Вера Расторгуева ва саҳми ӯ дар рушди забоншиносии тоҷик

КитобЗабони тоҷикӣ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ оинаи дурахшони таърихи ин миллат аст. «Забони ноби тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва умри ҷовидони мардуми куҳанбунёди мост, ки дар даврони истиқлолият ва марҳалаи ташаккули давлатдории миллӣ рисолати хешро дар баланд бардоштани нуфузи миллат ва мустаҳкам намудани давлатдорӣ идома медиҳад. Маҳз забони модарии зебои мо буд, ки дар тўли беш аз панҷуним ҳазор сол мардуми моро муттаҳид кард ва онҳоро аз ҳама мусибатҳои овардаи аҷнабиён эмин дошта, ба халқи тоҷик умри ҷовидонӣ бахшид» (Э.Раҳмон. Суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода).

Дар таҳким ва рушди он на танҳо забоншиносони тоҷик, аз қабили С.Айнӣ, Д.Тоҷиев, Б.Ниёзмуҳаммадов, М.Шакурӣ, Ҳ.Каримов, Р.Додхудоев, А.Маниёзов, Р.Ғаффоров, Ш.Рустамов, Ѓ.Ҷӯраев, М.Файзов, Д.Карамшоев, Б.Камолиддинов, Ҳ.Маҷидов, М.Н.Косимова, Д.Саймиддинов, А.Мирзоев, Ф.Зикриёев, С.Холматова, С.Мирзоев ва ғ., балки олимони рус ва хориҷӣ низ ба монанди В.В.Виноградов, М.Н.Боголюбов, В.А.Капранов, В.С. Расторгуева, И.И.Эделман, М.И.Оранский, М.Хромов, Л.Г.Герсенберг, И.И.Стеблин-Каменский, И.И.Зарубин, С.Дж.Арзуманов, С.В.Хушенова ва дигарон саҳми намоёни худро гузоштаанд.

Яке аз шахсиятщои дурахшони ин силсила Вера Сергеевна Расторгуева мебошад. Ин олими барҷаста ва номошно қариб тамоми умри худро ба инкишофи соҳаи диалектологияи илми забоншиносии тоҷик бахшидааст.

В.С Расторгуева соли 1912 дар деҳаи Сторожевские Хутора, губернияи Тамбови Империяи Русия таваллуд шудааст. Олим баъди хатми мактаби миёна, соли 1930 ба заводи «Октябри Сурх»-и Ленинград хамчун коргар дохил шуда, се сол дар он ҷо кор кард. Соли 1933 ба Институти таърих, фалсафа ва забоншиносии Ленинград (LIFLI) дохил шуд, ки соли 1938 бо факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Ленинград муттаҳид шуд. Донишгоҳро бо тахассуси «филолог-эроншинос» хатм карда, ба ҳайси ходими хурди илмӣ ба Пажӯҳишгоҳи забон ва афкори Академияи илмҳои СССР фиристода шуд. Соли 1939 ба аспирантураи институти мазкур дохил шуд. Аммо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои хатми аспирантура имконият надод. Аз аввали муҳосираи Ленинград то баҳори соли 1942 дар корҳои ақибгоҳ машғул  буд. Сипас, дар худи ҳамон соли 1942 ба Тоҷикистон, ба шаҳри Сталинобод (Душанбе) фиристода шуда, ба Комиссариати халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон ба сифати инспектори мактаб дохил мешавад. Ҳамзамон дар факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко дар гурўҳҳои русӣ аз забони тоҷикӣ дарс медод. Соли 1944 В.С. Расторгуева ба Москва омад. Дар он ҷо таҳсили аспирантураро идома дод. Пас аз хатми таҳсил дар мавзӯи «Лаҳҷаи Варзоби забони тоҷикӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Дар солҳои 1945-60 ба сифати дотсент ва аз соли 1953 мудири кафедраи филологияи эронии факултети филология (баъдтар шуъбаи шарқии факултети филологияи Институти забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов ва баъдан Институти мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар ҳайати Донишгоҳи мазкур) ифои вазифа намудааст. Соли 1964 рисолаи докторӣ дифоъ кард. В.С Расторгуева дар системаи Академияи илмҳо тўли 43 сол кор кардааст.

