Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 1-уми август

як-рузи-адабиёт-31-07-2023

Соли 845 сиёсатмадор, муҳаққиқ, шоири даврони Ҳейони ҷопон  Сугавара-но Митидзанэ ба дунё омад. Ӯ бо номи Ка Сёдзё низ шинохта шудааст. Марде буд дар роҳи Худо, пойбанд ба арзишҳои динӣ. Соли 862 донишҷӯи соли аввал донишгоҳи Киото шуд. Баъди хатм дар дарбор ба сифати олиму муҳаққиқ ба кор оғоз кард. Аз он ки забони чиниро хуб медонист масъулияти равуо ба сафоратхонаҳои хориҷиро ҳам ба ӯ супурданд.

Вале чун дар пойтахт ба авҷи шуҳрат расид, ба баъзе доираҳои дарбор хуш наёмад. Бахусус, хонаводи Фудзивара, ки таъсиргузортарин хонавода дар он айём маҳсуб мешуд, шуҳрати Сугавара-но Митидзанэ қобили қабул набуд. Аз ин рӯ, онҳо ҳама талошро анҷом доданд, ин донишманд ҳокими вилояти Сануки таъин шавад ва бо ин васила аз пойтахт дур карданд.

Вале чун миёни император ва хонаводаи Фудзивара оташи зиддият аланга зад, бо истифода аз ин Митидзанэ ба Киото баргашт. Соли 899 “вазири аввал” дар дарбор таъин шуд. Аммо ислоҳоти сиёсие, ки Сугавара омода мекард, ба оташи ғазаби мухолифонаш равған рехт ва мансабдорони пойтахти зидди ӯ шӯриданд ва аз ин боз ҳам хонаводаи Фудзивара ва чанд нафари дигар истифода карданд. Билохира, ӯ дубора ба вилояти дурдаст, ин бор ба Кюсю эъзом шуд.

26 марти соли 903 чун дигар умеди бозгашт ба марказ наёфт, бо ҳамин дар бадарға аз олам гузашт.

Хеле ба зудӣ пойтахтро бемории вабо фаро гирифт, ки қатори дигарон писарони император Дайгон, яке аз иштироккунандагони бадарға кардани Митизанэ фавтиданд. Ғайр аз ин ин шаҳр аз тайфунҳову тӯфонҳо ҷабри зиёд дид, борҳо раъду барқ қасри императорро нишон гирифт ва ҳамаи инро қасоси рӯҳи ноороми Сугавара унвон карданд.

Барои дилҷӯии ӯ унвони “вазири аввал”-ро баъди маргаш ба ӯ баргардониданд.

Соли 1557 дар Рум нависанда, усқуфи Уппсала, дипломат, муаррих, харитасози шведӣ  Олаф Магнус фавтид. Вай моҳи октябри соли 1490 ба дунё омада буд.

Ксенофонт Алексеевич ПолевойСоли 1801 дар шаҳри Иркутск нависанда, мунаққиди адабӣ, рӯзноманигор, ношири рус Ксенофонт Алексеевич Полевой таваллуд шуд. Вай бародари хурдии нависанда Екатерина Алексеевна Авдеева ва нависанда, намоишноманавис, мунаққид, муаррих Николай Полевой буд.

Аввали солҳои 1820 ба Москав кӯчид. Ба бародарбузургаш Николай Алексеевич Полевой дар интишори маҷаллаи адабиву илмии “Московский телеграф” (1825-1834) ёрӣ расонд ва ҳамзамон тарҷума ва мақолаҳои худро ҳам чоп кард. Аз соли 1829-1834 муҳаррири ғайрирасмии маҷалла буд.

Баъди баста шудани маҷалла ба корҳои тиҷорати китоб ва тарҷума аз забони фаронсавӣ машғул шуд.

Соли 1819 дар шаҳри Ню-Йорк нависанда, шоир ва маллоҳи амрикоӣ Ҳерман Мелвилл таваллуд шуд. Машҳуртарин асари ӯ романи “Моби Дик” ё “Наҳанги баҳр” буд.

Осори ӯ дар замони ҳаёташ чандон мавриди истиқбол қарор нагирифт ва ҳатто романҳое, ки дар бораи баҳр нигошт, хонандаи зиёд пайдо накард.  Аммо солҳо баъд аз даҳаи 1920 романи “Моби Дик” – и ӯ яке аз бартарин шоҳкорҳои адабиёти Амрико ва ҷаҳон шинохта шуд.

“Мордӣ ва сафар ба он тараф”, “Ому: повест дар бораи саргузаштҳо дарп Баҳрҳои ҷануб”, “Редбёрн: сафарҳои нахустини ӯ”, “Ҷон Марр ва дигар маллоҳон”, “Билли Бадди маллоҳ” номи чанд асари ӯст.

Андрей СоболСоли 1887 дар шаҳри Саратов нависанда ва намоишноманависи рус Андрей Собол зода шуд. Вай муаллифи романи “Чанг”, китобҳои “Ҳикояҳо”, “Дар бадарға”, “Шикастапораҳо”, “Биё парвоз кунем”, “Сояҳои чинӣ”, “Он ҷое, ки панҷараҳо намудоранд” ва ғайра мебошад.

Андрей Собол фарҷоми умри фоҷеавӣ дошт. Вай 8-уми июни соли 1926, замоне, ки 38 сол дошт, дар шаҳри Москав, дар хиёбони Твер, наздикии дарвозаи Никитин  худро парронд. Бино ба гуфтаи шоҳидоне, ки бо духтурони муоинакардааш ҳамсуҳбат шудаанд, вай синаи худро нишон гирифтааст, вале дасташ ларзишаву тир ба шиками ӯ расидааст.

Чанде пештар аз маргаш осори худро дар чаҳор ҷилд омодаи чоп карда будааст.

Сабаби худкушии ӯ ҷиддан таҳқиқ нашудааст.

Леся-УкраинкаСоли 1913 дар шаҳри Сурами дар синни 42-солагӣ бар асари бемории сил шоир, тарҷумон, фолклоршиноси маъруфи украин Леся Украинка аз олам рафт. Вай 25 феврали соли 1871 дар Новоград-Волинскии империяи Русия ба дунё омада буд.  Ӯ шинохтатарин ва маъруфтарин зан дар адабиёти украин ба шумор меравад.

Леся Украинка дар ҳамаи жанрҳои дар замонаш маъруфи адабӣ навиштааст. Шеър, достон, наср, публистистика дар эҷодиёти вай нақши муҳим дорад. Дар соҳаи фолклоршиносӣ хидматҳои зиёд кардааст, 220  оҳанги халқиро бо садояш сабт намудааст. Ҳамзамон аз фаъолони ҷунбишҳои миллии Украина будааст.

Леся Украинка умри дароз надид. Дар синни 42-солагӣ бар асари бемории сил ва ҷигар дар Сурамии Гурҷистон аз олам рафт.

Бино ба натиҷаи як ҳамапурсӣ миёни украинҳо Леся Украинка баъди Тарас Шевченко ва Богдан Хмелнитский сеюмин адиби маъруфи ин кишвар шинохта шудааст.

Достонҳои драмавии “Дар димна”, “Ойиша ва Муҳаммад”, “Падруд”, “Садбарги кабуд”, “Кассандра”, “Вакили мудофеа Мартиан”, достонҳои “Парии обӣ”, “Самсон”, “Афсонаи маҳтобӣ”, “Афсонаи куҳан”, “Танҳо сухан” аз ҷумлаи осори дигари ӯ мебошанд.

Григол_АбашидзеСоли 1914 шоир ва нависандаи груҷӣ Григол Абашидзе таваллуд шуд. Вай Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва Раиси Иттифоқи нависандагони Гурҷистон буд.

