Як ҳайат аз Қатар бо сарварии вазири фарҳанги ин кишвар аз Китобхонаи миллӣ дидан кард
Ҳайати Давлати Қатар бо роҳбарии вазири фарҳанги ин кивар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ аз Муассисаи давлтии “Китобхонаи миллиӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Меҳмонон сараввал мусаввараи таърихиро тамошо карданд. Ин мусаввара маҳсули дасти наққоши шинохтаи кишвар Сабзалӣ Шарифзода аст, ки таърихи 5 ҳазорсолаи мардуми тоҷикро қаламкашӣ кардааст. Мусаввир онро муддати 20 соли фаъолияташ ба риштаи тасвир кашида, ба Китобхонаи миллӣ тақдим кардааст ва имрӯз он як рамзи ифтихори Китобхона мебошад.
Баъдан меҳмонон аз осорхонаи китоб, ки он ҷо дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, боздид карданд. Дар осорхонаи китоб зиёда аз 100 нусха дастхатҳои нодир нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз ҳама қадимтарини онҳо ба асрҳои 13-14 тааллуқ доранд.
Ин дастхатҳои нодир “Таърихи Табарӣ”-и Абуҷафъар Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, “Дувалронӣ ва Хизрхон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Девон”-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ ва ғайра мебошанд.
Зимни шиносоии ҳайати фарҳангии Давлати Қатар бо осорхонаҳои Китобхонаи миллӣ ба китобҳо ва маҷмўаҳое рў ба рў шуданд ва бо камоли итминон иброз доштанд, ки китобҳои мазкур дар зоти хеш ягона будаанд.
Ҳамзамон, ҳайати намояндагони Давлати Қатар аз толори китобҳои тозанашри даврони Истиқлол дидан намуданд. Дар ин толор зиёда аз 800 нусха адабиёти нав ба намоиш гузошта шудааст.
Вазири фарҳанги давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар Китоби хотироти меҳмонон назари худро аз ин диду боздид навишт.
Гуфтанист, ки ҳайати меҳмонони Давлати Қатарро дар ин боздид вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳамроҳӣ мекард.
Абдуғаюр Саломов