Вера Сергеевна Расторгуева муаллифи зиёда аз 100 асари илмӣ, аз ҷумла 16 китоб ва 13 бахшҳои калони монографӣ дар асарҳои коллективӣ мебошад. Асарҳои ў ҳанўз ҳам аҳаммияти илмии худро гум накардаанд. Вай ба насли забоншиносоне мутааллиқ аст, ки бо талоши онҳо дар кишвари мо мактаби нави эроншиносӣ ба вуҷуд омада, беҳтарин анъанаҳои филология ва шарқшиносии ватаниро идома медиҳад. Олим аз аввалин асосгузорони лаҳҷашиносии муосири тоҷик, созмондиҳанда ва нахустин мудири бахши забонҳои эронии Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия мебошад.

Қариб тамоми осори ин олими бузург барои забоншиносон дастурамали рўйимизӣ мебошанд.  Асарҳои умдаи В.С.Расторгуева «Асосҳои забоншиносии эронӣ», «Грамматикаи муқоисавӣ-таърихии забонҳои эронии ғарбӣ», «Дар бораи устувории низоми морфологии забон», «Забони балуҷ», «Фарҳанги этимологии забонҳои эронӣ», «Очеркҳои диалектологияи тоҷик», «Очеркҳои грамматикаи забони тоҷикӣ», «Маълумоти мухтасари фонетикаи забони тоҷикӣ», «Таҷрибаи таснифоти лаҳҷаҳои тоҷикӣ», «Дар бораи хусусиятҳои лаҳҷаи Варзоби забони тоҷикӣ» ва ғ. аз ҷумлаи китобҳои бунёдӣ ба шумор мераванд.

Солҳои зиёд дар Тоҷикистон, дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст. Вай бевосита дар экспедитсияҳои илмӣ ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оид ба ҷамъоварии маводҳои диалектологияи тоҷик иштирок кардааст.

Яке аз асарҳои мущими В.С.Расторгуева «Очеркҳои диалектологияи тоҷик» мебошад, ки то ба имрўз қимати илмии худро гум накардааст. Ин китоб силсилаи гирдоварӣ ва таълифи луғати диалектологияи тоҷик мебошад. Дар он лаҳҷаҳои қариб ҳамаи шаҳру ноҳияҳои на танҳо Тоҷикистон (Ашт, Варзоб, Конибодом, Ўротеппа, Шаҳристон, Исфара), балки тоҷикони муқими Ўзбекистон (Косонсой, Чуст, Риштон, Сух, Шайдон ва ғайра) таҷаллии худро ёфтаанд. Маводи ин луғатро худи муаллиф ҳангоми экспедитсияҳои илмӣ ҷамъоварӣ кардааст.

Дар луғат тамоми вожаҳои лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ, чи аз ҷиҳати реша ва чи аз рўи алифбо сабт шудаанд. Муаллиф кўшиш ба харҷ додааст, ки маънии калимаҳоро дар забон ҳарчи пурра нишон диҳад. Луғат дар асоси графикаи муосири забони тоҷикӣ сохта шудааст.

Асари дигари олим китоби «Очеркҳои грамматикаи забони тоҷикӣ» ба шумор меравад.

Китоби мазкур ба яке аз категорияҳои грамматикии камомўхташудаи системаи феъли тоҷикӣ, яъне сиғаи шартӣ бахшида шуда, ба сифати асосии мавод забони осори насри муосири тоҷик, инчунин матбуот истифода шудааст.

Тавре дар боло зикр гардид, доираи осори илмии В.С.Расторгуева танҳо бо масъалаҳои забони тоҷикӣ маҳдуд нашуда, масъалаҳои гуногуни забонҳои эрониро низ фаро гирифтааст.

Бузургтарин ва бунёдитарин асари олим дар ин замина китоби «Асосҳои забоншиносии эронӣ» мебошад. Ин китоб монографияи дастаҷамъии панҷҷилда буда, тамоми масъалаҳои эроншиносӣ, аз қабили омўзиши забони эронии бостон то муосирро фаро гирифтааст. Дар он тамоми масъалаҳои забонҳои то ба имрўз омада расидаи эронӣ инъикос гардидаанд.

Дар бораи китобҳои олим метавон беинтиҳо сухан гуфт. Мутаассифона, доираи ин мақола имкон намедиҳад, ки тамоми корҳои илмии ӯро ба риштаи таҳқиқ бигирем. Мо кўшиш намудем, ки осори асоситаринро фаро гирем.

Бо асарҳои дигари В.С.Расторгуева дар Китобхонаи миллӣ ошноӣ пайдо намудан мумкин аст.

В.С Расторгуева барандаи ыоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино, дорандаи ордени Дўстӣ мебошад.

ҲАКИМОВА Раҳима,
сармутахассиси Маркази
“Забони то
ҷикӣ ва омӯзиши
забонҳои хориҷӣ