Васфи Сада дар ашъори арабу аҷам

Ҳамон гунае ки ҷашни Наврўз дар осори шоирону адибони арабу аҷам инъикос ёфтааст, оҳанги Сада низ дар осори файласуфон ва шоирону адибони гузаштаи мо аз қабили Абурайҳони Берунӣ, Байҳақӣ ва Фирдавсиву Хоқонӣ, Манучеҳриву Анварӣ, Умари Хайём ва дигарон ривоҷи зиёде дорад.  Ҳаким Фирдавсӣ ҷашни Садаро ба замони подшоҳии Ҳушанг нисбат медиҳад ва Абурайҳони Берунӣ бошад ба замони Фаридун нисбат додааст. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои дигар расмӣ шудани ҷашни Сада ба замони Ардашери Бобакон муқаррар мешавад, аммо ба таври куллӣ дар ҳеҷ яке аз сарчашмаҳои таърихӣ ба чигунагии шеваи ҷашн ишора нашудааст.

Ҷашни Сада яке аз се ҷашнҳои куҳантарин ва бузургтарини бостонии мардуми эронитабор, ба вижа аҷдодони тоҷик ба шумор рафта, ба даҳуми баҳманмоҳ (ҳафтаи аввали моҳи феврал) рост меояд. Мутаассифона, дар садсолаҳои охир ҷашни куҳанбунёди Сада тира гашта, гармиву равшании худро то андозае аз даст дода, рӯ ба нобудӣ ниҳода буд. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни муқаддаси ниёгон яке аз ҷашнҳои расмии миллӣ шинохта шуда, барои зинда гардонидан ва таҷлили бошукўҳ аз он, лоиҳаи тағйироту иловаҳо оид ба «Қонун дар бораи рўзҳои ид» ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки дар он рӯзи 30-юми январ ҳамчун ҷашни Сада пешбинӣ гардидааст.

Дар байни донишмандон оид ба пайдоиш ва таърихи ҷашни Сада андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Адабиётшиноси тоҷик Равшан Раҳмонӣ ба ин назар аст, ки таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрўз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.

Ҳамчунин шоир, файласуф ва ҳаким Умари Хайём пайдоиши ҷашни Садаро ба замони Афредун нисбат дода, дар «Наврўзнома» чунин зикр намудааст: «Афредун ҳамон рўз, ки Заҳҳок бигирифт ҷашни Сада барниҳод ва мардумон ки аз ҷабру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рўзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрўз ойини он подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».

  Таърихнигор ва шарқшиноси англис Петер Кристенсен бошад ҷашни Садаро ба шоҳони гуногун нисбат додаст. Аз ҷумла, ў мегўяд: Ин идро гоҳе ба Ҳушанг, аввалин подшоҳи силсилаи достони пешдодӣ ва гоҳе ба Бевараспи золим ё Доҳок (Заҳҳок) нисбат додаанд, ки инсони аждаҳодўш буд ва ба дасти Шоҳ Фаридун асир шуд.

Гурўҳи дигар пайдоиши ин  ҷашнро ба Афросиёб нисбат дода, гуфтаанд, ки дар замони подшоҳии Афросиёб, бо ҳамлаи ў ба сарзамини Бобул Диқ ибни Таҳмосб, ки омили харобӣ ва табоҳии Бобул буд, аз ин сарзамин берун ронда шуд ва ин масъала боиси ҷашну шодии эрониён ва пайдоиши ҷашни Сада ва ба ҳамин сабаб мардум онро ба унвони иди саввум ба дунболи идҳои Наврўз ва Меҳргон қарор додаанд.

Чун ҳадафи ин пешгуфтор шарҳи муфассали таърих ва пайдоиши ҷашни Сада нест, бо тазаккури ҳамин нукта иктифо меварзем, ки дар сарчашмаҳои то ба дасти мо омада расида, замони дақиқи ин ҷашн зикр нагардидааст. Аз он ҷо ки мавзӯи мақолаи мо васфи Сада дар ашъори донишмандону адибон ва шоирони форсу тоҷик ва араб аст, перомуни ҳамин масъала таваққуф мекунем.

Ҳамон гунае ки ҷашни Наврўз дар осори шоирону адибони арабу аҷам инъикос ёфтааст, оҳанги Сада низ дар осори файласуфон ва шоирону адибони гузаштаи мо аз қабили Абурайҳони Берунӣ, Байҳақӣ ва Фирдавсиву Хоқонӣ, Манучеҳриву Анварӣ, Умари Хайём ва дигарон ривоҷи зиёде дорад.

Ҳаким Фирдавсӣ ҷашни Садаро ба замони подшоҳии Ҳушанг нисбат медиҳад ва Абурайҳони Берунӣ бошад ба замони Фаридун нисбат додааст. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои дигар расмӣ шудани ҷашни Сада ба замони Ардашери Бобакон муқаррар мешавад, аммо ба таври куллӣ дар ҳеҷ яке аз сарчашмаҳои таърихӣ ба чигунагии шеваи ҷашн ишора нашудааст.

Ҳаким Фирдавсӣ ҳангоми ҳамлаи арабҳо ба Эрон, дар баробари таассуб доштан аз он ки «Эрон куноми палангону шерон мешавад», дареғу дард дошт, ки ҷашни Наврўз ва Сада тира хоҳанд гашт. Чуноне, ки мегўяд:

    Аз ин зоғсорони беобу ранг,

    На ҳушу на дониш, на ному на нанг.

    Ҳам оташ бимирад ба оташкада,

   Шавад тира Наврўзу ҷашни Сада.

Ҳамчунин дигар шоирон дар васфи Сада бо лаҳни зебову дилошўбе сароидаанд. Бо овардани ин ду намуна аз ашъори Амир Муъизӣ ва Хоқонӣ чун ду гуле аз гулзори бекарон иктифо мекунем:

Фархунда кард Хусрави Машриқ ба фарри ту,

Наврўзи фарруху садаву меҳргони хеш.

 

Он шаб, ки шаби Сада бувад дар кўят,

Оташи дили ман боду чалипомўят.

Чуноне дар боло зикр рафт бо вуҷуди ин ки олимону удабои форсу тоҷик  барои равнақ ва шукуфоии ҷашни Сада дар осорашон кӯшишҳои зиёд кардаанд, шоирони порсигў ва тозисарои даврони фармонравоии Аббосиён (749-849) аз қабили Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ, Мутарз, Ибни Ҳаҷҷоҷ, Ибни Набота, Абулҳасан Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ас-Саломӣ ва чанд тани дигар низ дар васфи ҷашни Сада ва оташафрӯзӣ дар он сурўдаҳое доранд.

Ҳамон тавре ки қайд гардид, дар ҷашну шодии ин ид мардум ва подшоҳон аз мусиқӣ, рақс ва шеърсароӣ баҳраманд мешуданд ва иди Сада низ ба монанди иди Наврўз ва Меҳргон ин фурсатро барои шоирон фароҳам мекард, ки ба баҳонаи ид ва ба тамъи инъоми бузургон мадҳсароӣ кунанд ва гурўҳе аз шоирон низ ҷилваҳои оташфурўзии ин шабро, ки ғолибан бар рўйи теппаҳо ва кўҳҳо афрўхта мешуд, васф мекарданд. Аз ҷумла, Мутарз дар васфи ҷашни Сада, ки аз ҷониби Маликшоҳи Салҷуқӣ дар Бағдод барпо гардид ва боиси хушдилӣ ва хушҳолии мардум ва шоирон гардида буд, дар қасидае бо чунин мазмун гуфтааст: «Ҳар оташе, ки бар ошиқон шуълавар аст, аз оташи қалбам ё аз оташи шаби иди Сада аст. Оташе, ки ба сабаби он торикӣ равшан шуд ва дурахши субҳдам ва дар ин шаб ба иди Сада ва оташи фурўзони ин шаб муштоқ шуд. Хуршед дар ин шаб бо моҳи шаби чаҳордаҳ дидор кард, дар ҳоле, ки пас аз хашму ғазаб ва андўҳ бо ситорагон дар сулҳ ва оромиш буданд».

Аз муҳтавои қасида бар меояд, ки шоир оташи ишқи ошиқонро бархоста, аз оташи қалбаш ё оташи шаби Сада медонад. Ў бо баён ва лаҳни зебо дурахши субҳгоҳонро дар канори оташи Сада қарор дода, азамат ва шуълаҳои оташи ин шабро ба тасвир кашидааст.

