Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 10 – уми январ

Як рузи адабиётСоли 1738 нахустнамоиши мазҳакаи назмии «Le métromanie»  – и Алексис Пирон, ки онро Волтер “беҳтарин мазҳака пас аз Молйер” номидааст, баргузор гардид.

Соли 1797  шоир, насрнавис ва оҳангсози олмонӣ Аннетте фон Дросте-Хюлсхофф, дар қалъаи Хюлсхофф дар наздикии Мюнстер (Олмон) таваллуд шудааст. Аннетте дар хона таҳсил мекард, дар ҳоле ки барномаи таълимӣ ҳафт забони хориҷӣ (аз ҷумла лотинӣ ва юнонӣ), риёзӣ, таърих ва табиатшиносиро дар бар мегирад. Илова бар ин, амаки Аннетте, ки бастакори машҳур буд, ба ӯ асосҳои назарияи мусиқӣ ва эҷодро меомӯхт.

Асарҳои лирикии ў («Dichtungen», 1837, «Gedichte», 1844 ва сурудҳои динии Das Geistliche Jahr, 1852) ба беҳтарин асарҳое мансубанд, ки ба забони олмонӣ офарида шудаанд.

Повести «Judenbuche» (1842) ва асари калони эпикии ӯ бо сужаи таърихии хаёти шаҳри Мюнстер, ватани Дросте-Хулшоф «Ҷанги Ленербрух» («Die Schlacht am Loener-Bruch», 1838), низ хеле машҳур буданд.

24 майи соли 1848 дар синни 51 солагиаш вафот кардааст.

Соли 1866  Пётр Плетнёв – нависандаи рус, муҳаррири маҷаллаи «Современник» дар синни 74-солагӣ дар Порис даргузашт.

Соли 1883 нависандаи шӯравии рус Алексей Николаевич Толстой дар Николаевск таваллуд шудааст. Муаллифи романҳои иҷтимоӣ-психологӣ, таърихӣ ва илмӣ-таҳайюлӣ, повестҳо, асарҳои публисистӣ буд. Романҳои “Пётри якум”, “Сарсонию саргардонӣ”, “Нон”,  “Аэлита”, “Муҳоҷирон” мутааллиқ ба ӯянд.  Дорандаи се ҷоизаи сталинӣ (солҳои 1941, 1943; 1945 – баъди марг) буд. 23 феврали соли 1945 дар синни 62 солагиаш вафот кардааст.

Соли 1947  Ҷорҷ Алек Эффинҷер – нависандаи асарҳои илмӣ-таҳайюлии амрикоӣ дар Кливленд, иёлати Огайо ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаҷоизаҳои “Небюла” ва Хюго” буд. .

Соли 1951 нависандаи амрикоӣ Синклер Люис дар синни 65-солагӣ аз сактаи дил дар Рум даргузашт. Ў аввалин амрикоӣ ва нахустин фард аз қораи Амрико буд, ки муваффақ шуд ҷоизаи Нобел дар адабиётро дарёфт кунад.

 farhundaСоли 1955 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд шоираи тоҷик Фархунда (Саъдуллоева Ҳайитгул) ба дунё омад.  Ашъораш аз соли 1970 то имрӯз дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъии «Парасту» (1980) ва «Риштаборон» (1984), гулчинҳои ашъори муаллиф «Пероя» (1991), «Оинаи ҳамроз» (1998), «Ашки моҳ», «Ду хоҳарак», «Марҷона», «Ману абр», «Садафпора», «Гулғунча», «Гаҳворабандон», «Гулбонги розҳо» ва ғ. дастраси хонандагон гардидаанд.

Ба матни чанд шеъри ӯ ҳунармандони ҷумҳурӣ оҳанг офаридаанд. Чанде аз шеърҳояш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

gabriela-mistralСоли 1957  шоири чилӣ Габриэла Мистрал дар синни 67-солагӣ дар Ню Йорк даргузашт. Мистрал барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт  дар соли 1945 буд.

