Як китоби тозанашр дар бораи академик Мулло Эркаев
Муаллифи ин монография Раҳматшо Давлатшоев буда, дар он ҳаёт ва фаъолияти илмиву омўзгорӣ ва ташкилию ҷамъиятии академик Мулло Эркаевро дар асоси маводи бойгонӣ, адабиёти илмӣ, хотираҳои дўстон, наздикону пайвандон, ҳамкасбон ва шогирдон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.
Монография барои олимон, аспирантону докторантон, донишҷўён ва доираи васеи хонандагон, ки ба таърихи тоҷикон дар қарни бистум, таърихи маорифи халқи Тоҷикистон, асосан саҳми академик Мулло Эркаев дар инкишофи илм ва маълумоти олии касбии Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, пешниҳод шудааст.
Дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърихи ДМТ Тамара Мунавварова дар пешгуфтораш ба китоб навиштааст, ки муҳимияти монографияи мазкур дар он аст,ки бори нахуст дар таърихнигории ватанӣ дар қолаби илмӣ – таҳқиқотӣ нақши академик Мулло Эркаев дар инкишофи илм ва маълумоти олии касбии Тоҷикистон (солҳои 40 –ум нимаи аввали солҳои 90 – уми асри ХХ) дар асоси маводи зиёди бойгониҳо, адабиёт, матбуоти даврӣ, хотираҳои ҳамкасбону шогирдони М.Эркаев пажӯҳиш сурат гирифтааст. Академик Мулло Эркаев аз зумраи донишмандоне мебошад, ки дар инкишофу пешрафти фаъолияти сиёсию давлатдорӣ ва таърихнигории замони Шуравии тоҷик нақши калон гузошта, номи ў дар қатори барҷастатарин муаррихони Осиёи Марказӣ сабт гардидааст.
Академик Мулло Эркаев тамоми илму дониш, ақлу заковат ва малакаю истеъдоди хешро барои рушду пешрафти таърихнигории тоҷик бахшидааст. Ў барҷастатарин тимсоли ҷавонмардӣ, роскорӣ, ростқавлӣ, қаҳрамонӣ ва ифтихори миллӣ барои ҳар як фарди тоҷик мебошад. Зиндагиномаи ў дарси шуҷоату мардонагӣ, меҳнатдўстӣ, муҳаббат ба касб, садоқат ба миллат – ватан ва ғайра маҳсуб ёфта, барои насли имрўзу оянда,намунаи ибрат хоҳад гардид.
Монографияи мазкур дар асоси сарчашмаҳо ва адабиёти илмӣ навишта шуда, дар он муаллиф тамоми фаъолияти илмиву омўзгории академик Мулло Эркаевро бо фарогирии ибтидои ҳаёт, рафти таҳсил дар Донишкадаи маорифи тоҷикии шаҳри Тошканд (1929), факултети таърихи Донишкадаи давлатии омўзгории ш. Сталинобод бо номи Т.Г.Шевченко (1939, ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ), фаъолияти тарғиботчӣ (1941- 1040) – мудири шуъба, ҷонишини мудири шуъбаи таблиғ ва ташвиқи КМ ХК(б) Тоҷикистон, котиби Кумитаи ҳизбии вилоятҳои Кӯлоб ва Сталинобод мудири кафедраи таърихи ҲКИШ – и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1950-1975 феълан ДМТ) ва профессори кафедраи таърихи ҲКИШ – и Донишкадаи давлатии омўзгории пойтахт ба номи Т.Г.Шевченко (1975-1006), ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.
Дар бобҳои алоҳида муаллиф Р.Х. Давлатшоев саҳми академик М.Эркаевро дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, дар назария ва амалияи касби омўзгорӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси илмии соҳаи илми таърих мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Муаллиф нақши академик М.Эркаевро дар инкишофи илм ва мактаби олии кишвар инъикос намуда, арзиши асарҳои таълифнамудаи олимро дар илми таърихи ватанӣ ва мактаби олӣ ба қадри имкон муқаррар намудааст.
Навоварии илми таҳқиқот дар он зоҳир мегардад, ки муаллифи он бори нахуст дар илми таърихи ватанӣ нақши академик Мулло Эркаевро дар рушди илму маорифи ватанӣ баррасӣ ва мавриди омўзиш қарор додоаст.
Воқеан ҳам, ҳаёту фаъолияти меҳнатии устод Мулло Эркаев як асари бузургро касб менамояд, ки пур аз саҳифаҳои ибратбахш аст. Зеро, омўзиши он чун муаррихи нуктасанҷ ва инсони комил дар тарбияи насли навраси Тоҷикистони соҳибистиқлол метавонад дастурамали хубе гардида, тафаккури тозаву зиндагисозро баҳри рушди имрўзу ояндаи Тоҷикистон бедор намояд ва дар ёди халқи тоҷик, алалхусус, шогирдонаш абадӣ сабт намояд. Чунки эшон кори неку номи некро аз ҳама унвонҳо болотару гиромӣ медонистанд.
Умедворам, ки хонандагони ин китоб аз дирўзу имрўзи миллат огоҳ гашта, бо шахсиятҳои намоёни соҳаи илму маориф шинос шуда, дар пешрафти халқу меҳан ва соҳаи илму маориф ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Китоби Раҳматшо Давлатшоев “Фаъолияти илмиву омӯзгорӣ ва ҷамъиятии академик Мулло Эркаев”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Нигина Қурбонова,
сармутахассиси шуъбаи абонементи
байникитобхонавӣ ва таҳвили
ҳуҷҷатҳои электронӣ