Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 10 – уми апрел
Соли 1500 дар наздикии шаҳри Волтерра олим, шоир ва ҷанговари юнонӣ Михаил Марулл бо асп ба дарё сарозер шуд ва ба ҳалокат расид. Вай соли 1458 дар Қустантания ба дунё омада буд. Вай муаллифи як асари чорҷилдаи эпиграммаҳо мебошад. Қисмате аз достони ишқии ӯро шоироне чун Пйер де Ронсар писандидаву баҳои баланд дода буданд.
Соли 1817 дар деҳаи Знаменское-Аксаковои уезди Бугуруслани вилояти Оренбург мақоланавис, шоир, мунаққиди адабӣ, муаррих ва забоншиноси рус Константин Аксаков таваллуд шуд. Вай писарбузурги нависандаи рус Сергей Тимофеевич Аксаком ва Олга Сёменовна, духтари генерали суворовӣ ва туркдухтари асир Игел-Сюм буд.
Соли 1827 дар Бруквилл ҳуқуқшинос, волӣ, ходими сиёсӣ, нависандаи амрикоӣ Лю Уоллес ба дунё омад. Дар замони ҷанги дохилии Амрико як афсари низомӣ ва ёздаҳумин фармондори қаламрави Ню-Мексико буд.
Лю Уоллес зиндагиномаи худро муфассал дар ду ҷилд навиштааст, вале аҷал фурсати чоп надод. Баъд аз сари ӯ ҳамсараш ин ду ҷилд китобро мунташир кард.
Сенатори иёлати Индиана, муаррих Алберт Беверидж аз ӯ ба унвони як “шахси ғайримуқаррарӣ, ҷанговари матин, вале орзупарвар, нависандаи ҳам идеалист ва ҳам реалист ва ҳунарманд” ёд кардааст.
Боре гуфта буд, ки танҳо вақтҳое ки хаста мешуд ва ё ғамгин, ба навиштани асарҳои адабӣ машғул мешуд. Ба навиштани аввалин повесташ соли 1843 оғоз кардааст, вале он танҳо соли 1873 рӯи чопро дидааст. Аммо бо вуҷуд ба ӯ шуҳрат овард. Соли 1876 намоишномаи таърихии “Коммод”-ро навишт, вале театрҳо ба он чандин сол баъд таваҷҷуҳ карданд ва ба саҳна гузоштанд.
Соли 1931 дар шаҳри Ню-Йорк дар синни 48-солагӣ бар асари сиррози ҷигар ва бемории сил файласуф, рассом, шоир ва нависандаи лубнониву амрикоӣ муаллифи пурхонандатарин роман дар бораи Пайғамбар (с) Халил Ҷуброн Халил аз олам гузашт.
Вай 6 январи соли 1883 таваллуд шуда буд.
Китоби «Пайғамбар», ки Ҷуброн Халил Ҷуброн навиштааст, қуллаи фалсафаи адиб аст ва зиёда ба 100 забони олам тарҷума шудааст.
Ҷуброн Халил аз овони кӯдакӣ дар баробари андеша кардан ва мушоҳидаи танҳоӣ табиатро дӯст медошт. Аз сабаби камбизоатии оила натавонист соҳибмаълумот шавад, танҳо дар дарсҳои коҳини деҳа, ки ба ӯ асосҳои Инҷил ва инчунин забони арабиро меомӯхт, иштирок мекард. Вақте ки Ҷуброн Халил 8-сола буд, падараш ба сарпечӣ аз андоз муттаҳам шуда, ҳукми зиндон гирифт ва амволаш мусодира шуд, оилаи ӯ бе хона монданд ва ба хонаи хешу табор кӯчиданд. Пас аз чанде модари Халил Ҷубран тасмим гирифт, ки ба Иёлоти Муттаҳида муҳоҷират кунад. Падари нависанда соли 1894 озод шуд, вале ӯ ҷуръати муҳоҷиратро надошт ва дар Лубнон монд.
