“Як китоб амали нек”- барои хонандагони хурдсоламон
Асрор санги дар роҳ бударо гирифта, ба канор партофт. Наргис коғази яхмосро гирифта, ба қуттии партоб партофт. Сими барқ аз сутун канда шуда, ба замин афтидааст. «04» занг зад. Асрор роҳгузаронро огоҳ кард.
Асрор ва Наргис сабз шудани чароғаки раҳнаморо мунтазир шуданд.
Афсўс. Ниҳолаке шикастааст. Асрор ва Наргис ниҳолакро бардошта, чойи шикастаро бо коғазширеш печониданд.
Асрор ва Наргис ба марде гуфтанд:
– Амакҷон, бубахшед, банди попўшатон кушода шудааст. Мабодо пешпо хўред…
Ҳикояи бисёр пандомӯзи нависандаи дӯстдоштаи бачаҳо Азизи Азиз дар барномаи навбатии “Фурӯғ” дубора ёдоварӣ ва порчаҳои он нақл карда шуд. Мақсади асосии барномаи мазкур, ки бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳафтае як маротиба баргузор мегардад, он аст, ки кӯдакон ба китобхони завқи бештар пайдо намоянд. Ҳамчунин бояд гуфт барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Телевизиони кӯдакону наврасон Баҳористон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир гардида, ҷараёни он тариқи ин шабакаи телевизионӣ пешкаши бинандагон мегардад.
Ин навбат иштирокдорони маҳфил ҳар яке бо завқ порчаҳои ин китобчаро нақл карда, ба ҳамдигар иҷроиши ин амалҳоро тавсия медоданд. Аъзои ҳакамон дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” тахминан аз ин китобча чи суолҳо пешниҳод мекунад, ширкаткунандагони маҳфил миёни ҳам мубодила мекунанд. Хонандагони аъзои шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон пайваста дар маҳфил ширкат намуда, инчунин ба озмунҳои гуногун омодаги мебинанд.
Хонандагон метавонанд, ҳикояи “Як китоб амали нек”-и Азизи Азизро аз ин суроға мутолиа намоянд.
“ЯК КИТОБ АМАЛИ НЕК” https://kmt.tj/bo-bacha-o-azizi-aziz-yak-kitob-amali-n/