Асарҳои Абашидзе ба таърихи қадими Гурҷистон ва ҳаёти бунёдкоронаи имрӯзаи он бахшида шудаанд.  «Ҳамеша дар либоси ҷангӣ», 1938; «Диди Свенски», (1939) «Душманон», «Мусобиқаи тонкҳо», «Парчамҳо»; достони «Қафқози мағлубиятнопазир»,  «Дар сарҳади ҷанубӣ» (1949), «Ленин дар Самгори» (1950), достони драмавии «Қиссаи тифлисиҳои нахустин» (1959) ва «Саёҳат дар се айём» (1961), маҷмӯаи «Тоқи заррин» (1966) мансуб а ӯ мебошанд.

Абашидзе бо номҳои «Чӯҷаи хурдӣ» (1943), «Парасту дар Рустави» барои бачаҳо асар навиштааст.

Абашидзе яке аз муаллифони (ҳамроҳи А. В. Абашели) матни Суруди Миллии ҶШС Гурҷистон мебошад. Ба тоҷикӣ қариб 50 шеър ва як қатор ҳикояҳои ӯ тарҷума гардидаанд, ки «Ленин дар Самгорӣ», ҳикояи «Сабақи бераҳмӣ» аз ҳамин ҷумлаанд. Иштирокчии Рӯзҳои адабиёти шӯравӣ дар Тоҷикистон (1981) буд.

Григол Абаш 29 июли соли 1994 дар синни 79-солагӣ дар Тифлис аз ола мгузашт.

Соли 1923 дар шаҳри Лондон нависандаи австралиёӣ Картер Браун зода шуд. Номи аслии ӯ Алан Ҷеффри Йейтс буд.  Бештар асарҳои детективӣ навиштааст. Бо номҳои мустаори Текс Конрад, Кэролайн Фарр, Том Конвей ва Пол Валдес ҳам асарҳояшро чоп кардааст.

Соли 1926 шоир, намоишноманавис, мунаққиди адабиёт ва тарҷумони лаҳистонӣ Ян Каспарович дар синни 65-солагӣ фавтид. Вай 12 декабри соли 1860 дар оилаи як деҳқони бесавод дида ба олам кушода буд. Соли 1884 ба Донишгоҳи Лейпсиг дохил шуд ва баъдан дар донишгоҳи Врослав низ таҳсил кард.

Ректори Донишгоҳи ба номи Ян Казимир дар Лвов буд.

Аввалин китобош бо номи “Шеърҳо” соли 1889 чоп шуд ва дар он бештар ҳаёти деҳот ва зиндагии деҳқононро тасвир крад. Баъдан намоишномаи “Охирзамон”-ро навишт ва достони “Масеҳ” низ соли 1890 чоп шуд.

Соли 1948 дар шаҳри Лондон нависандаи тахайюлнависи британиёӣ Дэвид Геммел зода шуд. Вай муаллифи асарҳое чун “Мусофир”, “Гурги сафед”, “Шоҳи дарвозаҳои сангӣ” буд.

28 июли соли 2006, вақте ки 56 сол дошт дар Лондон даргузашт.

Соли 1990 дар Каховкаи Нав дар синни 51-солагӣ шоири украинии Иттиҳоди Шӯравӣ Анатолий Бахута тарки олам кард. Вай 2 январи соли 1939 дар Киев таваллуд шуда буд.

Аввалин шеърҳояш соли 1959 нашр шуданд.

Маргарита-АлигерСоли 1992 шоир, тарҷумон, рӯзноманигор, хабарнигори ҳарбӣ Маргарита Алигер аз олам рафт. Вай 77 сол дошт. Маргарита Алигер барандаи Ҷоизаи Сталин дараҷаи дуюм буд.

Ӯ бо достони “Ғалабаи ту”, ки соли 1946 чоп шуда буд, машҳур шуд. Мавзуи достон таъқиби яҳудиён буд. Аммо он мавриди интиқодои шадид ҳам қарор гирифт ва баъдҳо танҳо баъди аз миён бурдани бобҳо дар бораи сарнавишти яҳудиҳо дубораву себора иҷозати чоп дарёфт намуд.

Фарҷоми умри Маргарита Алигер фоҷеавӣ буд. Вай дар наздикии бӯстонсарои худ дар ҷӯйбори амиқ уфтоду ба ҳалокат расид.

Таҳияи Б.Шафеъ