Як мақолаи устод Тӯрақул Зеҳнӣ
Бузургони забоншиноси мо ҳамеша барои покии забони модарӣ дар талош буданд ва бо навиштани мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва суҳбатҳо дар радиову телевизион оммаро ба зебову бехато навиштану бехато суҳбат кардан даъват мекарданд. Яке аз ин олимон Тӯрақул Зеҳнӣ-аз ҳамсафони донишманди устод Айнӣ буд. Мақолае, ки интихоб кардем, соли 1973 дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон чоп шуда буд, ки имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст ва он ғалатҳо имрӯз ҳам дар матбуот, радиову телевизион ва забони зиёиёни мо ҷорист. (Мақола бидуни таҳрир чоп мешавад)
ХИШТИ АВВАЛ ГАР НИҲАД МЕЪМОР КАҶ…
Забони модарӣ забонест, ки кӯдак баробари макидани шири модар оҳиста – оҳиста як ҳарфу ду ҳарф аз модар омӯхта, калон мешавад. Забони модарӣ забони ирсии модарист, ки нисбат ба ҳамаи забонҳои дигар дӯстдошта ва муқаддас ба шумор меравад. Бинобар, ин ҳар миллат забони дабӣ дорад, ки ба рӯи таҳкурсии ҳамин забони модарӣ сохта шудааст. Ба иборати дигар, забони адабӣ воҳиди ҳамаи шева ва лаҳҷаҳои як забон аст, ки дорои қувваи ҷозиба буда, шаклҳои пухта ва парвардаи шеваву лаҳҷаҳоро ба худ кашида, ганҷинаи сарвати умумӣ ва марказиро ташкил мекунад.
Паҳнкунандаи ин сарват ҳамон радио, телевизион, рӯзнома, маҷалла, кинову театр махсусан мактаб ба ҳисоб меравад, метавон дарси забони модариро нуқтаи марказии ин омӯзиш донист.
Агар касе, ки забони адабиро аз худ накарда бошад, наметавонад доир ба ягон фан дарс диҳад ва ва мақола, ҳатто аризае иншо намояд. Агар мо як назар ба сафҳаҳои таърих нигарем, мушоҳида хоҳем кард, ки аксари олимон дар гузашта баробари аз худ кардани фанни ихтисосии худ забони адабии худро низ ба таври пухта бояду шояд медонистанд.
Порчаҳои бадеии мансур ва манзуме эҷод мекарданд. Аз ҷумла ҳаким Абуалӣ Сино, Умари Хайём ва Улуғбекро намуна нишон додан кифоя мебошад.
Мутаассифона, агар лаҳзаҳои ғалати муаллими фаннеро бо назари эътироз нагиред, зуд дар ҷавоб мегуянд, ки “мебахшед, мо забончӣ, адабиётчӣ нестем!” Ва ҳол он ки омӯхтану аз худ кардани забони адабӣ хоси шоиру нависанда ва ё муаллими адабиёт ва забон нест. Вазифаи виҷдонӣ ва муқаддаси ҳар як муаллмиу олим аст, ки забони адабиро ба дараҷаи лозим донад. Вагарна дар натиҷаи надонистани забон баъзе аз олимон ва муаллимҳои соҳаи фанҳои дигар дар нутқашон ғалатҳои фоҳиши хандаовар мекунанд. Масалан, як ҳофизи номдорамон калимаи афвро дар як шеъри Камоли Хучандӣ ба шакли вайрони омиёна авф кор мебарад:
Гар бар дари туам, бинигар сарбаландиям,
Эй ман саги ту, авф кун ин худписандиям.
Ё ки як нафар аз олимони соҳаи фан, ки унвони докторӣ дорад, ба ҷои ин ки гӯяд, “ворид шудам” ташриф овардам гуфт. Истеъмоли бемавқеи як ибораи эҳтиромӣ бисёр хандаовар шуд. Ва ҳол он ки ташриф оварданро дар вақте мегӯянд, ки меҳмони мӯҳтарам ва бузурге ба ҷое ворид гардад. Маънои “ташриф” шарофатманд гардондани макон ва мизбон мебошад.
Як нафар муаллими соҳаи математика дар ҷашни арӯсӣ дар нутқаш мегуфт:
- Ман ҷашни хурсандии ин ду арӯсро кушода эълон карда, онҳоро бо ҳаёти нав муборакбод мегӯям.
Дар ин лаҳза ҳатто занони хонашин хандиданд, ки домод ҳам арӯс шуд. Аз худ кардани забони адабӣ ва маҳорати суханронӣ таъсири дилчасп ва мафтункунандае дорад. Агар муаллим ва нотиқ дорои маҳорати нутқи бурро набошад, шогирдон ва ё шунавандагонро шавқу ҳаваси шунидан намонда, хоб зер мекунад. Дар ин маҳал Низомӣ гуфтааст:
Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан,
Чу зар санҷидан, он гаҳ харҷ кардан.
