Як китоби дигар дар бораи Роғун
Китоби”Набзи Роғун” соли 2024 бо қарори Шӯрои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба чоп тавсия шудааст.
Дар пешгуфтори китоб доктори илмҳои таърих, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода навиштааст, ки ба шарофати истиқлоли давлативу ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун дар даврони Истиқлол аз нав оғоз шуд. Президенти мамлакат дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ новобаста ба мушкилоти молиявии ҷумҳурӣ мақсад гузоштанд, ки мустақилона сохтмони неругоҳи Роғунро аз сарчашмаҳои молиявии мамлакат роҳандозӣ ва бунёд сохта, мавриди истифод қарор дода шавад. Дар ин росто, бо мақсади ба даст овардани истиқлоли энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ соли 2008 марҳилаи нави сохтмони НБО-и Роғун оғоз гардид.
Ниҳоят, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои мардуми шарифи Тоҷикистон орзуи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҷомаи амал пӯшид. Рӯзи 16 – уми ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик ба сифати санаи хотирмону мондагор нақш баст, зеро дар ин рӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шумораи зиёди меҳмонони дохилию хориҷӣ аввалин агрегати ин кохи азими нуру зиё ба кор дароварда шуд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки «Имрӯз шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар – ба кор оғоз кардани агрегати якуми Роғун ва истеҳсоли барқи аввалини он амалӣ гардид».
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано, ки дар чорабинии ифтитоҳӣ иштирок карда буд, иброз дошт, ки «Ба кор андохтани агрегати аввали лоиҳаи тақдирсоз тамоман давраи нави рушди гидроиндустрии муосирро дар худ таҷассум мекунад»…
Хонандагон китоби “Набзи Роғун”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.