Ибни Ҳаҷҷоҷ низ дар васфи ҷашни Сада ва васфи Даҷла қасидае эҷод кардааст, ки мазмуни он чунин аст: «Оташи ҷашни Сада дар осмон забони суханварӣ дорад, ки аз нўри рўшноии субҳ сухан мегўяд. Ҳавову ҷавози ин оташ ҳаммонанди ахгар шуда ва наздик аст аз ин оташ ситорагон бисузанд. Рўдхонаи Даҷла бо ҳазор қаиқ ва ҳазор шуълаи оташи бузург барафрохтааст. Ва ба ҳамин хотир оби Даҷла доғ шуда, фаввора зада, садо медиҳад».

Шоир зимни мадҳу ситоиши ҷашни Сада ва рўдхонаи Даҷла, забонаҳои оташи дар осмонро монанди забоне медонад, ки аз нўри субҳгоҳон сухан мегўяд. Дар ин шаб шуълаҳои оташ он қадар баланд афрўхта шудаанд, ки аз нигоҳи шоир наздик аст ситорагони осмонро бисӯзонад. Ин матлаб баёнгари оташафрўзии азими ин шаб аст. Ў бо лаҳни зебо баргузории ҷашну шодӣ бар рўйи Даҷла ва  барафрўхтани оташ дар онро ишора мекунад. Бо сабаби ин ки дар шаҳри Бағдод аҷдодони гуногун сукунат доштанд, шоир бо гармӣ истиқбол намудани мардум аз ин ҷашнро дар қасидаи худ хотиррасон намудааст.

Абунасри Абдулазиз машҳур ба Ибни Набота аз шоирони даврони Оли Бўя, дар қасидае, ки барои Азздудавла эҷод намудааст, аз оташафрўзии ҷашни Сада дар зимистон чунин баён кардааст: «Ба ҷонам савганд, Азздудавлаи баландҳиммат ва бахшанда дар сарзаминаш оташе барафрохта. Дар ҳоле ки машҳур шуд ва рўшноии фаҷр низ ба думболаш ҳамлавар шудааст. Ҳангоми афрўхтани ин оташ ситорагони дурахшон пинҳон мешаванд ва рўзҳои моҳҳо бар шабҳо ҳасад меварзанд. Шаби Сада шаби дурахшонӣ дар ҳар зимистон аст, ки акнун бо кушодарўйӣ гардани рўзгорро раҳо месозад».

 Шоир дар қасидаи хеш барафрўхтани оташ дар шаби зимистонӣ аз иди Садаро чунон азиму бузург васф мекунад, ки бо рўшноии оташ дурахши ситорагон нопадид мешавад ва рўзҳо ба рўшноии ин шаб ҳасад меварзанд.

Абдулҳасан Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ас-Саломӣ низ дар васфи ҷашни Сада ва одоби хушгузаронии он чунин мегўяд: «Ҳамвора муштоқи оташе ҳастам, ки бар эшон барафрўхта шудааст, то ҷойе ки гўйи пиндоштам азоби оташ ширин шудааст. Дуд бо сиёҳии гудохтаҳояш боло меравад, дар ҳоле ки ниқоби саҳроро дар он пора карда, ба ғанимат бурдааст. Анбариро омехта ба мушк карда, гулнореро ба гардан овехта, ба тилло даст ёфтааст. Нур бо хушҳолӣ дар атрофи оташ бозӣ мекунад ва шароб дар шонаҳои шуълавари оташ монанди раъд ваҳшат зада, меғўрад».

Аббоси Урхасӣ шоири дарбори Сомониён (875-999) дар маросиме, ки ба муносибати сиву якумин Сада баргузор шуда буд, дар қасидаи хеш хитоб ба Амир Наср ибни Аҳмад бо ибораи форсӣ ин шабро ба вай табрик мегўяд ва дар оғози он месарояд:

                      Меҳтаро бор Худоё малики Бағдод,

                     Садаи сиву якум бар ту муборак бод.

 Ин намунаҳо аз маҷмўаи ашъоре аст, ки шоирон дар муносибати иди Сада ба тасвир кашидани шукўҳи шаҳомати оташафрўзии он шаби Сада ҳунарнамоӣ кардаанд. Мо намунае аз ин ашъорро, ки дар матнҳои таърихӣ ва адабии пешиниён ба таври пароканда дарҷ гардидаанд, гирд оварда, пешкаши хонанда мегардонем.

Таманно дорем, ки дари баҳсу таҳқиқи ин мавзӯъ дар адабиёти тоҷик боз гардад ва арзиши адабию бадеии онро барои хонандаи имрӯза ва эҷодкорони оянда равшан намоянд.

  Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,