Аз ин рӯ, дар роҳи омӯзиши забон нахустин вазифаи муаллим ва муаллимаҳои синфҳои ибтидоӣ он аст, ки бояд ба кӯдак бо забони адабии умумии сода, равон ва пухта гап зананд, ифодаашон равшан, фаҳмо бошад.
Бисёр дида шудааст, ки аксаран муаллимон бо шеваи маҳаллӣ гуфтугузор мекунанд. Масалан, муаллиме аз районҳои шимолӣ ба мактабҳои районҳои ҷанубӣ ба муаллимӣ таъин мешавад, бо шеваи маҳалли худ ба кӯдакон ифодаи мақсад мекунад.
Махсусан ба мактабҳои ибтидоии пойтахт шаҳри Душанбе ба муаллимаҳо лозим аст, ки ба шогирдони гуногунрайонӣ бо забони умумӣ, сода, равон ва ҳамафаҳм рафтор намоянд. Ҷалолиддин Румӣ гуфтааст:
Чун сарукори ту бо кӯдак фитод,
Ҳам забони кӯдакӣ бояд кушод.
Забони кӯдаки кушодан ба маънои он нест, ки иборат аз забони нимта – нимта, чала ва нобуррои кӯдакӣ бошад, балки забони содаи кӯдакфаҳми умумӣ аст. Яке аз вазифаҳои якуминдараҷагии муаллимон дар синф пурра талаффуз кардани калимаҳо мебошад. Муаллимаҳо, махсусан махсусан методистҳо дар ин бора ҳамеша назорат карда истанд. Дар баъзе мактабҳо мусоҳилакорӣ мушоҳида мегардад. Шогирдон аз забони шевагӣ – маҳаллии муаллим саргаранг мешавад.
Масалан, муаллим аз районҳои шимолӣ бошад дар нутқаш гоҳо ба ҷои, ки чӣ, чӣ тавр, орд шаклҳои нодурусту нимбур калимаҳои берунӣ ким, чизе, тизе, качан, қалай, од кор мефармояд. Ё ки муаллим аз районҳои ҷанубӣ бошад, дар байни нутқаш ба ҷои чӣ медонам, пахш, зер, худам, чи тавр, сар деҳ, гузор шаклҳо ва калимаҳои шевагии чум, лагад, худум, читарӣ, ҳуй кун ба кор мебаранд.
Ҳар як шева ва лаҳҷа баробари лаҳзаҳои манфӣ доштан лаҳзаҳои барҷаста ва сазовари ба забони адабӣ истифода кардан ҳам дорад. Аз ҷумла, дар Хуҷанд феъли палмосидан (пармосидан) ба кор аст, ки синонимаш бо арабӣ ламс омада, дар забони адабӣ бисёр истеъмол мегардад. Устод Айнӣ дар ин маҳал феъли мураккаби даст – даст карданро истеъмол кардааст.
Ё дар шеваҳои ҷанубӣ феъли полоидан ба кор аст, ки ба маънои соф кардан аст. Ширполо, ширсофкунак гуфтан аст. Инчунин баробари пурра истеъмол кардани феълҳо ибораву ҷумлаҳо мувофиқи забони адабӣ – классикӣ низ ба кор аст. Масалан, пасоянди “ро” ба ҷуз маънои фуромад ба маънои ҷониб низ ба кор меравад: Майда дорӣ? Мара буте! Шуморо гуфтанд, ки биёед.
Ё ки бандакҷонишинҳои мафъулӣ низ дар маҳалли худ истеъмол мегардад: муаллима дидӣ? Дидумша (ӯро дидам). Ё дар райони Айнӣ феъли ёрустан истеъмол мешавад. Чунончи ман шабона танҳо рафтан намеёрам. Монанди ҳамин ба ҷои хонда наметонам шакли пурраи “хондан наметавонам” истеъмол мегардад.
Мақсад аз ин мисолҳо афзоиши фонди луғавии забони адабӣ буда, дар мактаб, дар синфҳои ибтидоӣ бо забони адабии умумии содда, осону равон ва ба оҳанги дилкаш гап задан аст.
Мо бояд аз мактаби ибтидоӣ сар карда забони адабиамонро умумӣ гардонем, зеро мактаби ибтидоӣ пойдевори умумӣ гардонии забони адабии мост.
Бузургон беҳуда нагуфтаанд:
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То Сурайё меравад девор каҷ.
Тӯрақул ЗЕҲНӢ
Аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, соли 1973, №11.
Таҳияи мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷмети фаъолияти китобдорӣ Барно Самиева.