Як рўзи адабиёт дар таърихи башар. 25-уми январ
Соли 1856 романнавис, намоишноманавис ва нависандаи фаронсавӣ Пер де Курсел дар Порис таваллуд шудааст. Осоре, ки аз ӯ боқи мондааст: “Ду кӯдак”, “Зани нӯшандаи ашкҳо”, «Фанфан» (1891), «Гарданбанди Малика» (1895), «Пас аз бахшоиш» (1907), “Хол”, «Писари дигар» ва ғайра.
Соли 1746 адиби қарни XIX-и аҳли Фаронса, нависандаи романҳои эҳсосотӣ Фелисити де Женелли ба дунё омад. Романҳои ӯ дар саросари Аврупо маъруфият пайдо карда буданд. “Рӯҳ”, “Муҳосираи Ла Рошел, ё бадбахтӣ ва виҷдон”, “Муҳоҷирони хурдсол ё номанигории кӯдакон”, “Алфонс, ё меҳрубонии модар”, “Петрарка ва Раура”, “Хонум Ментенон” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1870 дар Тонони Лубнон узви академия ва нависандаи фаронсавӣ Анри (Ҳенри) Бордо таваллуд шудааст. Ӯ анъанаҳои монархизми католикиро дастгирӣ мекард. Аввалин романи ў «Сояе аз гумшуда» ном дошт, ки ҳаргиз онро мунташир накард. Аввалин асари мунташиршудаи ў «Тарс аз ҳаёт» буд, ки дар қолаби реализм навишта шудааст. Дигар осори муҳими ў иборатанд аз: «Зиндагии бебозгашт», «Куртаи пухтупаз», «Барф дар зинаҳо» ва «Бархӯрди роҳҳо».
Вай ёддоштҳои чандҷилдӣ навишт, ки баъд аз марг аз ҷониби духтараш нашр шудааст. Бердо соли 1963 дар синни 93-солагй вафот кард ва дар Когнин ба хок супурда шуд.
Соли 1874 дар Фаронса достоннавис ва намоишноманависи англис Вилям Сомерсет Моем чашм ба олами ҳастӣ кушод. Дар соли 1876 ҳангоме, ки падараш дар сафорати Инглистон дар Порис машғул ба кор буд, зода шуд. Соли 1927 дар ҷануби Фаронса иқом ат гузид ва то замони марг дар соли 1965 ҳамон ҷо зиндагӣ кард.
Ў яке аз пуркортарини достоннависони қарни ХХ буд ва дар замони ҳаёташ миллионҳо нусха аз достонҳо ва намоишномаҳои вай ба забонҳои мухталиф тарҷума шуда ба фурӯш рафтанд. Дар солҳои даҳаи 1930 ў пурдароматарин нависандаи ҷаҳон ба шумор мерафт.
Соли 1882 дар Кенсингтон Ҷанубӣ очеркнавис, романнавис, ношири англис Аделин Вирҷиния Вулф (анг. Virginia Woolf) Англия таваллуд шудааст. Падари вай Лесли Стефан олим ва хоҳараш Венесса Белл наққош буд. Вирҷиниа 2 бародар дошт, ки яке аз онҳо Боби дар Чанги якуми ҷаҳон кушта шудааст.
Осори машҳури нависанда: «Хонум Далловэй» (1925), «Ба сўи фонуси дарёӣ» (1927), «Орландо: Тарҷумаи ҳол» (1928), «Як ҳуҷраи шахсии худ» (1929), «Мавҷҳо» (1931) ва ғайраҳо мебошад.
Соли 901 сиёсатмадоршоири ҷопонӣ Сугавара-но Митидзанэ ба фитнаҳои дарборӣ муттаҳам карда шуда, ба Кюсю ба вазифаи раиси ҳукумати музофотӣ дар Дазайфу бадарға карда шуд. Сугавара-но Митидзанэ як ходими давлатӣ, олим ва шоири давраи Хэйан буд. Вай 1 – уми августи соли 845 таваллуд шуда, 26-уми марти соли 903 аз олам гузашт.
Соли 1640 дар хонаи худ воқеъ дар Коллеҷи Крист Черч, дар синни 62-солагӣ рӯҳонӣ, нависанда ва олими англис, муаллифи эссеи энсиклопедии «Анатомияи меланхолия» Роберт Бертон вафот кард. «Анатомияи меланхолия» асари бузурги Бертон аст, ки бори аввал соли 1621 бо тахаллуси Демокритуси ҷавон нашр шудааст.
Аввалин асари ҷолиби Бертон мазҳакаи «Файласуфи дурӯғин” буд, ки соли 1606 ба забони лотинӣ навишта шуда, пас аз ёздаҳ сол дар калисои Масеҳ ба саҳна гузошта шуд.
Соли 1759 дар деҳаи Шотландия Аллоуэй шоири шотландӣ, фолклоршинос, муаллифи шеърҳои сершумор ба забони одии шотландӣ ва англисӣ Роберт Бернс таваллуд шудааст.
Бернс аз 15-солагӣ шеър менавишт. Достонҳои ҳаҷвии «Ду чӯпон» (1784), «Дуои авлиётарош Вилли» (1785), шеърҳои «Муши даштӣ», «Гули минои кӯҳӣ» Бёрнсро ҳамчун шоири озодандеш шуҳратманд намуданд. Мавзӯъ ва шакли асарҳои Бёрнс ба фолклор монандӣ доранд, аз ин рӯ ҳамчун сурудҳои мардумӣ пазируфта шудаанд. Бёрнс Инқилоби кабири Фаронсаро бо хушнудӣ пешвоз гирифт (шеъри «Нахли озодӣ» ва ғайра). Дар сурудҳои «Макферсон пеш аз қатл» (1788), шеъри маҷозии «Ҷон — донаи гандум» (1782), балладаи «Қашшоқии бошарафона» (1794) андешаҳои пешқадами маорифпарварӣ баён карда шудаанд. Бёрнс ба Эдинбург (1786) рафт, чунки дар он ҷо шуҳрат дошт, вале қарордодҳо бо ноширон ӯро қонеъ накунонд ва ӯ дубора ба кори кишоварзӣ баргашт. Аз соли 1791 дар бандари шаҳри Дамфрис (1791) нозири аксизӣ шуд ва то лаҳзаҳои охири ҳаёт он ҷо буд.
Асари «Мунтахаботи оҳангҳои шотландӣ»-ро (1792) нашр кард. Дар ашъораш Бёрнс инсонро ҳамчун махлуқи беназир васф кардааст. Ба ашъори Бёрнс озодандешӣ, драматизми дохилӣ, салосати баёну содагии ифода хос аст. Шеърҳои Бёрнс ба бисёр забонҳои олам тарҷума шудаанд. Соли 1786 аввалин китоби Бернс бо номи «Шеърҳо, асосан бо лаҳҷаи шотландӣ» нашр шуд. Ин китобҳо низ маҳсули қалами ӯянд: «Ҷон Барлейкорн» (1782), «Талбандаҳои шодмонӣ» (1785), «Дуои Вилли муқаддас», «Ярмаркаи муқаддас» (1786).
Соли 1939 дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шоири тоҷик Саидҷон Ҳакимзода ба дунё омад. Соли 1969 факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педогогии Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои 1967-1975 мусаҳҳеҳ, баъдан, солҳои 1971-1975, мудири шуъба, котиби масъул ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақикати Кӯлоб» будааст. Солҳои 1975-1988 ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррири Кумитаи вилоятии телевизион ва радиошунавонӣ, ҳамчунин, муддате, дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи Ленинӣ» дар вазифаи мудири шуъба фаъолият доштааст. Аз соли 1988 то охири умраш мудири шуъбаи радиошунавонии шаҳри Кӯлоб ва, ҳамзамон, раиси бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.
Шеърҳои аввалинаш аз аввали солҳои 50-уми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.
Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Лолаи сурх» (1964), «Сарчашма» (1983), «Ҷигаргӯша» (1987), «Хиромон» (1989), «Достони Сангак» (1983), «Садафмоҳ» (1993), «Фидоӣ»(1994), «Кӯҳпора» (1996), «Чеҳраи субҳ» (1997), «Куллиёт» (2009) ва ғайра мебошад.
Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд. Баъзе шеърҳои шоирони русу ӯзбекро ба тоҷикӣ гардондааст.Бо мукофотҳои гуногун қадрдонӣ шудааст.
Соли 1990 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Соли 2004 аз ҷаҳон даргузашт.
Таҳияи Сайёра КАРИМОВА.