Аммо хонавода тасмим гирифт, ки муваффақияти барвақт метавонад ба ӯ таъсири манфӣ расонад ва бо тавофуқи муштарак Ҷуброн Халил барои анҷоми таҳсил ва омӯзиши арабӣ ба Лубнон баргашт. Соли 1904 Халил Ҷуброн ба навиштани мақолаҳо барои рӯзномаи арабии “Ал-Муҳаҷер” оғоз кард. Ҳамаи осори аввали нависанда ба забони арабӣ буданд, вале баъд аз соли 1918 аксари онҳо ба забони англисӣ нашр шуданд.
Соли 1937 дар шаҳри Москав шоираи Шӯравии рус Белла Аҳмадулина ба дунё омад. Вай яке аз бузургтарин чеҳраҳои адабии нимаи дуюми асри ХХ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Аз соли 1955 шеърҳояш чоп мешуданд. Аввалин касе, ки истеъдоди шоирии ӯро кашф кард, Павел Антоколский буд. Баъдан Е.Винокуров як даста шеърҳои ӯро дар маҷаллаи “Октябр” нашр намуд.
Соли 1957 мавриди интиқоди шадиди “Комсомолская правда” қарор гирифт. Соли 1959 бо ирсоли як номаи боз ба КМ КПСС хостори қатъи фишор ба Борис Пастернак шуд. Ин замоне буд, Пастернак барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт барои романи “Доктор Живаго” шуда буд. Аммо Никита Хрушев ба номаи Аҳмадулина посухи рад дод.
Соли 1962 аввалин китобаш нашр шуд, ду сол баъд Василий Шукшин дар филми “Писаре чунин зиндагонӣ мекунад”, ӯро дар нақши журналистбонуи ҷавон ба навор гирифт.
Аз рӯи филмномаҳои Аҳмадулина филмҳои “Стюардесса” ва “Толобҳои тоза” ба навор гирифта шудаанд.
Вай борҳо ба ҷонибдорӣ аз дигарандешони Шӯравӣ Андрей Сахаров, Лев Копелев, Владимир Войнович садо баланд кардаву дар нашрияи “Ню-Йорк-Таймс”, радиоҳои Озодӣ ва “Садои Амрико” баромад кардааст.
Соли 1989 барои маҷмуаи шеърҳояш бо номи “Боғ” барандаи ҷоизаи давлатии СССР шуд.
Вай ҳамчунин барандаи ҷоизаи Президенти Русия доир ба адабиёт ва Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия мебошад.
Шоираи маъруф яке аз муассисони баёзи адабии “Метропол” дар соли 1979 маҳсуб мешавад. Ӯ соли 1993 ҳамроҳ бо дигар ходимони маъруфи фарҳанги Русия зери санади маъруф ба “Номаи 42 нафар” имзо гузошта, дар он хостори манъи созмонҳои комунистиву миллатгароӣ ва таҳияи қонунҳои шадид алайҳи тарғиби фашизму адовати қавмӣ шуда буд.
Ашъори Ахмадулина аз ҷониби шоирони тоҷик тарҷума ва дар маҷмӯаҳо нашр шудааст.
Вай 29 ноябри соли 2010 дар Переделкино дар синни 73-солагӣ бар асари бемории дил вафот кард.
Соли 1950 дар деҳаи Аскалони ноҳияи Ғарм (ҳозира Рашт), шоир, рӯзноманигор, тарҷумон, Шоири халқии Тоҷикитсон Мӯҳтарам Ҳотам дида ба олам кушод.Вай соли 1968 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1972 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. То соли 1990, дар нашриёти «Ирфон»-у «Адиб» ба ҳайси муҳаррир ва мудири шуъба кор кардааст. Солҳои 1990-1996 раиси муассисаи нашаротии «Ориёно», 1996-1998 сардабири ҳафтавори «Роҳи умед» (ҳозира «Нақлиёт»), 1998-2000 муовини сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ходими ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» будааст. Солҳои 1983-1985 дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Аз моҳи апрели соли 2000 мудири Котиботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ мебошад.
