Ватани Зардушт ва зуҳури Паямбари оини ростин
Аслан, оид ба макони валодат, ному насаб ва маҳалли сукунати Зардушт то овони зуҳури паямбарӣ, баҳсҳои доманадоре сурат гирифтаанд. Аксари авестошиносону донандагони хати авестоӣ номашро Зардушт – писари Пурушасп аз авлоди Спитамониҳо хонда, ӯро бошандаи Бохтар шумурдаанд. Қисме аз муҳақиқон ватанашро Хоразм хондаанд ва чанде аз олимон макони валодати ӯро ба Озарбойҷону Роғи Мод (Райи Эрон) нисбат додаанд. Ин баҳс айнан ба макони пайдоиш ва интишори китоби муқаддаси “Авесто” низ мансуб аст, ки то ҷое ба макони валодати Зардушт иртибот дорад. Яъне он ҷое, ки Зардушт таваллуд шудаву ба камол расида, таълимоташро густариш додааст, хоҳу нохоҳ ватани пайдоиши “Авесто” ва паҳншавии кеши зардуштӣ дониста мешавад.
Ҳатто Абурайҳони Берунӣ Зардуштро аз Озарбойҷон пиндошта, дар “Осор –ул –боқия” чунин нигоштааст. “Сипас, Зардушт, писари сафеди Тумон зуҳур кард. Ва ӯ аз мардуми Озарбойҷон буд ва аз тухми Манучеҳр ва дар шумораи аъёну ашрофи хонаводаҳои муқон (муғон). Зуҳури ӯ дар соли сиюм аз подшоҳии Гуштосп буд. Ва ӯ қасабе пӯшида буд, ки пешу ақиб чок дошт. Ва бар худ зунноре аз лиф баста ва намаде пурнақш дар бар дошт ва коғазе куҳна бо худ дошт, ки бар синаи хеш гузошта буд”.
Албатта, домани илм фарох аст ва ҳар кас ба таври худ фарзу тахмин мезанад. Вале далелҳои таърихӣ ва ахбори сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки воқеият ранги дигар дорад. Мувофиқи маълумоти муаррихи Юнони қадим Ктесий, ки солҳои 416-399 то милод дар дарбори подшоҳи ҳахоманишӣ Ардашери II беш аз 17 сол табиби дарбор буд ва ба китобхонаи подшоҳию маъхазҳои таърихӣ ошноӣ дошт, зардушт аз аҳли Бохтар будааст. Ва ҳеҷ наметавон пиндошт, ки Ктесий дар дарбори шоҳони номии Эрон зиставу китобе бо номи “Таърихи Форс” навишта, макони зиндагии Зардуштро ба Эрон не, балки дидаву дониста ба Бохтар нисбат дода бошад. Ин далел аз ҷониби академик Б. Ғафуров низ дастгирӣ шудааст: “Ривояти хеле қадима мавҷуд буд, ки тибқи он Зардушт гӯё дар Бохтар зистааст. Ин ривоят дар асари муаллифи юнонӣ Ктесий (охири асри V–ғози асри IV пеш аз милод) ифода ёфтааст”.
Далели дуюме, ки аз аҳли Бохтар будани Зардуштро тақвият медиҳад, номи падару модар, хешу табор, дӯстону ҳаммаслакон ва душманони ӯ мебошанд, ки дар “Ясно” ва дигар қисматҳои “Авесто” зикр шудаанд. Номи падари Зардушт, мувофиқи маълумоти “Авесто”, дар шакли Пурушаспа омада, “чаҳорумин шахсе буд, ки хаомаро фишурда аз он нӯшокии муқаддас ҳосил кардааст” ( АЗ “ Ясно”-и 3 ).
Дар китоби “Дабистони мазоҳиб” низ насаби Зардушт чунин омадааст: “Гӯянд дар он рӯзгло марде буд Пурушасп бинни Тапираспи Фариддуннажод, ҷуфти ӯро Дуғдуя хондандӣ, ки он ҳам афифаи(зани пок) аз тухмаи Фаридун буд. Эзиди мутаъол ин ду танро садафи гавҳари Зароташт (Зардушт) сохт”.
Ҳамчунин дар “Ясно”, “Готҳо” ва дигар пораҳои “Авесто” номи чорумин ниёи Зардушт–Ҳаечатоспа, (“Ясно”, 46, банди 15), нуҳумин ниёи ӯ-Спитамон (“Ясно”,13, банди 144), номи авлодаш Спитамониён (“Ясно”, 46, банди 15), номи пайравони Гуштосп, Ҷомосп, Фарашуштра, Фриёни Тӯронӣ ва дигарон зикр шудаанд. Бар иловаи ин аз баъзе муноҷоту ниёишҳои “Авесто” бармеояд, ки Зардушт Ҳува ном духтареро ба занӣ гирифтааст, ки он хоҳар ё духтари Фарашуштра ном вазири Гуштоспшоҳ будааст. Зардушт соҳиби се писар (Иствастра, Урвататнара, Ҳваречитра) ва се духтар (Френӣ, Тритӣ, Поуручиста) будааст. Яке аз духтаронаш – Поурчиста ба Ҷомосп ном донишманде ба шавҳар баромадааст. Мадйуманҳа – писари амаки Зардушт аз нахустин пайравони таълимоти ӯ буд.
Зикри номҳо бо нисбаи “осп”, ки хоси номгузории бохтариён буда, ғолибан дар сарчашмаҳои таърихии мансуби марзҳои Бохтар вомехӯрад, дар насаби Зардушт (агар Тапироспро ба сабаби ахбори асри XVII буданаш нодида гирем, номи ниёи чоруми он – Ҳаеҷатоспа дар “Авесто” омадааст) низ дучор меояд. Ҳатто ному нисбаи подшоҳони сулолаи Каёниён, ки шаҳри Балх ва давлати Бохтарро бунёд гузоштаанд (Луҳоросп, Гуштосп), дар ҳамин шакл ифода шудаанд. Аз ин лиҳоз дар номи ниёгони пешинаи Зардушт омадани нисбаи “осп” ва дар номи худи ӯ омадани нисбаи “уштра” гувоҳӣ медиҳад, ки худи Зардушт ё ниёгони ӯ низ аҳли Бохтар будаанд.
Далели сеюме, ки ба аҳли Бохтар мансуб будани на танҳо Зардушт, балки китоби муқаддаси “Авесто”- ро тасдиқ мекунад, номи марзҳои ҷуғрофӣ, рӯду дарёҳо, кишвару мамлакатҳо, шаҳру шаҳристонҳо мебошад, ки бо ягон муносибат дар ин ё он қисмати “Авесто” омадаанд. Масалан, дар фаргард (боб) –и 1- уми “Видевдат” (бадтар шакли “Вандидод”-ро гирифтааст), аз 16 кишвари офаридаи Аҳурамаздо сухан меравад, ки онҳо макони ҳаёти хушбахтона ва қаламрави ватани тоифаҳои ориёӣ ба шумор мерафтанд….
Идомаи ин пажӯҳиши ҷолибу шавқоварро метавонед аз ҷилди аввали китоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” бихонед.
Таҳияи Марзия Зардодхонова,