Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 10-уми декабр
Соли 1538 шоир ва дипломати итолиёвӣ Баттиста-Гуарини дар Феррара таваллуд шудааст. Машҳуртарин асари ӯ мазҳакаи фоҷиаомез бо номи «Пастор Фидо» ба шумор меравад, ки миёни солҳои 1580-1583 эҷод шудааст.
Соли 1745 нависандаи англис Томас Ҳолкроф ба дунё омадааст. Томас Ҳолкроф дар оилаи кафшдӯз дида ба олам кушода, дар зиндагӣ ба касбу кори гуногун машғул шудааст. Вай бо худомўзӣ забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ ва итолиёвиро аз худ кардааст.
Аввалин намоишномаҳояшро дар жанри мазҳака пешкаш кардааст. «Ишқ ва гуруснагӣ» (1778) ва «Дурӯягӣ» (1781) намоишномаҳое мебошанд, ки хонандагон гардонд хуш пазируфтаанд. Соли 1780 ӯ аз ҳаёти як санъаткори овора романи тарҷумаиҳолии «Элвин, ё мазҳакаи ҷентлмен»-ро (англ. «Alwyn, or the Gentleman Comedian») нашр кард.
Соли 1821 шоир ва нависандаи классики адабиёти рус, мақоланавис, Николай Некрасов дар Немирови вилояти Подолск таваллуд шудааст. Бо вуҷуди он ки аксари асарҳои ў пур аз тасвирҳои ғамангези дарду андўҳи одамонанд, онҳо таассуроти руҳбахше ба вуҷуд оварда, хонандаро ҳамеша ба ҳаяҷон меоранд.
Ӯ бо достонҳои «Дар Русия зистан ба кӣ хуб аст” «Сармои сурхбинӣ», «Занони рус», шеърҳои «Бобои Мазай ва харгўшон», «Роҳи оҳан» «Дар Волга» маъруф аст. Ашъораш асосан ба ранҷу азоби мардум, заҳмати тоқатфарсо ва пурмоҷарои деҳқонон бахшида шудаанд. Некрасов забони бою пурғановати халқӣ ва фолклориро ба назми рус ворид намуда, дар осори худ аз наср ва гуфтори мардуми одӣ – аз забони рӯзмарра то публистистика, аз забони омма то луғати шоирона, аз услуби суханварӣ то тақлидиву ҳаҷвӣ васеъ истифода бурда, фонди луғавии назми русро хеле васеъ кард. Некрасов аввалин касе буд, ки дар доираи як ашъор ва як шеър омехтаи далеронаи ангезаҳои мағмум, лирикӣ ва ҳаҷвӣ қарор дод, ки қаблан касе инро накарда буд. Ашъори ӯ ба инкишофи минбаъдаи назми классикии рус ва баъдан шӯравӣ таъсири назаррас расонд.
Соли 1830 шоири амрикоӣ Эмили Дикинсон ба дунё омадааст. Дар зиндагиаш аз як ҳазору ҳаштсад шеъри навиштаи ӯ фақат ҳафт ё даҳтои онро нашр кардааст. Ҳатто ҳамаи ин шеърҳои нашршуда аз таҳрири ҷиддӣ гузашт, то ба меъёрҳои шоирии он замон мувофиқ гардад. Шеърҳои Дикинсон дар назми муосир ҳамто надоранд. Бисёре аз шеърҳои ӯ дорои ангезаҳои марг ва ҷовидонӣ мебошанд.
Ҳарчанд аксари шиносонаш медонистанд, ки Дикинсон шеър менавишт, мизони кори ӯ танҳо пас аз маргаш маълум шуд, вақте ки хоҳари хурдиаш Лавиния дар соли 1886 асарҳои чопнашударо дарёфт кард. Нахустин маҷмӯаи ашъори Дикинсон дар соли 1890 нашр шуд ва аз ҷониби муҳаррирон ба таври ҷиддӣ таҳрир гардид; нашри пурра ва қариб таҳрирнашуда танҳо дар соли 1955 ба дасти хонандагон расид. Гарчанде, ки эҷодиёти ўро дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ интиқод мекарданд, айни ҳол Эмили Дикинсон аз ҷониби мунаққидон яке аз бузургтарин шоирони амрикоӣ дониста мешавад.
Соли 1891 дар Шёнеберг шоири олмонӣ Нелли Сакс таваллуд шудааст. Ў барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1966 ба шумор меравад. Ашъори машҳури ў «Дар хонаҳои марг», «Гирифтани ситора», «Касе намедонад баъд чӣ мешавад», «Фирор ва тағирот», «Муаммоҳои сӯзон» ба шумор мераванд.
Соли 1920 нависанда ва филмноманависи амрикоӣ Региналд Роуз ба дунё омадааст.Аз соли 1951 Роуз барои спектаклҳои телевизионӣ ва песахои театрӣ филмнома навиштааст. Барандаи ҷоизаи телевизионии Амрико “Эмми” ба шумор меравад. Ў муаллифи филми машҳури “12 марди хашмгин” мебошад.
Соли 1928 шоири словак Милан Руфус дар Заваҷнаи Поруб таваллуд шудааст.
Соли 1936 дар Рум, нависандаи итолиёвӣ, драматург Луиҷи Пиранделло дар синни 69-солагӣ даргузашт. Ў барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1934 ба шумор меравад.
Соли 1972 шоири рус Семён Исаакович Кирсанов вафот кард.Семён Кирсанов дар тўли ҳаёташ 64 китоб (бо нашрҳои такрорӣ) чоп кардааст. Баъди марги муаллиф солҳои 1974-1976 маҷмӯаи осораш дар чаҳор ҷилд нашр шуд . Пас аз як сол, нашри 22-юми силсилаи «Устодони тарҷумаи шўравӣ» китоби «Ҳосили шом: ашъори шоирони хориҷӣ» бо тарҷумаи Семён Кирсанов нашр гардид.
Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова