Як рӯзи адабиёт дар  таърихи башар. 11-уми феврал

Як-рузи-адабиёт-11-02-2025Рӯзе, ки дар фосилаи 15 сол ду адиби шуҳратёри башар: Ҳори Мортинсон ва Силвия Плат худкушӣ карданд. Силвия 30 – сола буд, Мортинсон 73-сола.  Иллати худкушии Силвия Плат чандон маълум нест. Аммо даст ба худкушӣ задани Мортинсон, ки барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт буд, фоҷеа аст. Дар бораи ҳар кадом алоҳида нақл мекунем.

Соли 1953 дар шаҳри Москав нависанда ва мунаққиди адабии рус Алексей Михеев ба дунё омад. Ӯ солҳои 2005-2008 сардабири маҷаллаи машҳури Иностранная литература” ва узви Академияи адабӣ (довари ҷоизаи “Китоби бузург” (Большая книга) буд.

Сильвия Плат
Соли 1963 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир шоир, романнавис, нависандаи достонҳои кутоҳи амрикоӣ Силвия Плат худкушӣ кард. Вай ҳамагӣ 30 сол дошт. Аз ӯ дар замони зинда буданаш танҳо ду китобаш чоп шуд, ки яке аз он романи саргузаштии “Ҳубоби шиша” буд. Ин роман ҳамагӣ чанде пеш аз маргаш мунташир шуд.  Маҷмуаи шеърҳояш соли 1981 чоп шуд, ки кулли ашъори то кунун чопнашудаи ӯро дар мегирифт. Барои ин маҷмуаи шеърҳо соли 1982 ҷоизаи Пулисерро соҳиб шуд ва ӯ чорумин шахсе дар таърихи эътои ин ҷоиза мебошад, ки баъди маргашон мукофотонида шудаанд.

Осори ӯ дар ин китобҳои ҷамъоварӣ ва чоп шудаанд: “Бачаи ғул”, “Клосс ва дигар шеърҳо”, “Ориэл”, “Гузар аз об”, “Дарахтони зимистонӣ”, Маҷмуаи ашъор”, ин китобҳо барои бачаҳо: The Bed Book (1976), The ItDoesntMatterSuit (1996)

Соли 1993 дар Белград дар синни 94-солагӣ нависанда ва шоираи серб Десанка Максимович аз олам гузашт.

Соли 1657 дар Руан нависанда ва олими фаронсавӣ  Бернар Фонтенел ба дунё омад. Вай ҷияни Пйер Корнел – шоир ва намоишноманависи Фаронса буд. “Гуфтугӯҳои мурдагон” (иборат аз гуфтугӯҳои хаёлии бархе аз шахсиятҳои таърихӣ), “Гуфтугӯҳое дар олами сукут” (дар бораи омӯзишҳои нуҷумӣ ва фалсафӣ) аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Ин сухан аз ӯст: “Барои ман  зеботарин рӯзҳо он рӯзе аст, ки аз натиҷаи кори худ дар он рӯз хурсанд бошам”.

Александр ГрибоедовСоли 1829 дар шаҳри Теҳрон шоир, нависанда, намоишноманавис, дипломат, забоншинос, адабиётшинос муаррих, шарқшинос, пианинонавоз ва оҳангсози рус Александр Грибоедов кушта шуд.

Шоир бо песаи худ “Дод аз дасти ақл” (1824) машҳур аст, ки то ҳол дар театрҳои Русия аксар вақт намоиш дода мешавад. Он ҳамчун манбаи ибораҳои сершумор хидмат мекард. Дар синни 6-солагӣ ӯ се забони хориҷӣ, дар ҷавониаш шаш забони хориҷӣ, бахусус забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва итолиёиро хуб медонист. Вай забонҳои лотинӣ ва юнониро хеле хуб мефаҳмид. Грибоедов дар хона таҳти роҳбарии олим-энсиклопедист И.Б.Петросилиус таълим гирифтааст.

“Ҳамсарони ҷавон”, “Донишомӯз”, “Ҳама дар хонавода”, “Дод аз дасти ақл”,  ки баъзеро дар ҳамкорӣ бо дигарон навиштааст, аз бештарин намоишномаҳои ӯ мебошанд.

