Вохўрии наврасон бо нависандаи ҷавон дар Китобхонаи миллӣ
Китоби «Рўбоҳбача»-и нависандаи ҷавон Мижгона Халилзода аз чоп баромад ва он дар маҳфили «Дар сўҳбати адиб», ки бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони «Бахористон» баргузор мешавад, барои хонандагони ин шуъба рӯнамоӣ шуд.
Дар суҳбат бо адиби кўдакон ширкаткунандагон доир ба китобу китобхонӣ ва қиссаи тавлиди «Рўбоҳбача» суолу ҷавоб карданд. Нахуст Мижгона Халилзода ба пурсиши наврасон атрофи нависанда шуданаш ҷавоб гуфт.
-Сабаби нависанда шуданам, китоб буд. Дар хонаводаи омўзгор ба дунё омадаам, аз ин рў ҳамеша китоб мехондам. Китоб ҳамроҳам буд. Бачаҳои азиз ба шумо низ мутолиаи китобро тавсия медиҳам.
Мижгона Халилзода зимни вохўрияш бо кўдакону наврасони шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ гуфт, ки аз тамошои мазараҳои зебои кишвар илҳом гирифта, барои хонандагонаш ҳикояву қиссаҳои зебо менависад.
Хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кўдакону наврасон аз рўзгори нависанда низ пурсон шуданд. Аз ҷумла аз ширкати Мижгона Халилзода дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» то навиштаҳои ў ва тавсияҳояш барои китобхонӣ. Зимни таҳлилу баррасии қиссаи «Рўбоҳбача» бачаҳо ба суолҳои бисёршон посухҳо дарёфт намуданд ва барои китоб хондан ва навиштани қиссаву ҳикоя аз ин нависанда маслиҳат гирифтанд.
Мижгона Халилзода пас аз хатми мактаби миёна ба шуъбаи журналистикаи радио ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи М. Турсунзода дохил шуда, соли 2006 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Фаъолияташро аз Радиои Тоҷикистон оғоз намуда, дар телевизиони «Баҳористон» ва «Сафина» идома додааст. Ҳоло мудири шуъбаи фарҳанг ва санъати ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» аст.
«Рўбоҳбача» аввалин китоби Мижгона Халилзода аст, ки соли 2024 бо адади 100 нусха ва бо ду хат: сирилик ва форсӣ нашр шудааст. Ин китоб дар фурўш мавҷуд аст.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.