Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 1 – уми март

Як-рузи-таърих-01-03-2024Соли 29 пеш аз милод шоири Руми қадим, намояндаи «асри тиллоии»  адабиёти Рум  Ҳоратсий қасидаи «Occidit Daci Cotisonis agmen»-ро навишт. Ҳоратсий аз шоирони саршиноси даврони Ҷумҳурии Рум ва империяи Рум буд. Эҷодиёти ӯ ба даврони ҷангҳои шаҳрвандӣ ва даҳсолаи аввали низоми асосгузори Империяи Рум Октавиан Август рост меояд.

Ҳоратсий 8 декабри соли 65 то милод таваллуд шуд ва 27 ноябри соли 8 то милод вафот кард.

Соли 1564 дар Маскав аввалин китоби чопи русии дақиқ – «Апостол»-и Иван Федоров нашр шуд.

Китобхонаи-салтанатии-ИспанияСоли 1711 шумораи аввалини маҷаллаи англисии «Spectator» рўйи чоп омад.

Соли 1712Китобхонаи салтанатии Испания (ҳоло Китобхонаи миллии ин кишвар) дарҳои худро ба рӯи хонандагонаш боз кард.  Он соли 1836 аз назорати подшоҳӣ хориҷ шуд ва зери назари ҳайати давлат даромад ва Китобхонаи миллӣ номида шуд.

Дар асри 19 бештари китобҳои қадимӣ ва боарзише, ки  ҳоло дар ихтиёри китобхона қарор доранд, гирдоварӣ шуданд. Ин китобҳоро бештар ё хариданд ва ё аз ҷониби шахсони алоҳида туҳфа шуданд.

Дар солҳои 1956 то 1975 навсозиҳои густардае дар дохили сохтмони мазкур анҷом шуд. Тағйироти он барои ҳифозати мавод ва беҳсозии муҳит барои коркунон ва истифодакунандагон ва ҳамчунин таъмини амнияти китобхона буд.

Соли 1757 дар Лондон шоир ва намоишноманависи англис Эдвард Мур дар синни 44-солагӣ аз олам гузашт.

Мур барвақт бо ашъораш (қасидаҳо, паёмҳо, масалҳо) маъруфият пайдо кард. Яке аз намоишномаҳои ӯ, «Қиморбоз», (1753), асосан бо таҳрири фаронсавии Сорэн (соли 1768 дар Порис намоиш дода шудааст) шӯҳрати умумиҷаҳонӣ пайдо кард. Қаҳрамони песа Беверлей (ин ном ба зудӣ мардумӣ гашт), марди заифирода ба дасти Стэклии ҳиллагару қаллоб афтида, тамоми сарвати худро аз даст дода, шаъну шарафи зани некхоҳи худро зери хатар мемонад, ки дар натиҷа дар зиндон даст ба худкушӣ мезанад. Сарчашмаи фоҷиа дар ин ҷо мисли фоҷиаи классикӣ корнамоии подшоҳону қаҳрамонон не, балки манфиати пул ба даст овардан мебошад. Песа то чоряки дуюми асри XIX дар Англия ва ИМА ба таври васеъ намоиш дода шуд.

Намоишномаҳои дигари Мур ­– «Лақит» ва  «Гил Блас» бо ҳамон хусусиятҳои хоси «мазҳакаи ашковар» фарқ мекунанд.

Рюноскэ АкутагаваСоли 1892 дар Токио нависандаи ҷопонӣ, классики адабиёти муосири Ҷопон РюносукэАкутагава чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Рюносукэ дар оилаи тоҷири ширфурӯши камбағал  Тошизо Ниихара ба дунё омадааст. Пас аз даҳ моҳи таваллуди Рюносукэ, модараш дар беморхонаи рӯҳӣ худкушӣ кард. Бо амри  тақдир ӯро бародари модараш, ки насабаш Акутагава буд, ба фарзандӣ гирифт. Соли 1913 Рюносукэ ба шуъбаи адабиёти англисии риштаи филологияи донишгоҳи Токио дохил шуда, дар он ҷо ҳамроҳи дўстонаш маҷаллаи адабии «Ҷараёни нав»-ро таъсис доданд ва дар ин маҷалла достони аввалинаш «Пирамард» нашр шуд.

Осори ӯ, бахусус достонҳояш дар бораи зиндагии Ҷопони асримиёнагӣ, аз қабили «Дарвозаи Рашомон», «Бинӣ» ва «Азоби ҷаҳаннам» маъруфият пайдо карданд. Акутагава ба адабиёти аврупоӣ низ таваҷҷуҳ дошт ва аз муаллифоне, чун Ги де Мопассан, Анатол Франс, Стриндберг ва Фёдор Достоевский илҳом гирифтааст. Вай ҳатто дар асарҳои худ аз унсурҳои адабиёти рус истифода кардааст. Ҳикояҳои «Шўлаи ширин» ва «Бинӣ» аз эҷодиёти Николай Гогол, «Боғ» бошад, дар пайравӣ ба песаи Антон Чехов «Боғи олуболу» офарида шудааст. Дар ҳикояи «Кўрпатак» қаҳрамонхои асосӣ нависандагони рус Лев Толстой ва Иван Тургенев буданд. Сарфи назар аз муваффақияти худ дар адабиёт, Рюносукэ аз соли 1916 дар Мактаби механикии баҳрӣ таълими забони англисиро идома медод. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Осака майнити симбун» кор мекард ва ҳатто ба Чин ҳамчун мухбири махсус фиристода шуд. Нависанда аз  бехобӣ ва бемории асаб, ки аз модараш мерос монда буд азият мекашид. Бо вуҷуди ин, дар Чин ҳам саломатиаш рў ба беҳбудӣ наовард.  Пас аз сафар ҳам бо вуҷуди беморӣ,  Рюносукэ асарҳои ҷолибтарин ва навоваронаи худ, аз ҷумла достони «Дар ҷангалзор»-ро офаридааст. Солҳои 1920 ба навиштани асарҳои тарҷумаиҳолӣ, аз қабили «Он солҳо дар бораи худам» шурӯъ намуда, инчунин панду очеркҳояшро дар маҷмӯаи «Суханони пигмей» гирдоварӣ кардааст. Бо вуҷуди ин, дар солҳои охири ҳаёташ Акутагава аз фишори шадиди асаб ва фикрҳои васвоси худкушӣ азоб мекашид. Ин дар асарҳои пеш аз марги ӯ, аз қабили «Ҳаёти як аблаҳ», «Чархҳои дандонадор» ва «Мактуб ба дӯсти кӯҳан» инъикос ёфтааст. Пас аз андешаҳои тӯлонӣ ва дарднок дар ин бора, 24 июли соли 1927, Акутагава Рюносукэ бо истеъмоли вояи марговари веронал худкушӣ кард.

Ҳикояву повестҳои беназири Акутагава Рюносукэ на танҳо дар Ҷопон, балки дар хориҷи кишвар низ эътироф шудаанд. Ба ифтихори саҳми беандозаи ӯ дар адабиёт Ҷоизаи адабии Рюноскэ Акутагава дар Ҷопон соли 1935 таъсис ёфт.

Рала ЭллисонСоли 1914 нависанда ва эссенависи амрикоӣ Рала Эллисон ба дунё омад. Ӯ бештар бо романи «Одами ноаён» (1952), ки дар соли 1953 барандаи Ҷоизаи миллии китоб шуд, маъруф аст.

Эллисон  дар оилаи саркори бинокорон Люис Алфред Эллисон ва Айда Миллсап таваллуд шудааст. Ӯ ҳамагӣ се сол дошт, ки падараш вафот кард.

Соли 1933 Эллисон дар Алабама ба Донишгоҳи Тускеги дохил шуд ва он ҷо мусиқиро омӯхтааст. Пас аз се соли таҳсил дар донишгоҳ Эллисон, ки барои хатми таҳсил маблағи кофӣ надошт, ба Ню-Йорк рафт. Дар он ҷо ӯ бо рассом Ромаре Берден ва нависанда Ричард Райт шиносоӣ пайдо кард. Ричард Райт ба Эллисон маслиҳат дод, ки  маҳорати худро дар эҷодиёт бисанҷад ва дере нагузашта достони аввалини ӯ, «Bull Hymie» дар асоси таҷрибаи худи Эллисон нашр шуд. Аз соли 1937 то 1944 Эллисон дар маҷаллаҳои Ню-Йорк мунтазам ҳикояҳо ва мақолаҳои худро нашр мекард.

Охири солҳои 1940, Эллисон ба ҳайси мунаққид фаъолият мекарда ва рўйи эҷоди романи «Одами ноаён» кор мекард. Ин асар, ки барои комилан мутобиқ шудан дар ҷомеа эҷод шудааст, муҳимтарин кори Эллисон гардид. Роман, ки аз дидгоҳи як марди африқоӣ-амрикоии номаълум, ки дар солҳои чиҳил дар Ню Йорк зиндагӣ мекард ва ба мавзӯъҳои мамнӯъ дахл дорад, муваффақияти бузурге дошт ва ба муаллиф ҷоизаи бонуфузи миллии китобро овард.

Эллисон солҳои 1955-1958-ро дар Аврупо гузаронида, муддате дар Рим зиндагӣ мекард. Пас аз он ба Иёлоти Муттаҳида баргашт ва дар Коллеҷи Бард профессори адабиёти амрикоӣ ва русӣ шуд. Аз соли 1964 дар донишгоҳҳои Ратҷерс ва Йел кор кардааст. Инчунин дар соли 1964 маҷмӯаи очеркҳо бо номи «Таъқиб ва амал» ба табъ расид ва дар тӯли ин солҳо Эллисон дар болои романи «Juneteenth» кор мекард, ки он нотамом монд. Ба гуфтаи худи ӯ, дар соли 1967 дар хонаи нависанда дар Плейнфилд (штати Массачусетс) як қисми зиёди дастнавис дар натиҷаи сӯхтор нобуд шудааст. Арнолд Рамперсад нависандаи тарҷумаи ҳоли Эллисон дурустии ин асосро зери шубҳа мегузорад.

