Вазъ ва дурнамои хидматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳои Тоҷикистон
21-уми августи соли 2025 зери унвони “Вазъ ва дурнамои хидматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳои Тоҷикистон” бо ибтикори шуъбаи хидматрасонӣ ба истифодабарандагони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд доир гардид.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода мизи гирдро ҳусни оғоз бахшида, доир ба сатҳ ва назокати кор бо хонандагон зимни фаъолияти хидматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳои Тоҷикистон ибрози назар намуд ва аз масъулону кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки нисбат ба касби хеш содиқ бошанд. Баҳри густариш бахшидани сатҳи маънавиёти ҷомеа, хусусан насли наврасу ҷавон бо қалбу нияти нек дар ҳаёти минбаъдаи онҳо нақши созанда гузоранд.
Дар мизи гирд номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муҳаррири маҷаллаи илмии «Паёми Китобхонаи миллӣ» Шариф Комилзода, муовини Директори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳирҷон Холиқов ва муовини директори Китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёдгорбек Бердизода ширкат ва суханронӣ намуданд.
Муҳаррири маҷаллаи илмии «Паёми Китобхонаи миллӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Шариф Комилзода доир ба мавзуи «Вазъи хизматрасонии китобдорӣ-библиографӣ дар китобхонаҳои деҳот» суханронӣ намуд.
Ӯ аз ҷумла гуфт дар даврони истиқлол дар радифи дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба рушду нумўи соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Дар ин самт аз ҷониби давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Шариф Комилзода барои тақвияти гуфтаҳояш аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ва «Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» мисол овард.
Таъсиси мағозаҳои китобфурўшӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баргузории фестивалу озмунҳо доир ба соҳаи китобдорӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, таҷлили ҳамасолаи Рўзи китоб, сохтмони биноҳои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи ба номи Садриддин Айнии минтақаи Кўлоб, Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин, Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода, Китобхонаи марказии ноҳияи Ҳисор аз ҷумлаи тадбирҳои муҳиму зарурӣ ва саривақтии ҳукумати кишвар мебошанд, афзуд дар идомаи суҳбаташ Шариф Комилзода.
Дар охир ӯ барои пешрафти соҳаи китобдорӣ чанд пешниҳоди ҷолиб ироа намуд:
таҳияи барномаи давлатии “Рушди китобхонаҳои деҳот дар Тоҷикистон барои солҳои 2027-2036”;
– бунёди китобхонаҳои нав бо дарназардошти маҳалҳои аҳолинишин ва дастрасии аҳолӣ ба онҳо;
– таъмини китобхонаҳо бо биноҳои мувофиқ ва ҷавобгўи талаботи меъёрҳои ҳифзу нигоҳдории фонд;
– таҳкими заминаи моддиву техникии китобхонаҳо ва таҷҳизонидани онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
– мукаммал намудани захираи нашрҳои маълумотӣ-библиографии китобхонаҳо ва такмили истифодаи низоми феҳристу картотекаҳо дар раванди хизматрасонӣ;
– баргузории таҳқиқотҳои сотсиологӣ чиҳати омўзиши фонди китобхонаҳои деҳот, вежагиҳои майлу рағбати китобхонӣ ва сатҳу сифати хониш дар байни гурўҳҳои гуногуни хонандагон;
– зиёд намудани теъдоди донишҷўён дар макотиби миёнаи махсус ва олии китобдорӣ ва ифтитоҳи бахшу шуъбаҳои нави китобдорӣ дар сохтори донишгоҳҳову донишкадаҳои олии кишвар.
Муовини директори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳирҷон Холиқов доир ба самтҳои фаъолияти кори китобхонаҳо ва раванди истифодабарии технологияи муосири иттилоотӣ, муҳимияти фаъолияти кори китобхонаҳо суҳбат намуд.
Сипас, муовини директори Китобхонаи илмии ба номи И. Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёдгорбек Бердизода доир ба «Масъалаи рушди хидматрасонии китобдорӣ дар Тоҷикистон» ибрози ақида намуд. Вай ҳамчунин дар мавриди кор бо хонандагони китобхонаҳои илмӣ, мушкилот ва норасоии технологияи муосири иттилоотӣ ва силсила китобҳои зарурӣ, барои аъзои китобхонаи илмии АМИТ, ки дастрас нестанд, низ сухан ба миён овард.
Тавре ӯ зимни суханрониаш дар ин маҳфил иброз дошт, китобхонаҳо ҳамчун маркази асосии нигоҳдорӣ ва интиқоли дониш дар ҷомеа мақоми махсус доранд ва хидматарсонӣ ба хонандагон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад. Дар идома ӯ ба таҳлили назариявии масъала пардохта аз аз се унсури асосии хидматрасонии китобдорӣ ёдовар шуд:
- Дастрасӣ ба захираҳои иттилоотӣ, новобаста аз шакли онҳо (чопӣ ё электронӣ)
- Мутобиқшавӣ ба талаботи хонанда, бо дарназардошти синну сол, сатҳи маърифат ва ҳадафи истифодаи иттилоот
- Самаранокӣ ва сифат, қонеъ намудани ниёзҳои иттилоотӣ бо роҳҳои осон, зуд ва мукаммал.
Муҳим будани мавзуи мизи гирд ва андешаҳои ҷолибу омӯзанда аз ҷониби мутахассисони соҳа далели он аст, ки ҷалби кормандони китобхонаҳо ба курсҳои такмили ихтисос, табодули таҷрибаву дониши соҳа зимни баргузории чунин ҳамоишҳои соҳавӣ зарурӣ ва саривақтӣ хоҳад буд – афзуд муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода дар фарҷоми маҳфил.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа