Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 1-уми июл
Соли 1827 дар шаҳри Будапешт дар хонаводаи марди яҳудӣ нависандаи аҳли Австрия Август Зилберштейн таваллуд шуд. Вай дар Донишгоҳи шаҳри Вена таҳсил кард ва баъди рӯйдоди соли 1848 муддати мадиде дар донишгоҳҳои Олмон мегашт. Чун ба ватан баргашт, трибунали ҳарбӣ муддати 5 сол ӯро аз озодӣ маҳрум намуд. Соли 1856 баъди эълони як афви саросарӣ ба озодӣ баромад.
7 марти соли 1900 дар Вена дар синни 72-солагӣ тарки олам кард.
Соли 1845 дар шаҳри Будапешт нависанда, тарҷумон, мунаққиди адабӣ ва рӯзноманигори маҷориву олмонӣ Адолф Зилберштейн таваллуд шуд.
Мақолаҳои танқидии вай дар рӯзномаи «Pester Lloyd» нашр мешуданд ва баъдан дар китобҳои «Philosophische Briefe an eine Frau», «Strategie der Liebe», «Die Bibel der Natur», «Dichtkunst des Aristoteles» гирд оварда шуданд.
Адолф Зилберштейн тарҷумаи ҳоли шоир, нависанда ва мунаққиди олмонӣ Рудолф Готшаллро навишт, ҳамчунин зумрае аз нависандагони маҷориро ба забони олмонӣ тарҷума намуд.
13 январи соли 1899 дар синни 53-солагӣ дар шаҳри Будапешт аз олам гузашт.
Соли 1892 дар Аннаполис нависанда ва рӯзноманигори амрикоӣ Ҷеймс Кейн ба дунё омад. Вай муаллифи романҳо, повестҳо ва ҳикояҳои детективӣ буд. Яке аз маъруфтарин романҳои ӯ “Пустачӣ ҳамеша ду бор занг мезанад” мебошад.
Баъди хатми мактаб чандин бор касбашро иваз кардааст. Муаллим ҳам будаасту нозири роҳ ҳам, сарояндаву фурӯшандаи бима низ. Аз соли 1917 хабарнигори рӯзномаи “Балтимор Сан” будааст, ки мегӯянд он замонҳо аз пурхонандатарин нашрияҳои чопи Амрико ба шумор мерафт.
Соли 1924 баъди муваффақиятҳо дар журналистика ба шаҳри Ню-Йорк меояд.
Баъди Рукуди бузург (рукуди густардаи иқтисодии ҷаҳон, ки як даҳа пеш аз оғози Ҷанги ҷаҳонии дуюм рух дода буд) Кейн ба Ҳоливуд ба кори сенариянависӣ ҷалб мешавад. Аввалин сенарияи вай, ки як ҳикояи детективӣ бо номи “Ширхор дар яхдон” буд, шуҳрат пайдо мекунад. Романи машҳураш “Хаткашон ҳамеша ду бор занг мезанад” соли 1934 нашр мешавад ва ин аз ҷумлаи аввалин китобҳои муваффақи тиҷоратии амрикоӣ буд.
Баъди ҷанг ҳамроҳ бо ҳамсари сеюмаш ба соҳилҳои шарқӣ бармегардад ва бидуни комёбии назаррас ба кори нависандагӣ идома медиҳад.
27-уми октябри соли 1977 бар асари шаробхорӣ аз олам рафт.
Соли 1896 дар иёлати Коннектикут дар синни 85-солагӣ нависандаи амрикоӣ хонум Гарриет Бичер-Стоу аз олам гузашт.
Гарриет Бичер-Стоу 14 июни соли 1811 зода шуда буд. Аз ҷумлаи нависандагоне буд, ки бо бардагӣ мухолифат мекард ва шомили ҷунбише буд, ки барои поён додан ба тиҷорати ғуломон ва озодсозии онҳо дар Амрико ва ғарби Аврупо шакл гирифта буд.
Маъруфтарин асари ӯ “Кулбаи аму Том” мебошад, ки соли 1852 мунташир шуда ва таъсири зиёде ба ҷанги дохилии Амрико ба ҷо гузоштааст. Мавзӯи амрикоиҳои африқоитабор ва озодсозии бардагонро матраҳ мекард.
“Дард”, “Хостгории кашиш”, “Мардуми шаҳри қадим”, “Зиндагӣ дар миёни бечорагон”, “Хотироти ширин аз сарзаминҳои бегона”, “Пирамарди шаҳрнишин”, “Сарзамини санавбарҳои нӯгтез” аз ҷумлаи китобҳои дигари Гарриет Бичер-Стоу мебошанд.
