Ватани Зардушт куҷо буд? Бо руҷуъ ба “Чеҳраҳои мондагор”-и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ЗардуштИмрўз муҳақиқон минтақаи Бохтарро, ки аз рўи ривояти суннатии дини зардуштӣ маркази мазҳабии дини маздаясно ба шумор меравад, бо дастовардҳои имрўзаи авестошиносӣ муқоиса карда, ҳоло ин маҳалро иқоматгоҳи муваққатии қабилаҳои эронӣ дар сари роҳи онҳо ба ватани таърихиашон медонанд.

Гузашта аз ин, далелҳои забоншиносӣ, ки дар исботи масъала мақоми муҳим доранд, номувофиқатии забонҳои авестоӣ ва забони бохтарии қадимро ифшо намудааст.

Дар пешгуфтори «Авесто дар тарҷумаҳои русӣ (1861-1996)» дар ин бора чунин навишта шудааст: «Масъалаи нақши Бохтар дар ташаккул ва марҳилаи ибтидоии инкишофи зардуштия бисёр муҳим аст. Замоне як гурўҳ олимон лаҳҷаи бохтариро авестоӣ пиндошта, ин мамлакатро маҳди ватани Зардушт ва зардуштия дидан мехостанд. Ҳоло зоҳиран, аз кўшишҳои тавъам донистани забони «Авесто» ва забони бохтарӣ бояд сарфи назар карда шавад. Осори забони бохтарии тоза бадастомада, сарфи назар аз он ки ба замони дуртаре (асри XI-и мелодӣ) марбут аст, нишон медиҳад, ки забони бохтарии куҳан ҳанўз дар ҷараёни ташаккули худ нисбат ба авестоӣ ва забони умумии эронӣ бо роҳи дигаре рушд мекардааст»

Аз ин рў, донишманди олмонӣ Шаедер маншаи Зардуштро дар шимолу шарқии Эроншаҳри бостон, яъне Туркистони шарқӣ ва мнтақаи атрофи кўли Арал медонад. Вай мўътақид аст, ки Зардушт ҳеҷ гоҳ ба сарзамини кунунии Эрон, сарзамини Озарбойҷон ва ҳатто ба Афғонистон қадам нагузошта, ҳамаи ривоятҳои мавҷуда мазҳабӣ мебошанд, ки баъдан мураттаб гардидаанд. Ба назари Нюберг-донишманди шведӣ, Зардушт дар ибтидо дар соҳили рўди Сайҳун (Сир) зиндагӣ кардааст. Чун дини ўро дар ватанаш напазируфтанд, вай аз он ҷо гурехта, ҷониби дарёи Ҷайҳун (Омў) муроҷиат кардааст. Оҳиста- оҳиста дини ў то ба шаҳи Рай расида, он ба яке аз марказҳои мазҳабии Зардушт мубаддал гардидааст. Ба фикри ў, дар он замон дар тамоми Эроншаҳри бостон панҷ раҳбар ё сарвар вуҷуд доштааст: нманапаити сарвари хона, виспаити– сарвари авлод, зантупаити– сарвари қабила, даҳюпаити– сарвари вилоят ё мамлакат ва манупаити– сарвари рўҳонӣ ё мазҳабӣ.

Алтҳейм, Хумбах, Миллз, профессор Лентс зодгоҳи Зардуштро дар бахшҳои шимоли шарқии Эроншаҳри бостон, бахусус, Бохтар, Суғд ва Туркистони шарқӣ ҳисоб кардаанд.

Артур Кристенсен, ки «Готҳо» – таронаҳои Зардуштро мавриди мутолиаи амиқ қарор дода, бо таҳқиқоти замонааш мутобиқ гардондааст, дар ин бобат чунин навиштааст: «Аз ҷиҳати иқтисодӣ зоҳиран миллати «Готҳо» кўчнишини зореъ буд Дар он ҷо як ҳолати мутағайири иқтисодӣ мушоҳида мешавад, ки хоси Осиёи дохилӣ ва ҳамчунин сарзаминҳои мухталифи эрониёни даврони баъд аст. Дар ин ҷо қабила дорои масокини зимистонӣ ва муайяне буд, ки ба  наҳви ибтидоӣ дар он ба зироат иштиғол дошт ва аз селобҳо ё рўдхонаҳо барои обёрии арозии худ истифода мекард. Тобистонҳо ин қабила шуруъ ба муроҷиат ба чарогоҳҳо менамуд, ки маъмулан дар навоҳии муртафеъ ва дар кўҳистонҳо қарор дошт».

Донишманд соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми  «Готҳо»-ро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар охир  чунин менависад: «Бо таваҷҷуҳ би ин муқаддамот, мавҷуд набудани ягон нишонаи осори тамаддуни Осиёи Улё (Осиёи ғарбӣ) дар «Готҳо»,моро бар он медорад, ки сарзамини аслии кеши зардуштиро тақрибан дар шимол ё дар машриқи заминҳое тасаввур кунем, ки дар аҳди солифа (гузашта) маскани қабоили ориёӣ буда ва осори кўчнишинии мақрун (наздик) ба зироат дар он мушоида мешудааст. Қабоили зореъ (кишоварз), хусусан дар доманаҳои ҷибол (кӯҳҳо) ё дар шуаби арозии кўҳистони зиндагӣ мекарданд ва бинобар ин метавон қабоили вобаста ба тамаддуни  «Готҳо»- ро сокини Суғд ё Фарғона ё Балх ва ба заҳмат Хоразм тасаввур кард».

****….****….****

Як порае иқтибос кардем аз китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 2016 чоп шудааст. Бахши интихобшуда аз боби “Зардушт. Паёмбари ойини ростин”-и ҳамин китоб буд, ки умедворем хоҳишмандон онро пурра мутолиа хоҳанд кард.

Шакли комили электронии китоб ин ҷост:  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: “ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР”  https://kosht.tj/wp-content/uploads/2022/07/%D0%A7%D0%B5%D2%B3%D1%80%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%B8_%D0%BC%D0%BE%D0%BD%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D0%BE%D1%80_%D0%AD%D0%BC%D0%BE%D0%BC%D0%B0%D0%BB%D3%A3_%D0%A0%D0%B0%D2%B3%D0%BC%D0%BE%D0%BD.pdf

Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
мутахассиси
 пешбари
Медиатекаи
 Президенти
Ҷумҳурии
 Тоҷикистон.