Як рӯи адабиёт дар таърихи башар. 22-уми июл
Соли 1807 дар шаҳри Ярослави Русияи подшоҳӣ шоир ва тарҷумони рус хонум Каролина Павлова ба дунё омад. Айёми кӯдакӣ, ҷавонӣ ва камолоти худро дар Маскав гузаронидааст. Падари вай олмонии русшуда профессор Карл Иванович Яниш аз рўи ихтисос табиб буд, аз физика ва кимиё дарс мегуфт, ба шогирдонаш ахтаршиносӣ ва рассомиро низ меомўхт, адабиётро хеле хуб медонист.
Каролина ба омӯзиши адабӣ, аввал ҳамчун тарҷумон ба забонҳои немисӣ ва фаронсавии ашъори Пушкин ва дигар шоирони муосири рус оғоз кард. Аввалин шеърҳои худро низ Каролина ба забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ навишт.
Каролина Павловна 14 декабри соли 1893 дар синни 86-солагӣ тарки олам кард.
Соли 1926 шоир, нависанда, муҳаррири рус Сергей Алексеевич Баруздин зода шуд. Вай барандаи Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия ба номи Максим Горкий буд.
Аввалин ҳикояҳояш аз соли 1938 дар маҷаллаи “Пионер” чоп шуданд. Ширкаткунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.
Муддате сардабири маҷаллаи адабии “Дружба народов” буд. Барои бачаҳо асарҳои ҷолибе навиштааст, ки номгӯи баъзеи онҳо ин аст: “Шоҳгавазн дар театр”, “Ҳамлаи занбӯрҳои асал”, “Хаткашони ғайриодӣ”, “Вазифаи мураккаб”, “Қувваи одат”, “Қадам ба қадам” ва ғайра.
“Повестҳо дар бораи занон”, “Вақти хазонрез” низ аз ӯ мебошанд.
Сергей Баруздин 4 марти соли 1991 дар синни 64-солагӣ вафот кард.
Соли 1937 дар шаҳри Тифлис дар синни 42-солагӣ дар интизории рӯзу соати боздошт нависандаи Шӯравии аҳли Гурҷистон Паоло Яшвили даст ба худкушӣ зад ва ба ҳалокат расид.
Вай 29 июни соли 1895 дар Аргвети таваллуд шуд. Аз соли 1911 шеърҳояшро чоп мекард ва соли 1915 дар Кутаиси як гурӯҳи адабӣ ҳам созмон дод, ки дар он шоироне, ки завқи эҷоди шеърҳои намодгароӣ (символизм) доштанд, гирд овард.
Баъди барқарории ҳокимияти Шӯравӣ дар Гурҷистон ӯ ба равияи реализми сотсиалистӣ рӯ овард ва бештар шеърҳои сиёсӣ дар васфи Ленин, низоми Шӯравӣ менавишт. Борис Пастернак аввалин касе буд, ки шеърҳои Паоло Яшвилиро русӣ тарҷума ва нашр кард.
Фарҷоми умраш фоҷеавӣ буд. Соли 1937 дӯсти наздикаш Николо Митсишвили ба ҷурми бофтаи “душмани халқ” боздошт ва қатл шуд. Ин ҳодиса ба рӯҳияи шоир таъсири манфӣ расонд ва ҳамеша дар ин фикр буд, ки ҳамин ҳоло ӯро ҳам боздошт мекунанд. Дар ин асно ҳукуматдорон пештар аз маргаш ӯро маҷбур мекарданд дар бораи шоир, нависанда ва тарҷумони гурҷӣ Титсиан Табидзе мақолаи танқидӣ нависад ва ӯро душмани халқ қаламдод намояд. Билохира натавонист ҳолати парешонии рӯҳии худро барҳам диҳад ва даст ба худкушӣ зад.
Соли 1946 нависанда, коргардон ва филмнонависи амрикоӣ Пол Шредер ба дунё омад. Вай дар хонаводаи хеле сахтгири масеҳӣ таваллуд шуд. Ба ҳадде, ки то синни 17-солагӣ аслан натавониста буд филме тамошо кунад.
Кори синаморо бо навиштани нақд оғоз кард ва ин гуна мақолаҳояшро дар маҷаллаҳои «LA Weekly Press» ва «Cinema» чоп мекард. Борҳо дар бораи эҷодиёти коргардони синамои Шӯравӣ Андрей Тарковский ҳам мақолаҳои навиштаву аз дидгоҳи худ таҳлил карда буд.
Шредер муаллифи филмномаҳои “Якудзо” (филми муштараки ИМА ва Ҷопон), “Таксирон”, “Барзагови ваҳшӣ” ва “Охирин васвасаи Масеҳ” мебошад.
Соли 1958 дар синни 63-солгаӣ нависанда ва намоишноманависи рус Михаил Зошенко вафот кард. Вай 10 августи соли 1894 дар шаҳри Санк-Петербург ба дунё омад. Падараш украинӣ ва модараш рус буд. Барои таҳсил дар риштаи ҳуқуқ ба Донишгоҳи Санк-Петербург рафт, вале ба иллати мушкилоти молӣ натавонист то ба охир таҳсил кунад.
Дар замони Ҷанги ҷаҳонӣ аввал дар артиши Русия хидмат кард ва чандин бор низ маҷрӯҳ шуд.
Дар даҳаи соли 1920 ба унвони танзпардоз маҳбубияти хосе ба даст овард, вале пас аз интиқод аз Жданов аз Иттиҳоди Нависандагон ихроҷ шуд. Ва чун асарҳояшро чоп намекарданд, боқии умрашро дар фақру нодорӣ ба сар бурд.
Михаил Зошенко хеле содаву равон менавишт ва забонаш наздик ба гӯишҳои мардумони одӣ буд. Вай худаш иқрор буд, ки ҷумлаҳояш “басо кутоҳ ва барои табақаи фуқаро қобили ласм аст ва ба хотири ҳамин ҳамин аст, ки хонандагони зиёд дорад”.
Яке аз машҳуртарин асарҳои ӯ “Толеъи наҳс” мебошад.
Повестҳои “Пеш аз тулуъи офтоб”, “Ҷавонии бозгашта” низ аз ӯст.
Соли 1967 дар Флэт-Рок, иёлати Каролинаи Шимолӣ дар синни 89-солагӣ шоир, нависанда, муаррих, романнавис, фолклоршиноси амрикоӣ Карл Сэндберг фавтид.
Вай фарзанди муҳоҷирони швед буд. Дар ҷавонӣ ба касбу кори зиёде даст задааст. Ширкашон ҳам будаасту боғпарвар ҳам, гандум ҳам коридаву ҷамъоварӣ кардааст, хонасоз ҳам будааст.
Дар замони ҷанги Испанияву Амрико ихтиёран ба хидмати артиш рафт ва бо он ки ҳатто пеш рӯзе ҳам силоҳ ба даст ҷанг накарда буд, ба ҷабҳа фиристоданд.
Соли 1916 аввалин маҷмуаи шеърҳояш бо номи “Чикаго” чоп шудааст. Ва баъдан китобҳои “Ҷамъоварандагони ҷуворимакка”, “Дуд ва пӯлод” яке паси дигар нашр шуданд.
Бот шеваи шиори амрикоӣ Уолт Уитмен менавишт. Дар бораи аккос ва мунақиди машҳури амрикоӣ Эдвард Стайхен ва Авраам Линколн китоб навиштааст.
Таҳияи Б.Шафеъ