Як рўзи адабиёт дар таърихи башар. 24-уми январ
Соли 1776 нависандаи ашъори ошиқонаи олмонӣ, ҳуқуқшинос, рассом, оҳангсоз,мунаққиди мусиқӣ ва ҳунарманд, нависандаи романтик Эрнст Теодор Ҳоффман таваллуд шудааст. Ў ёддоштҳои мусиқиро бо номи Йоханнес Крейслер нашр карда аст. Вақте сесола буд, падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд ва ӯ дар хонаи модаркалонаш таҳти таъсири амакаш, ҳуқуқшинос Отто Вилҳелм Дорфер, марди соҳибақл ва боистеъдод, моил ба тахайюл ва тасаввуф ба воя расидааст.
Соли 1959 нависандаи атеисти амрикоӣ Дэвид Милз таваллуд шудааст. Ў бештар ба хотири китоби «Ҷаҳони бехудо», ки дар соли 2004 мунташир шуд, шуҳрат пайдо кардааст. Ин китоб ба забони форсӣ низ тарҷума шудааст.
Соли 1872 дар Балта, губернияи Подолск адабиётшиноси рус Юлиус Айхенвалд таваллуд шудааст. Ӯ дар давраи гул-гулшукуфии модернизми рус шуҳрат ва нуфузи зиёд дошт. Юлиус Айхенвалд муаллифи чанди асар фалсафист. Ҳамчунин аз пажӯҳишгарони мумтози осори А.Толстой, И.Гончаров, Чехов ва дигарон мебошад.
Юлиус Айхенвалд тамоми асарҳои асосии Шопенгауэрро ба русӣ тарҷума кардааст.
Соли 1911 дар Индианаполис Кэтрин Мур – нависандаи амрикоӣ, муаллифи асарҳо дар жанри тахайюлӣ, барандаи ҷоизаи Гандалф ва ҷоизаи ҷаҳонӣ барои асарҳои тахайюлӣ дар соли 1981 таваллуд шудааст. Ба навиштаи ҳамзамононаш вай аз хурдӣ ба навиштани ҳикояҳо майл дошт. Моҳи ноябри соли 1933 «Афсонаҳои аҷиб» ва баъдан аввалин достони кӯтоҳи худро бо номи «Шамбло» бо имзои «К. Л. Мур” чоп кард. Ҳикояро хонандагон бо шавқу ҳавас қабул карданд ва роҳи адиби ҷавон ба майдони адабиёт боз шуд.
Соли 1965 дар Порис мутафаккири рус Николай Лосский, яке аз асосгузорони самти интуитивизм дар фалсафа дар синни 94-солагӣ даргузашт.
Соли 1965 арбоби давлатӣ ва сиёсии Бритониё, афсари артиш, сарвазири Подшоҳии Британияи Кабир дар солҳои 1940-1945 ва 1951-1955 ва нависанда Уинстон Черчилл дар синни 90-солагӣ дар Лондон даргузашт. Черчилл соли 1953 барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт шуд.
Бино ба як назарсанҷие, ки соли 2002 ширкати ВВС роҳандозӣ кард, Уинстон Черчил бузургтарин британиёӣ дар таърих унвон гирифт.
Черчил аввали моҳи январи соли 1965 сармо хӯрд ва бистарӣ шуд. 15-уми январ дучори хунрезии мағзӣ шуд ва бо сактаи мағзӣ ба кома рафт. Баъди даҳ рӯзи нигаронӣҳо билохира субҳи рӯзи 24-уми январ ҷон бохт. Бо амри Маликаи Елизаветтаи дуюм ҷасади ӯ муддати се рӯз дар диди умум гузошта шуд.
Филми “Ториктарин лаҳазот” як пора аз зиндагиномаи ӯро ривоят мекунад.
Соли 1967 нависандаи асарҳои илмӣ-тахайюлии рус Андрей Белянин дар Астрахан таваллуд шудааст. Муаллифи асарҳои «Шамшери бе ном», «Зани ман – ҷодугар», «Дузди Бағдод» мебошад. Ӯ барандаи ҷоизаи адабии ба номи Аэлита дар соли 2017 мебошад.
Сайёра КАРИМОВА