Як рўзи адабиёт дар таърихи башар. 14-уми декабр
Соли 1789 нависанда, шоир, сароянда, оҳангсоз, ходими намоёни фарҳанги рус дар нимаи якуми асри XIX Зинаида Александровна Волконская дар оилаи княз Александр Михайлович Белосельский-Белозерский ва Варвара Яковлевна Татишева дар Дрезден таваллуд шудааст.
Соли 1861 достоннавис, таърихнигор ва рўзноманигори арабзабони лубнонӣ Ҷурҷии Зайдон ба дунё омад. Зайдон барои навиштани 23 романи таърихӣ ва таъсиси нашрияи «Ал-Ҳилол» маъруф аст. Бештари шуҳрати Зайдон ба сабаби достонҳои таърихии ўст. Падараш Ҳабиб аз аҳолии рустоии Айн Аннуб буд, ки ҳамроҳи хонаводааш ба Бейрут муҳоҷират карда ва дар онҷо зиндагӣ мекарданд. Вай, ки худ бесавод буд ва фақат хондану навиштан ва ҳисобу китоби муқадамотиро зарурӣ медонист, Зайдонро дар панҷсолагӣ ба мадраса фиристод, то дар оянда ба ў дар корхояш кўмак расонад.
Соли 1820 нависанда ва мутарҷими рус Елизавета Николаевна Ахматова таваллуд шудааст. Вай солҳои 1864 – 1866 маҷаллаи кӯдаконаи “Кор ва истироҳат”-ро нашр мекард. Бо тахаллуси Лайло (Лейла) осори адабии худро менавишт. Китобҳояш бо номҳои “Чилучаҳор достон барои бачаҳо” ва “Шастушаш достон барои бачаҳо” соли 1867 дар Санк-Петербург чоп шудааст.
Соли 1821 шоири рус Николай Федорович Шербина чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падараш украин ва модараш юнонӣ буд.
Соли 1893 шоира ва тарҷумони рус Каролина Павлова аз олам даргузашт. Айёми кӯдакӣ, ҷавонӣ ва камолоти худро дар Маскав гузаронидааст. Падари вай олмонии русшуда профессор Карл Иванович Яниш аз рўи ихтисос табиб буд, аз физика ва кимиё дарс мегуфт, ба шогирдонаш ахтаршиносӣ ва рассомиро низ меомўхт, адабиётро хеле хуб медонист.
Каролина ба омӯзиши адабӣ, аввал ҳамчун тарҷумон ба забонҳои немисӣ ва фаронсавии ашъори Пушкин ва дигар шоирони муосири рус оғоз кард. Аввалин шеърҳои худро низ Каролина ба забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ навишт.
Соли 1895 шоири фаронсавӣ Пол Элюар дар Сен-Дени таваллуд шудааст. Гирифторӣ ба бемории сил ӯро водор кард таҳсил дар Порисро қатъ ва барои табобат ба Швейтсария равад. Дар он ҷо дар санатория бо Елена Дяконова, ки бо номи Гала машҳур шуда буд, вохӯрд. Ин ошноӣ ба Элюар таъсири ногуфтанӣ ба ҷо гузошт, онҳо ҳамхона шуданд ва Гала дигар барои шоир ба як олиҳа табдил шуда буд. Аҳмади Шомлу, Муҳаммадалии Сипанлу ва Муҳаммадтақии Ғиёсӣ аз ҷумлаи тарҷумонҳои ашъори Элюар ба забони форсӣ буданд.
Соли 1908 нависандаи тахайюлнависи рус Иля Варшавский дар Киев ба дунё омад. “Марде, ки зиддиҷаҳонро дид”, “Офтоб дар Дономаг ғуруб мекунад”, «Дӯкони орзуҳо», «Нишони огоҳкунанда нест» аз асарҳои ӯянд.
Соли 1916 дар Сан-Франсиско, иёлати Калифорнияи ИМА Шерли Ҷексон ба дунё омад. Вай нависандаи романҳо ва достонҳои кутоҳ буд. Маъруфтарин асари вай “Достони кутоҳи лотарӣ” аст, ки бори аввал дар маҷаллаи “Ню-Йорк” чоп шуд. Ин асаррро ҳамчунин аз маъруфтарин достонҳои кутоҳи қарни бистум меноманд.
Соли 1939 дар Атлант нахустнамоиши филми “Барбодрафта” аз рӯи асари ҳамноми Маргарет Митчелл баргузор шуд. “Барбодрафта” як филми ҳамосӣ, ишқӣ ва дарамавиест, ки Виктор Флеминг ба навор гирифта буд.
Соли 1941 Ширин Бунёд (Қурбонмамадов Хушқадам Бунёдович) дар деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба дунё омад. Падараш ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, ӯ чун ятими ҷанг дар тарбияи модари колхозчияш мондааст.Бо вуҷуди душвориву нодориҳои сахти зиндагӣ, соли 1948 ба мактаб рафта, соли 1958 бо баҳои аъло хатмаш кардааст.
Сипас вориди Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Хоруғ шуда, соли 1959 бо ихтисоси электромонтёр анҷом додааст. Нӯҳ сол электромонтёри НБО-и Хоруғ буда, ҳамзамон, чун ҳофиз ва шоир, дар байни мардум шуҳрат пайдо кардааст.
Соли 1968 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1973 бо баҳои аъло хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ, то соли 1976, муовини директори Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, баъдан мудири шуъбаи рӯзномаи «Бадахшони Советӣ», солҳои 1985-1992 раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоят будааст.
Солҳои 1992-2005 дар сохтори Ҳукумати вилоят кор карда, вазифаҳои мутахассиси пешбари комиҷроияи вилоят, котиби иттилоотии раиси вилоят, ҷонишини мудири шуъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси ВМКБ-ро ба ҷой овардааст.
То нафақа баромадан сармуҳаррири моҳномаи «Фурӯғи маърифат»-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва муаллими калони он будааст.
Дар ташкилу таҳкими ҳавзаи адабии Бадахшон заҳмати пурарзише ба харҷ дода, маҳфили «Адибони ҷавон»-и вилоятро таъсис додааст.
Соли 1994 дар заминаи ҳамин маҳфили адабӣ шуъбаи Бадахшони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъсис ёфт, ки бо ташаббуси бевоситаи Ширин Бунёд рӯи кор омадааст.
Ширин Бунёд аз адибони шинохтаю варзидаи тоҷик аст, ки дар адабиёти муосир мақому мартабаи хоси худро дорад ва бо ашъори дилнишинаш дар Тоҷикистон ва берун аз он шуҳрат ёфтааст.
Муаллифи китобҳои манзуму мансури хонданист, ки муҳимтарини онҳо «Бомдод» (1982), «Зартеғ» (1985), «Шоҳи тирандоз» (1991), «Гули андеша» (1995), «Шоҳроҳи Ваҳдат» (1999), «Поси хотир» (2000), «Шерозаи ваҳдат» (2003), «Об, Замин ва одамон» (2003), «Нома дар барги ҳавас» (2011) мебошанд ва симои ӯро чун шоири баркамол, мунодии сулҳу ваҳдат, фарзанди содику дилбастаи Ватану миллат нишон дода, хонандаро ба ҷаҳони муҳаббату садоқат, арҷгузорӣ ба дастовардаҳои маънавии тамаддуни бузурги миллат, ҳидоят менамоянд.
Ширин Бунёд, дар баробари офаридани асарҳои баландғоя, вазифаҳои зиёди ҷамъиятӣ, аз қабили узви Садорат ва раиси Бахши Бадахшони Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, раиси бахши вилоятии Бунёди сулҳи Тоҷикистон, узви Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, узви Комиссияи вилоятӣ оид ба танзими расму оинҳои мардумӣ ва амсоли онҳоро бар уҳда дошт.
Барои хизматҳои арзандааш дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва адабию фарҳангӣ сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», ордени «Дӯстӣ», медали юбилейии «10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғ. гардонида шудааст.
Шоири халқии Тоҷикистон. Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
3 июли соли 2011 аз олам даргузашт. (Сом. Ит. Нав.)
Соли 1990 романнавис ва намоишноманависи барҷастаи шведӣ Фридрих Дюрренматт тарки олам кард. “Шиҳоби осмонӣ”, “Ғурбат”, “Рӯзҳои охирини поиз” ва “Гуфтугӯи шабона” теъдоде аз намоишномаҳои маъруфи ин адибанд.