақил амал мекунанд. Ин китобхонаҳо маъмулан  бо гирдоварии нодиртарин китобҳо машғуланд, абёти камистифодаро гирд меоранд ва пешкаши хонандагону мутолиин мекунанд. Мутаассифона, ин мавзўъ дар илми китобдории муосири тоҷик ба таври муфассал ва васеъ омўхта нашудааст, усули нигоҳдории фонди мазкур дар заминаи кадом равишҳои нигаҳдории бойгонӣ роҳандозӣ шудааст, ҳоло мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор нагирифтааст.

Нусратуллозода Идигул – сардори шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ.