Як китоби нав дар мавриди нақши афкори педагогии мутафаккирони халқи тоҷик дар ташаккули арзишҳои оиладорӣ

Афкори педагогиКитоби нав. Афкори педагогии мутафаккирони халқи тоҷик ва нақши он дар ташаккули арзишҳои оиладорӣ

Дар монографияи Тағойбек Олимов “Афкори педагогии мутафаккирони халқи тоҷик ва нақши он дар ташаккули арзишҳои оиладорӣ”, ки ахиран чоп шудааст, осори адабию бадеӣ, ахлоқию фалсафӣ ва педагогии мутафаккирони асри ХI-и халқи тоҷик оид ба ташаккули арзишҳои оиладорӣ, консепсияҳои хирад, дониш ва тарбияи инсони комил, таҳқиқоти диссертатсионӣ ва амалии педагогҳо, психологҳо, фарҳангшиносон оид ба оила ва нақши он дар тарбияи насли наврас, ташаккули арзишҳои оиладорӣ, асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  маориф, оила ва арзишҳои оиладорӣ, маводи ВАО ва сомонаҳои интернет, бойгонӣ, ки дорои маълумоти зарурӣ мебошад, инъикос гардидааст.

Натиҷаҳои таҳқиқотро барои омӯзиши минбаъдаи таърихи афкори педагогии ниёгони халқи тоҷик, таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, курсҳои махсус, хрестоматияҳо оид ба маърифати оиладорӣ, ташаккули арзишҳои муосири оиладорӣ, педагогикаи иҷтимоӣ, педагогикаи оилавӣ, сотсиологияи оила ва таърихи педагогика истифода бурдан мумкин аст.

Дар муқаддимаи китоб аз ҷумла омадааст, ки яке аз дурдонаҳои адабиёти Шарқ «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус дар афкори педагогии халқи тоҷик дар радифи ҷолибтарин ва пурарзиштарин асарҳои тарбиявию ахлоқӣ қарор дошта, ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, русӣ, арабӣ, тоторӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума шуда, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Ҳамзамон, асари мазкур дар силсилакитобҳои «Китобхонаи мактаб» мавқеи хосса дошта, чандин маротиба нашр ва дастраси хонандагон гардидааст.

Дар асарҳои муаллифони номбурда дар баробари дигар масъалаҳои тарбиявӣ ва панду ахлоқӣ мавзуи оила, шарту шароити ташкили он, одоби никоҳу оила, зиндагии муштарак ва дигар арзишҳои оиладорӣ -якдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва падару модар, ишқу муҳаббат, саломатии фарзандон, меҳру шафқати падар ва модар нисбат ба фарзанд, ҷойгоҳи илму адаб ва ҳунари фарзандон ва арзиши онҳо барои бунёди оилаи солим аз зумраи масъалаҳои муҳим ва умдае ба шумор мераванд, ки хеле батафсил ва бо шарҳу тавзеҳоти ҳамаҷониба баррасӣ шуда, бисёр нуктаи онҳо имрӯз низ аҳаммияти тарбиявии худро гум накардаанд.

Моҳияти иҷтимоӣ ва ҷавҳари тарбиявию ахлоқии афкори педагогии Унсурулмаолии Кайковус ва Муҳаммад Ғаззолӣ дар он зоҳир мегардад, ки он таҷрибаи бисёрасраи педагогии халқи тоҷикро дар маҷмуи қоидаҳо, меъёрҳои панду ахлоқӣ, дастуру маслиҳатҳо, тавсияҳо оид ба пиндору гуфтор ва рафтор инъикос намуда, аксаран барои тақвияти андеша бо ривоятҳои ҷолиби тарбиявӣ анҷом меёбанд, ки ин баёнгари гуногунҷабҳагӣ, камолоту ғановати фарҳанги педагогии онҳо мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ғояҳои пешқадами педагогӣ, ки аз ҷониби мутафаккирони халқи тоҷики асри ХI, аз ҷумла, Унсурулмаолии Кайковус ва Муҳаммад Ғаззолӣ оид ба масъалаҳои тарбияи оилавӣ, бахусус, ташаккули арзишҳои оиладорӣ коркард шуда, дар тарбияи чандин насли аҳли башар нақши бориз гузоштаанд, ҳанӯз ба таври мушаххас ва мукаммал таҳқиқу баррасӣ нагардидаанд. Зеро муддати тулонӣ педагогикаи давраи шуравӣ бо назардошти характери синфии педагогикаи пролетарӣ ба ҷанбаҳои таърихии таълиму тарбия таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир накард ва ин боиси аз мадди назари муҳаққиқон дур мондани афкори пешқадами педагогии мутафаккирони давраҳои гуногуни таърихи илму адаби тоҷику форс гардид. Бо назардошти андешаҳои мазкур, таърихи ташаккул ва рушди афкори педагогии халқи тоҷик, ҷойгоҳи оила, тарбияи оилавӣ ва ташаккули арзишҳои оиладорӣ дар мероси педагогии мутафаккирони асри ХIІ-и халқи тоҷик ба таҳқиқи ҳамаҷониба ва асосноки илмӣ эҳтиёҷ дорад.

Дар асноди амалкунандаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқии давлатӣ, инчунин, мулоқоту суханрониҳои роҳбарияти воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати омӯзишу баррасии афкори педагогии мутафаккирони халқи тоҷик ва истифодаи оқилонаи ғояҳои пешқадами онҳо дар раванди тарбияи насли наврас пайваста таъкид мегардад.

Хонандагони азиз китоби мазкурро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.