Як маҷмуаи нодири осори Пушкин ба 7,5 миллион рубл фурӯхта шуд

Маҷмуаи ашъори Александр Пушкин, ки ҳанӯз замон дар қайди ҳаёт будани шоири маъруф чоп шуда буд, дар музоядаи “Литфонд” ба маблағи 7,5 миллион рубл фурӯхта шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии “Литфонд” хабар дод.

Дар хабар гуфта шудааст, ки дар ин маҷмуа се шаҳкори шоири шинохта – “Руслан ва Людмила” (1820), “Бандии Қафқоз” (1822) ва “Полтава” (1829) гирд оварда шудаву дар як китоб чоп шудаанд.

Гуфтанист, ки Хонаи музоядаи “Литфонд” соли 2015 аз ҷониби коллексионер Сергей Бурмисторов ташкил шудааст ва ҳадафи он дар музояда фурӯхтани нусхаҳои хатии қадимӣ,соядасти шоирону нависандагони маъруф, асарҳои чопи асрҳои гузашта ва асарҳои наққошии рассомони машҳур мебошад.