Як рӯи адабиёт дар таърихи башар. 22 –уми октябр
Соли 1818 дар Сен-Пол шоири фаронсавӣ Леконт де Лил (фр. Charles Marie René Leconte de Lisle) таваллуд шуд. Вай писари як фелшери фаронсавӣ буд, ки баъди Бозгашти Бурбунҳо ба салтанати Фаронса ба ин кившар муҳоҷират карда буд. Ширкаткунандаи инқилоби соли 1848 ва як аз ташаббускорони лағфи ғуломдорӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ маҳсуб мешуд.
Соли 1886 бо васияти Виктор Гюго ба Академияи Фаронса қабул шуд. Адиби маъруф Гюго васият карда буд ва тавсия дод, ки баъди маргаш ба ҷойи холишудаи Акаемия Леконт де Лил қабул карда шавад.
17 июли соли 1894 дар Лувенсени Фаронса бар асари бемории илтиҳоби шуд аз олам гузашт. Он замон ӯ 75 сол дошт.
Се маҷмуаи шеърии ӯ дар замони зинда буданаш бо номҳои “Шеърҳои даврони қадим”, “Ашъори барбарӣ”, “Ашъори фоҷеавӣ” мунташир шуд.
Соли 1818 дар Брауншвейг (шаҳре дар шимоли Олмон) дар синни 72-солгӣ адиби кӯдакон, забоншинос ва омӯзгори аҳли Оламон Иоаҳим Ҳенрих Кампе аз олам гузашт. Аслан дар риштаи илоҳишиносӣ таҳсил карда буд ва бештар ба он шуҳрат дошт, ки аввалин муаллими бародарон Вилгелм ва Александр Ҳумболд буд.
Соли 1854 дар Лютцелфлю (комуна дар Швейтсария) дар синни 57 –солагӣ нависанда халқи Швейтсария Иеремия Готхелф вафот кард.
Вай дар хонаводи як кашиши деҳот 4 октяюри соли 1797 ба дунё омада буд.
“Die schwarze Spinne”, (1842), “Dursli der Branntweinsäufer” (1839), “Die Armennot” (1840), “Wie Anna Bäbi Jowäger haushaltet” (1843), “Der Geldstag” (1846) номи чанд асари ӯст.
Осораш дар 24 ҷилд баъди марги ӯ дар Берлин мунташир шуд.
Соли 1870 дар шаҳри Воронеж нависанда ва шоири рус Иван Бунин зода шуд. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1933 буд.
Алоқаи бунин ба адабиёт ва фарҳанги форзабонон комилан аз ашъораш, ки ба форсӣ расидааст, аён аст.
Чун дар хонаводаи дворянин таваллуд шуда буд, хеле бармаҳал ба ҳаёти мустақилон оғоз кард. Солҳои наврасӣ дар рӯзномаҳо, конслагерҳо кор кард, зиёд сафар намуд. Аввалин шеъраш бо номи “Дар сари қабри С.Я.Надсон” чоп шуд. Соли 1903 барои китоби “Хазонрез” ва тарҷумаи “Суруди Гайават”-и Ҳенри Лонгфелло ба дарёфти ҷоизаи Пушкин даст ёфт.
Инқилоби Октябрро напазируфт ва соли 1920 ба Фаронса муҳоҷират кард.
Муаллифи романи “Ҳаёти Арсенев” аст. “Себҳои Антонов”, “Руъёҳо”, “Ҷоми зиндагӣ”, “Наҷибзодае аз Сан-Франсиско”, “Нафаси роҳат”, “Гӯшҳои печхӯрда”, “Руъёҳои Чонг”, “Ишқи Митя”, “Кӯчаҳои торик” номи чанд асари дигари ӯст.
Се китоби ӯ бо номҳои “Наҷибзодае аз Сан-Франсиско””Бонки шаҳоб”, “Иван Бунин: Гузидаи шеърҳо” ба форсӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Иван Бунин 8 ноябри соли 1953 дар синни 83-солагӣ дар Порис аз олам гузашт.