Соли 1909 дар Монтевидео нависандаи уругвайӣ Хуан Карлос Онетти таваллуд шуд.
Солҳои 1930—1955 дар Буэнос-Айрес мезист ва баъдан ба Монтевидео кӯчид. Соли 1974 боздошт ва ҳабс гардид, аммо бо фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зиндон ба зудӣ озод шуд. Соли 1975 ба Мадрид омад ва то охири умр дар ҳамин шаҳр зист. Панҷ соли охири ҳаёташ бемор буд ва аз бистар наметавонист бархезад.
Барандаи ҷоизаи адабии Уругвай (1962), Ҷоизаи «Мигел де Сервантес» (1980). Соли 1980 номзад ба дарёфти ҷоизаи Нобели адабиёт буд. Соли 1985 бузургтарин ҷоизаи адабии Уругвайро соҳиб шуд, вале боз ҳам ба ватан барнагашт.
Хуан Карлос Онетти 30 майи соли 1994 дар Мадрид дар синни 84-солагӣ тарки олам кард.
Соли 1913 дар ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғона шоир, тарҷумон ва рӯзноманигор Маҳмуд Тӯлқун ба ҷаҳон омад. Соли 1930, баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, шогирди Омӯзишгоҳи кишоварзии Хуҷанд шуда, ба ҷанги зидди босмачиён рафтааст. Солҳои 1923-1933 дар рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» кор кардааст.
Соли 1934 Омӯзишгоҳи омӯзгории Тошкандро хатм ва дар Омӯзишгоҳи кишоварзӣ ва молияи Хуҷанд муаллимӣ кардааст.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, соли 1944, баъди захмӣ шудан, ба ватан баргаштааст.
Аз соли 1946 ходими рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», мудири шуъбаи рӯзномаи «Совет Тоҷикистони», ҷонишини муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Октябр»-и Шаҳритӯс, муҳаррири рӯзномаи «Роҳи Ленин»-и ноҳияи Регар буда, солҳои охир дар рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» фаъолият доштааст.
Гулчини ашъораш дар китобҳои «Тантана» (1948), «Муҳаббати ҳақиқӣ» (1954), «Шодӣ» (1958), «Парвоз» (1960), «Чароғ» (1964), «Дафтари умр» (1974) ва «Нишони ман» (1980) ба табъ расидаанд.
Ашъори алоҳидаи М. Турсунзода, М. Миршакар, М. Раҳимӣ, Б. Раҳимзода, А. Деҳотӣ, Ҷ. Суҳайлӣ ва дигаронро ба ӯзбекӣ гардондааст.
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Бо нишону ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
Аз соли 1958 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.
22 сентябри соли 1983 аз олам даргузашт.
Соли 1915 дар шаҳри Ковин, иёлати Калифорния нависандахонуми армикоӣ Ҷинн Стаффорд таваллуд шуд. Ҳикояи ӯ бо номи “Дар боғи вуҳуш” соли 1955 бо ҷоизаи О.Ҳенри сарафроз шудааст. Соли 1970 барои маҷмуаи ҳикояҳояш барандаи ҷоизаи Пулитсеров шудааст.
Соли 1921 дар Закрет нависанда, филмноманавис ва коргардони синамои аҳли Лаҳистон Стефан Ставинский зода шуд. Вай ширкаткунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳон буд.
Соли 1949 ба сифати тарҷумони асарҳои адабӣ ба фаъоляти оғоз кардааст. Аввалин романаш бо номи “Рушноӣ дар туман” соли 1952 чоп шудааст. Дар мавзуи ҷанг асаре бо номи “Зодрӯзи як сокини Варшава”-ро навиштааст.
12 июни соли 2010 дар манзили худ дар шаҳри Варшава дар синни 88-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1972 дар Капитовки ноҳияи Изюм нависанда, шоир ва тарҷумони украинӣ Владимир Вакуленко таваллуд шуд. Вай сармуҳаррири нашрия барои кӯдакону наврасони «Криница» буд.
Муаллифи 30 китоб ва барандаи чандин ҷоизаҳои адабӣ буд.
Таърихи дақиқи вафоташ маълум нест. Аммо гуфта мешавад, ки баъди 7-уми марти соли 2022 ҳангоми ғасби зодгоҳаш аз ҷониби артиши Русия кушта шуд. Ҷасади ӯро дар як гӯри дастаҷамъӣ дар Изюм ёфтанд ва баъдан дар қабристооне дар Харков ба хок супурданд.
Соли 2013 нашрияҳои “Penguin” ва “Random House” ба ҳам омаданд ва бузургтарин нашрияи ҷаҳон бо номи “Penguin Random House”-ро ба вуҷуд оварданд.
Таҳияи Б.Шафеъ