Як китоби дигар дар бораи Иҷлосияи  сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олӣ

Иҷлосияи  сарнавиштсозМаводи конфренсияи байналмилалии илмӣ – назарявӣ бахшида ба рӯзи Иҷлосияи XVl – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Иҷлосия санади тақдирсози миллат”, ки  16-уми ноябри соли 2024 баргузор шуда буд.

Дар ин маҷмуа мақолаҳои олимони ҷавони ҷумҳурӣ ва омӯзгорони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҷамъоварӣ шудаанд. Мақолаҳо дар партави ҳидояту раҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 31-32 – солагии Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гашта, масъалаҳои мухталифи ҳаётии кишварро дар бар мегирад.

Маҳмадёр Раҷабзода – Ректори донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт навиштааст, ки Иҷлосияи XVl – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри нигоҳдошти якпорчагии Тоҷикистон баргузор шуда буд, аз ин нигоҳ, вакилони халқ бо интихобу роҳбарии сарвари нави сиёсии давлат тавонистанд таҳкурсии эҳёи давлати миллиро фароҳам оварданду мавқеи устуворро бар зидди ҳама гуна равандҳои манфӣ ишғол намоянд. Воқеан, рисолати таърихии Иҷлосияи XVl – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он буд, ки дар марҳилаи тақдирсоз вакилону иштирокчиёнро ба як қувваи солиму созанда муттаҳид гардонида, мавқеи устувору арзандаро бар зидди ҳамагуна тамоилҳои зиддимиллӣ анҷом анҷом диҳанд. Ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат ҳадафи асосии Иҷлосия буд, зеро то баргузории Иҷлосия роҳбарияти сиёсии он вақта қудрати идора кардани кишварро аз даст дода буду мамлакат ба маҳалҳою миллат ба қисматҳо тақсим гашта буд ва дар чунин вазъ роҳбари сиёсии тозаинтихоби кишвар тавонист қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид созаду ба эътидол овардани вазъи кишвар мусоидат намояд. Дар Иҷлосияи XVl – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 масъалаи муҳим дар бахши ба эътидол овардани вазъи кишвар мавриди муҳокима қарор гирифта буд.

Иҷлосия бо даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун қабул кард, ки тибқи он кишвар аз шакли идоракунии президентӣ даст кашиду ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯши Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуд ва Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат дониста шуд.

Китоби “Маводи конфренсияи байналмилалии илмӣ – назарявӣ бахшида ба рӯзи Иҷлосияи XVl – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Иҷлосия санади тақдирсози миллат”-ро хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Зебониссо Давлатова