Муаллифи китобҳои ашъори «Камароб» (1979), «Дилафшон» (1983), «Сапеда» (1989), «Як қалам сарнавишт – як қадам саргузашт» (1996), «Садуяксола шавӣ!» (1966), «Чашморӯ» мебошад. Ҳамчунин, намунаҳои ашъораш дар зиёда аз 50 маҷмӯаи дастҷамъӣ, аз ҷумла, «Тысяча родников» («Ҳазор чашма»; Маскав, 1999) «Бозгашти Ироншаҳр» (Ереван, 2003) ба чоп расидаанд. Роҷеъ ба таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон даҳҳо мақола ба табъ расондааст. Ҳаммуаллифи таърихномаи роҳи оҳан – «Роҳ дар масири асрҳо» (1999) мебошад.
Солҳои ахир ба таҳқиқи масоили сукунат ва муҳоҷирати ориёиҳо машғул буда, дар ин мавзӯъ асарҳои «Ориётоҷикон: 18000 сол пеш…» (2004) ва «Канобад (Конибодом) ва Райбат (Работ) дар «Шоҳнома» (2004), «Фасли пайванди вижаҳо» (2014)-ро мунташир сохтааст. Силсилаи мақолаҳояш «Муҳоҷирати бузурги ориёиҳо», ҳамчунин, рисолаи таҳқиқотиаш «Ҳувийяти миллӣ ва Ватани воқеӣ» дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Фарҳанг» ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.
Гулчини ашъори шоирони тоҷику арман «Дасти дӯст» (1989), дуоҳои тоҷикии «Сад дуову салом» (1985) ва «Толеъномаи хонавода» (2004)-ро мураттаб ва мунташир намудааст. Чанде аз ашъораш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, гурҷӣ, эстонӣ ва арманӣ тарҷума шудаанд.
Як идда шеъру ҳикоя ва осори манзуми адибони дигар кишварҳоро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи чанд достони «Илиада»-и Ҳомер, чанде аз шеърҳо ва достони «Фариштаи марг»-и М.Ю. Лермонтов, «Биҳишти муҳаббат»-и Р. Бёрнс, афсонаҳои мардуми русу Шарқи Дур – «Афсонаҳои даврони қадим» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Дар тарҷумаи ашъори А.С.Пушкин, И.Н. Некрасов, шоирони дигари рус, фаронсавӣ, булғорӣ, молдовӣ, литвонӣ, ӯзбек, гурҷӣ ва ғ. ширкат варзидааст.
Ширкатвари Конфаронси байналмилалии шоирон ва тарҷумонҳои адабиёти Литва дар шаҳри Вилнюс (1988), Конфаронси адибони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чимкент (1989), ҳамоиши адибони ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ –»Вохӯрии кӯчаки Иссиқrӯл» (1990), конфаронси тарҷумонҳо дар Маскав (1990) мебошад.
Бо медали «Хизмати шоиста» ва нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.
Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2019).
Шоири халқии Тоҷикистон (2022).
Соли 1953 дар Нюпорт муҳаррир ва нависандаи асарҳои тахайюлии англис Дэвид Лэнгфорд таваллуд шуд.
Соли 1966 дар манзили худ, дар синни 62-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ нависанда, романнависи маъруфи англис Ивлин Во тарки олам кард. Вай 28 октябри соли 1903 дар шаҳри Лондон ба дунё омада буд. Номи пурраи адиб Артур Ивлин Сент-Ҷон Во буд.
Романҳои “Пайкараи манфур”, “Ҳамлаи сиёҳ”, “Ҳангома”, “Бозгашт ба Брайдсхед”, “Елена”, “Шамшери ифтихор”, “Одамони мусаллаҳ” аз навиштаҳои ӯ мебошанд.
Таҳияи Б.Шафеъ