Габрила Мистрал дар соли 1889 дар Чилӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз синни 15 солагӣ оғоз омӯзгорӣ кард ва баъд аз сӯи омӯзишу парвариш Чилӣ ба унвони ройзани омӯзишӣ баргузида шуд.
Дар соли 1914 бо ғазалҳои сегонааш ба номи «Ғазалҳои марг» барандаи Ҷоизаи миллии шеъри Чилӣ шуд.
Мистрал дар соли 1945 ба хотири достони маъруфи «Дуо ба хотири онҳо, ки худкушӣ карданд», муваффақ ба дарёфти ҷоизаи адабии Нобел шуд.

Соли 1986  шоир, очеркнавис, рӯзноманигори чех Ярослав Сейферт дар синни 84-солагӣ дар Прага даргузашт. Сейфрент барандаи ҷоизаи Нобели аадабиёт дар соли 1984 буд.

ashur-safarСоли 1997 Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар тарки олам кард. Ӯ якуми майи соли 1928 дар деҳаи Работингаки ноҳияи Маскав (ҳозира Мир Саййидалии Ҳамадонӣ) ба ҷаҳон омадааст. Баъди мактаби миёна Донишкадаи муаллимтайёркунии Кӯлобро ба фарҷом расонда, муддате дар макотиби минтақа омӯзгорӣ кардааст. Соли 1958 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм карда, дар вазифаҳои нозири калони шуъбаи маориф, ходими адабии рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб», мухбири радиои ҷумҳурӣ дар навоҳии Кӯлоб, мудири шуъбаи маънавиёти рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб», директори Хонаи пешоҳангон, директори Бунгоҳи табиатшиносони ҷавони вилояти Кӯлоб иҷрои вазифа намудааст. Ҳамзамон, аз фаъолияти омӯзгорӣ дур нашуда, ба толибъилмон беш аз 50 сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Натиҷаи ҳамин хидматҳост, ки сазовори унвони фахрии «Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ» гардонида шудааст.

Фаъолияти эҷодии Ашӯр Сафар аз ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта оғоз ёфта, бо маҷмӯаи ашъори «Ибтидои роҳ» (1964) ба дунёи шеъру шоирӣ ворид омадааст ва ба гунаи мушоҳиди ҳассоси неку бади зиндагӣ рангомезиҳои сарнавишти инсонро дар шеъру таронаҳояш воқеъбинонаю шарикона ба қалам овардааст.

Шеъру қиссаҳои Ашӯр Сафар ҷанбаи пурқуввати лирикиву иҷтимоӣ дошта, дар маҷмӯаҳои «Ибтидои роҳ» (1964), «Илҳом» (1970), «Хандаи гулҳо» (1973), «Фарзанди аср» (1976) интишор ёфтаанд.

Беҳтарин намунаҳои эҷоди шоир дар китоби «Самари умр» (1980) ҷойгузин шуда, бо номи «Плоди жизни» («Советский писатель», Маскав, 1984) пешкаши хонандагони русизабон ҳам гардидааст.

Хонандагони хурдсол шеъру афсона ва чистонҳои бисёри шоирро, ки дар китобҳои «Дастёри додо» (1979), «Гулгардонӣ» (1989) ва «Э мойнӣ, мойнӣ» (1994) гирд омадаанд, азёд медонанду мехонанд.

Шеърҳои ҳаҷвии шоир аз намунаҳои беҳтарини ҳаҷвиёти адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд, ки маҷмӯаи «Гапи подор» (1987) гувоҳи даъвост.

Муаллифи маҷмӯаҳои «Гули Маҳтоб» (1983), «Базми садоқат» (1984), «Раиси Миралӣ» (1984), «Холи фатир» (1987), «Цветок луны» (ба забони русӣ, 1987), «Арзи меҳр» (ба ҳуруфи арабӣ, 1993), «Достони нотамом» (1993), «Китоби нохонда» (1995), «Рӯзи сиёҳ» (1994), «Андешаи зиндагӣ» (1997), «Хӯшаи нур» (1998), «Мунтахабот» (2003), «Борони ҳидоят» (2008) аст.

Маҷмӯаи «Арзи меҳр» (1994)-аш сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардида, «Гулчини ашъор» (1997)-аш дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидааст.

Шоири халқии Тоҷикистон (1991).

Дар Кӯлоб Китобхона-осорхона, хиёбон, нимпайкара ва дар Душанбе кӯчае номи ӯро доранд.

Таҳияи Мадина ҲАМИДОВА