Вохӯрии намояндагони Донишгоҳи забонҳои хориҷии Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ бо директори Китобхонаи миллӣ

Имрӯз (15.07.2026) дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода бо намояндагони Донишгоҳи забонҳои хориҷии Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ: Саера Кван – профессори кафедраи омӯзиши забони форсӣ ва Чу Дайон – пажӯҳишгари кафедраи омӯзиши забони форсӣ баргузор гашт.

Зимни суҳбат директори Муассиса Лутфия Абдулхолиқзода меҳмононро ба Китобхонаи миллӣ хайрамақдам гуфта, дар мавзӯи забон ва забономӯзӣ сухан кард. Лутфия Абдулхолиқзода афзуд, ки дар Китобхонаи миллӣ Гӯшаи китобҳои Корея мавҷуд буда, хоҳишмандон дар маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои омӯхтан ва азхуд намудани забони куриёӣ фаро гирифта шудаанд.    

Ҳамзамон қайд гардид, ки дар Китобхонаи миллӣ  шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир арзи вуҷуд дошта, дорои зиёда аз 2000 дастнавис мебошад. Бештари ин дастнависҳо чопи сангӣ буда, қадимтарин дастхати Китобхонаи миллӣ  ˗ китоби “Таърихи Табарӣ ”-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ мебошад. Он дар асрҳои XIII-XIV милодӣ бо хатти настаъалиқ китобат шудааст, ки  яке аз нусхаҳои нодир дар фонди шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Муассиса маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бойтарин ганҷинаҳои илмӣ-маънавӣ ва фарҳангӣ–мадании кишвар шинохта мешавад. Ҳар як дастнавис, китобҳои чопи сангию муосир, инчунин рӯзномаву маҷаллаҳо дорои таърихи хоси худ буда, дар ташаккули ҳуввийяти миллӣ ва фарҳангии мо нақши муҳим мебозад.

Ҳайати намояндагони Донишгоҳи забонҳои хориҷии Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ омузгорон ва мутахассисони соҳаи забон ва адабиёти форсӣ, ба вижа эроншиносӣ буда, дар ҷараёни суҳбат бо директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода изҳор доштанд, ки Донишгоҳи забонҳои хориҷии Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои худро бо наздики 100 кишвари ҷаҳон ба роҳ мондааст.

Донишгоҳ бо сифати баланди таълими забонҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ дар ҷаҳон шинохта шуда, донишҷӯёнаш метавонанд дар барномаи мубодилаи академӣ иштирок намуда, як ё ду семестрро дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил намоянд. Зимнан, Донишгоҳи забонҳои хориҷии Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ яке аз донишгоҳҳои нодирест, ки зиёда аз 45 забони хориҷиро таълим медиҳад, аз ҷумла забонҳои Африқо ва Осиёи Марказӣ.

Лозим ба тазаккур аст, ҳадаф аз сафари намояндагони Донишгоҳи забонҳои хориҷии Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани пажӯҳиши илмӣ ва омӯзиши адабиёти марбут ба давраи Сомониён ва ҳамкориҳои судманди дуҷониба мебошад.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ ба ҳамдигар туҳфа тақдим намуданд.

Сипас меҳмонон аз шуъба Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ва инчунин Осорхонаи китобҳои нодири Муассиса дидан намуданд.

Муҳидинова Махфират,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа