Як китоби нав дар бораи тарбияи сиёсӣ ва психологияи мудирияти ҳарбӣ

Тарбияи сиёсӣКитоби Тарбияи сиёсӣ ва психологияи идоракунии ҳарбӣ”, ки ахиран чоп шудааст, нахустин таҷрибаест, ки дар он тарбияи сиёсӣ ва психологияи идоракунии ҳарбӣ ҳамчун воситаи таълимӣ барои мутахассисони соҳаи корҳои сиёсӣ тарбиявии Қувваҳои Мусаллаҳ, донишҷӯёни муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбароне, ки ба ин масъала сару кор доранд, пешниҳод карда мешавад. Дар китоб мазмуну мундариҷа ва унсурҳои таркибии масъалаҳои асосии методологӣ, назариявӣ ва амалии психологияи идоракунии ҳарбию сиёсӣ дар байни хидматчиёни ҳарбӣ, чун асосҳои сиёсӣ, психологӣ, усулҳои сарварӣ, роҳбарӣ ва ҳокимият, психологияи шахсияти роҳбар ва тобеон, идоракунии низоъ ва дар маҷмуь, ҳолатҳои эмотсионалии кормандон дар рафти фаъолияти касбӣ баррасӣ гардидааст.

Муаллифони китоб Раҷамад Абдураҳмонзода ва Воҳид Мирзоев асари худро бо иқтибос аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумуурӣ” аз 28.12.2023 ва 28.12.2024 оғоз кардаанд. Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд:

Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносӣ дастгирӣ мекунанд.

Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ, ҳамаҷониба дастгирӣ  мекунем ва аз фаъолити онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.

Мо, минбаъд низ, ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.

Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд….

Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди – муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд. Иқтибос аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумуурӣ” аз 28.12.2023 ва 28.12.2024.

Ин китоби таълимӣ барои афсарони ҷавон, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст ва хоҳишмандон онро метавоннад дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.