Соли 1883 дар шаҳри Лондон нависандаи англис, муаллифи повесту романҳои зиёди моҷароҷӯӣ, муаллифи асарҳо барои бачаҳо ва наврасон Томас Майн Рид тарки дунё кард. Вай 65 сол дошт.
“Савораи бесар”, “Отсеола доҳии семинолҳо” аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои ӯст.
“Савораи бесар” ба тоҷикӣ низ тарҷума ва чоп шудааст.
Майн Рид 4 апрели соли 1818 дар деҳаи Балироннии Ирландия таваллуд шудааст. Ҳам падар, ва ҳам модари нависанда аз авлоди Шотландиҳо буданд.
Майн Рид дар Белфаст таҳсил карда буд ва соли 1840, мактабро хатм накарда, ба ИМА рафт. Вай ҳамчун агенти фурӯш, ҳунарманд, муаллим кор мекард, аз соли 1842 ба шуғли рӯзноманигорӣ даст зад.
Дар аввали соли 1843, Рид ба Филаделфия кӯчид ва дар он ҷо се сол монд. Маҳз дар Филоделфия ӯ бо Эдгар Аллан По мулоқот кард. Дар бораи муносибати баъдии По бо Майн Рид зиёд гуфтаву навиштаанд.
Соли 1870 бо аҳли хонаводааш ба Англия баргашт, аммо муддате дар ин кишвар зиёд азобҳои рӯҳӣ кашид. Беморие, ки дар Амрико гирифтораш карда буд, дар Англия дубора авҷ гирифт. Зиёд мехост ба кори эҷодӣ баргардад, вале барояш муяссар намешуд. Аз ҳисоби ҳамон нафақае мезист, ки ҳукумати Амрико барои хидматҳояш дар артиш ба ӯ таъин карда буд.
Солҳои охири ҳаёт маъюб шуд ва дигар бе ёрии асо наметавонист ҳаракат кунад. Билохира 22 октябри соли 1883 дар Лондон дар синни 65-солагӣ вафот кард ва дар қабристони сабзи Лондон Кенсал ба хок супурда шуд.
Соли 1919 дар аҳри Кирмоншоҳи Эрон нависандаи тахайюлнависи англис Дорис Лессинг ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 2007 буд.
Дар гузашта коммунист ва аз ҷонибдорони равияи суфизм ва фенимизм буд.
Романҳояш: “Алафҳо овоз мехонанд”, “Дафтарчаи тиллоӣ”, “Раҳнамудҳое барои нузур дар дӯзах”, “Тобистони пеш аз торикӣ”, “Хотироти як ҳамсояи хуб”, “Агар кӯҳна битвонад”, “Фарзанди панҷум”, “Ширинтарин руъёҳо” ва ғайра.
Адабиёти достонии Лессинг ба таври куллӣ ба се давра тақсим мешавад:
Аввал даврае, ки ҷонибдорӣ аз ғояҳои коммунистӣ мекард (солҳои 1944-1956). Ба замоне марбут мешавад, ки ӯ ба шакли радикал дар бораи баҳсҳои иҷтимоӣ менавишт, вале пас аз саркӯбии қиёми мардуми Маҷористон тавассути артиши Сурх дар соли 1954 зидди коммунистҳо шуд.
Дуюм, даврае, ки ба навиштани асарҳои равоншиносона (1954-1969) пардохт.
Сеюм, даврае, ки рӯ овард ба равияи навишти суфиёна. “Шикаста” (номе баргирифта аз хати форсӣ) нахустин китоби ӯ дар жанри илмӣ-тахайюлӣ буд.
Бо вуҷуди кӯдакии душвор ва ғамангез осори Лессинг дар бораи Африқои зери султаи Британия оканда аз шафқат барои зиндагии нотавони истеъморгарон ва бадбахтиҳои ба сари сокинони бумӣ овардаи онҳост.
Дорис Лессинг 17 ноябри соли 2013 дар синни 94-солагӣ дар шаҳри Лондон аз олам рафт.
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