Як рӯи адабиёт дар таърихи башар. 26 – уми декабр

Гаспаро Гоцци
Соли 1768 дар Падуя шоир ва мунаққиди адабии итолёвӣ Гаспаро Готси дар синни 55-солагӣ аз олам гузашт. Вай бародари Карло Готси – шоири номдори Италия буд.

Соли 1845 нависандаи машҳури рус Николай Николаевич Златовратский ба дунё омад. Ў бо асарҳои худ дар рӯҳияи популизм идеализатсияи ҷомеаи деҳотӣ машҳур гашт. Соли 1872 Златовратский аввалин асари калони худро бо «Деҳқонони сангандхӯрда»-ро навишт. Муаллифи асарҳо аз ҳаёти кишоварзон, аз ҷумла “Пирмарди сафедандом”, “Авраам”, “Рӯзҳои деҳот”, Шоҳ Лири деҳотӣ” мебошад.

Соли 1862 дар шаҳри Петербург шоири рус  Семен Яковлевич Надсон таваллуд шуд.

Соли 1862 нависанда, публистист, намоишноманавис ва мунаққиди театр  Александр Амфитеатров ба дунё омад. Вай муаллифи як сислсила романҳои таърихӣ аз сарнавишти халқи рус аст. Романҳои дигараш бо номҳои “Маря Лусева”, “Виктория Павловна”, “Табиби Виктория Павловна”низ дар замони худ хонандаи зиёд доштанд.

Соли 1891 дар шаҳри Ню-Йорк нависанда ва наққоши амрикоӣ Ҳенри Миллер ба олам омад. Осоре, ки ӯ бар пояи зиндагиномаи худ офаридааст, таъсири хубе ба адабиёти нимаи қарни бистум бар ҷой гузошт. Бисёре аз осори Миллер ба далели тарҳи  масоили ҷинсӣ дар бисёр кишварҳои олам муддатҳо иҷозаи чоп надошт. Миллер дар даҳаи 60-уми асри гузашта ба яке пурхонандатарин нависандагони Амрико бадал шуд.

Кобуси таҳияшуда”, “Никсон”, “Баҳори сиёҳ”, “Асри одамкушҳо”, “Шайтон дар Биҳишт” аз ҷумлаи китобҳои ӯянд, ки солҳои мухталиф чоп шудаанд.

Валерий Прокошин
Валерий Иванович Прокошин

Соли 1959  шоири рус Валерий Иванович Прокошин таваллуд шуд. Прошкин аз ҷумлаи шоиронест, ки миёни ҳамзамононаш маъруфияти хоса дошт. Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мария Светаева ва чандин ҷоизаҳои дигар буд. 17-уми феврали соли 2009 дар синни 50-солагӣ аз бемории саратон  оламро падруд гуфт.

Леонид Вышеславский
Леонид Вышеславский

Соли 1990 дар шаҳри Панҷекенти вилояти Суғд шоири тоҷик Толиби Луқмон ба дунё омад. Аввалин маҷмуаи ашъораш соли 2011 бо номи «Сафар ба сӯйи тулӯъ» чоп шудааст.

Соли 2002 мутарҷим, шоир, мунаққиди адабӣ ва нависандаи аҳли Украина Леонид Николаевич Вышеславский аз олам рафт. Вай барандаи Ҷоизаи давлатии Украина дар соли 1984 буд.

Таҳияи Б.Шафеъ