Фаъолияти минбаъдаи Эллисон бо таълим ва навиштани эссе алоқаманд аст. Соли 1985 маҷмӯаи ҳабдаҳ эссе бо номи «Going to the Territory, ки дар он баррасии осори нависандаи машҳури ҷанубӣ Вилям Фолкнер, нависандаи бузурги африқо-амрикоӣ ва дӯсти Эллисон Ричард Райт ва мулоҳизаҳо дар бораи саҳми африқо-амрикоӣ ба фарҳанги ИМА нашр шуд. Соли 1970 Эллисон бо ордени санъат ва адабиёти Фаронса мукофотонида шуд ва узви доимии факултети Донишгоҳи Ню-Йорк таъин гардид. Соли 1975 ба Академияи санъат ва адабиёти Амрико шомил шуд.

Эллисон 16 апрели соли 1994 дар синни ҳаштодсолагӣ аз саратони ғадуди зери меъда даргузашт. Баъди марги Эллисон дастнависҳои чопнашудаи ӯ пайдо шуданд. Дар соли 1996 китоби «Flying Home: And Other Stories» нашр шуд, соли 1999, пас аз панҷ соли марги нависанда, романи нотамоми ӯ «19 июн» дар 368 саҳифа бо таҳрири профессор Ҷон Ф. Каллахан чоп шуд. Тамоми дастнависҳои рӯзи 19-уми июн аз ҷониби Китобхонаи муосир таҳти унвони «Се рӯз пеш аз тирпарронӣ» дар аввали соли 2010 нашр шуда буданд, онҳо тақрибан 900 саҳифаро ташкил медиҳанд.

Баҳринисо БобомуродоваСоли 1948 дар шаҳри Панҷекати вилояти Суғд шоири тоҷик Баҳриннисо (Баҳринисо Бобомуродова) ба дунё омад. Хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (1968). Баъдан ходими илмии Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият»), ҷонишини сардабири маҷаллаи «Шифо», хабарнигори рӯзномаи «Дарду дармон» будааст.

Айни замон бо кори эҷодӣ машғул аст.

Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Риштаборон» (1994) ва «Барги сабз» (1987) ба табъ расидаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Барфи шукуфа» (1987), «Гули сабр» (1996) ва ғайра мебошад.

Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1952  дар Мехико табиб, адабиётшинос, нависанда ва сиёсатмадори мексикоӣ Мариано Асуэла дар синни 79-солагӣ даргузашт. Вай дар оилаи заминдори хурд ба дунё омадааст.

Мариано Асуэла  дар Гвадалахара ҷарроҳиро омӯхта, дар замони диктатураи Порфирио Диас ба эҷод шурӯъ кард. Мариано Асуэла барои ҳикояҳои худ дар давраи Инқилоби Мексика соли 1910 шӯҳратёр шуд.

Дар тӯли фаъолияти адабии худ ӯ ҳамчун намоишноманавис, адабиётшинос ва нависанда эътироф шудааст. Аввалин романи ӯ «Мария Луиза» буд, сипас «Андрес Перес – мадерист»-ро (1911) нашр кард. Пас аз сарнагунии диктатура ӯ шаҳрдори зодгоҳаш таъин гардид, вале ин мансабро рад кард. Пас аз шикасти сохти давлатии президент Франсиско Мадеро, Асуэла ба қувваҳои инқилобии Панчо Вилла ба ҳайси табиби ҳарбӣ ҳамроҳ шуд. Пас аз шикасти Вилла, Асуэла ба Эл Пасо, Техас меравад ва дар он ҷо ба эҷоди китоби «Онҳое, ки дар поёнанд» (1915) оғоз мекунад.  Ин роман барояш маъруфият овард. Бори аввал «Онҳое, ки дар поёнанд»  соли 1916 дар як рӯзномаи Эл Пасо нашр шуд, аммо ин роман танҳо соли 1927 машҳур гашт.

Дар соли 1917, Асуэла ба Мехико кӯчид ва дар он ҷо ба эҷодиёти худ идома дода, дар байни камбағалон ҳамчун табиб кор мекард. Дар соли 1942 ӯ ҷоизаи миллии Мексика дар соҳаи адабиётро соҳиб шуд. 8 апрели соли 1943, Мариано Асуэла яке аз асосгузорони Коллеҷи Миллии Мексика гардид ва дар соли 1949 Ҷоизаи миллии санъат ва илмро ба даст овард.

Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова