Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 1-уми ноябр

Як рӯзи адабиёт дар таърихи башарСоли 1604 фоҷеаи шоир Вилям Шекспир “Отелло” бори аввал дар кохи Whitehall Palace дар шаҳри Лондон намоиш дода шуд. Ин кох аз соли 1930 то соли 1698 қароргоҳи подшоҳони Англия буд. Соли 1698 дар як сӯхтори азим ба хокистар табдил шуд. Замоне, ки месӯхт, бештар аз якуним ҳазор утоқ дошт, ки дар ҳамон замон бузургтарин кох дар Аврупо ва олам ба ҳисоб мерафт.

Вилям Шекспир шоир, намоишноманавис ва ҳунарманди театр буд, ки бисёриҳо ӯро бузургтарин навсандаи англисзабон медонанд. Солҳои 1564-1616 зистааст.

Соли 1611  комедияи романтикии Вилям Шекспир “Тӯфон” бори аввал барои бинандагони кохи  Whitehall Palace-и Лондон манзур шуд. Муаллиф ин асарро миёни солҳои 1611-1612 навиштааст.

Соли 1704  Паул Даниэл Лонголиус – муҳаррири луғат ба дунё омадааст. Номбурда муҳаррири ҷилҳои 318-и китобҳои Иоҳан Ҳенрих Зедлер, ки ба унвони аввалин донишнома ҳам дониста мешавад, будааст. Солҳои 1704-1779 зистааст.

Соли 1841 – Дар волости Аракарагайи уезди Николаеви империяи Русия  нависанда, фолклоршинос, этнографи қазоқ Ибрай Алтинсарин ба дунё омадааст. Мавсуф муаллифи чандин китобҳои дарсии қазоқӣ будааст. Ҳамчунин асарҳои Толстой ва Криловро ба қазоқӣ баргардон кардааст.

Соли 1871 дар Ню-Арк (иёлати Ню-Ҷурсии ИМА) шоир, нависанда ва журналисти амрикоӣ Стивен Крей ба дунё омадааст. Крейро поягузори шеъри сапед дар адабиёти ИМА меноманд.

Соли 1903 дар Берлин муаррих, филолог, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадор Теодор Моммзен тарки олам кард. Вай 85 сол дошт. Моммзен соҳибҷоизаи Нобел дар адабиёт дар соли 1903 буд. Ҳамчунин шаҳрванди фахрии шаҳри Рум.

Соли 1911  адиби Фаронса Анри Труайя таваллуд шудааст.

альбер-камюСоли 1913 дар шаҳри Мондови Алҷазоир нависанда ва файласуфи фаронсавӣ Албер Камю ба дунё омад.  Камю замоне, ки дар ҳаёт буд, лақаби ифтихории «Виҷдони Ғарб»-ро гирифта буд. Ӯ барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли1957 мебошад. Камю дӯсти наздики Жан Пол Сартр буд. Мутафаккире буд, ки фалсафаро ба воситаи асарҳои адабӣ, чун ҳикоя, повест ва роман тарғиб мекард. Муҳаққиқон ҷараёни фалсафиашро экзистенсиализми гуманистӣ ва дунявӣ гуфтаанд. Ҳамагӣ 47 сол умр дидааст.

Соли 1957 дар Фарғона шоир ва нависандаи ӯзбек Шамшод Абдуллоев ба дунё омадааст. Адиби руснависи Ӯзбекистон буда, дар Фарғона умр ба сар мебарад.

Соли 1963 нависандаи амрикоӣ Марк Клифтон, барандаи ҷоизаи “Хюго” аз олам рафт. Вай 57 сол дошт. Соҳиби се роман ва даҳҳо ҳикояҳо дар жанри тахайюли илмӣ буд.

кира измайловаСоли 1972 дар Венетсия дар синни 87-солагӣ шоир, тарҷумон ва мунаққиди амрикоӣ Эзра Паунд аз олам гузашт.  Ӯ дар Британия аз пешгомони  наҳзати тасвиргароӣ шуд в анахустин гулчини пайравони ин ҷунбишро  ба унвони тасвиргароён мунташир кард.

Соли 2020  дар шаҳри Москав нависандаи рус Кира Измайлова дар хонаи худ мурда пайдо шуд. Сабаби маргаш амали худкушӣ ё қатл  набуд.  Дар айми марг 38 сол дошт.

Таҳияи Б.Шафеъ