Як рӯзи баҳор, як рӯзи низофату поккорӣ
Тибқи анъанаи дерин имрӯз, шанбе, ки маъмулан як рӯзи истироҳатист, барои кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи низофату тозагӣ буд. Сарҷамъона даст ба тозакориҳо заданд, майдону боғи паси биноро аз хасу хасрӯбаҳо тоза карданд.
Бехи ниҳолҳоро нарм намуданд, хазонрезаҳоро руфтанд, ҷӯёборҳоро тоза карданд. Дарахт чун организми зинда ҳамеша ба парваришу нигоҳубин ниёз дорад. Маъмурияти Китобхонаи миллӣ барои ҳамеша сарсабз нигоҳ доштани боғу роғ тадбирҳои зиёд меандешад. Ҳоло обёрии боғот бо воситаи қубурҳо ба маротиб осон шудааст.
Вале боз ҳам лозим аст инсонҳо ҳамеша аз ҳоли дарахтон хабар гиранд, бехи онҳоро нарм созанд, ҳар гуна ифлосиҳоеро, ки бод меорад, тоза кунанд.