Намошномаи Грибоедов “Дод аз дасти ақл” борҳо дар театрҳои Тоҷикистон низ ба саҳна гузошта шудааст.

Сидни Шелдон
Соли 1917 дар шаҳри Чикаго нависанда ва филмноманависи амрикоӣ Сидни Шелдон ба дунё омад. Вай 89 сол умр дид ва муаллифи 30 филмнома, 250 филмномаи телевизионӣ ва 10 намоишнома мебошад.

Шелдон пеш аз он ки ба навиштани романҳо оғоз кунад, намоишномаву филмномаҳо менавишт. Чун беҳтарин филмноманавис  барандаи ҷоизаи Оскар шудааст.

Дар достоннависӣ як адиби муваффақ буд ва бо 19 роман ҳафтумин нависандаест, ки асарҳояшон пурфурӯштарин ба ҳисоб мераванд.

Шелдон ҳамчунин муаллифи 30 филмнома, 250 филмномаи телевизионӣ ва 10 намоишнома мебошад.

Ношири осораш ҳисоб кардааст, ки то замони маргаш романҳои ӯ 275 миллион нусха нашр шуда, дар китобфурӯшиҳои дунё ба фурӯш рафтаанд.

Урёнчеҳра”, “Он сӯи нимашаб”, “Хати хун”, “Агар фардо биёяд”, “Хотироти нимашаб”, “Ситораҳо медурахшанд”, “Ҳеч чиз ҷовидона нест”, “Субҳ, зуҳр ва шаб”. “Беҳтарин нақшаҳои ҳисобшуда”. “Осмон ба Замин меояд-дунё ба охир мерасад”, “Тарс аз торикӣ” аз ҷумлаи беҳтарин романҳои Синди Шелдон мебошанд.

Синди Шелдон соли 1947 барои филмномаи “Марди муҷаррад ва духтари ҷавон” ҷоизаи Оскарро соҳиб шуд.

Шелдон бори аввал бо Ҷейн Кауфман Ҳардинг издивоҷ кард. Баъдҳо дар хотироташ навишт, ки “баъди як моҳи хонадорӣ ману Ҷейн ба ин натиҷа расидем, ки ҳарду ҳам дар интихоб иштибоҳ кардаем. Мо нуҳ моҳи ояндаро беҳуда гузаронидем ва ҳамвора худро маҷбур мекардем, ки ин зиндагии мо хуш гузарад. Вале беҳуда буд”.

Бори дуюм бо Ҷорҷи Картрайт ҳамхона шуд ва бо ӯ муддати 30 сол зист. Картрайт ҳунарманди синамо буд, вале баъдтар касбашро бо дизайнерӣ иваз намуд. Соли 1985 бар асари сактаи қалбӣ аз олам рафт.

Соли 1989 Синди Шелдон бори сеюм издивоҷ кард ва ҳамсари наваш Александра Костофф ном дошт. Ягона фарзанд – духтаре бо номи Мэри Шелдон аз хонуми сеюмаш ба дунё омад.

Сафияи-НосирСоли 1942 дар шаҳри Самарқанд нависандаи маъруфи тоҷик  Сафияи Носир ба дунё омад.

Дар мактаби миёнаи №15 таҳсил ва Донишгоҳи давлатии ба номи Алишери Навоиро хатм кардааст. Соли 1962 Душанбе омада, дар маҷаллаи «Машъал» ба кор шуруъ намудааст.

Ҳикояи аввалини ӯ «Мукофоти ишқи пок» соли 1962 дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» ва маҷмӯаи «Мужда» дарҷ гардидааст. Минбаъда ҳикояҳои ӯ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва баёзу маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. То нафақа баромадан дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон»-у «Комсомоли Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал», «Занони Тоҷикистон» (ҳозира «Фирӯза»), «Чашма» ва Кумитаи давлатии радиову телевизони ҷумҳурӣ кор кардааст.

Соли 1990 қиссаи «Мӯъҷизакорони кӯчак»-аш дар шакли китоби алоҳида ба дасти хонандагон расидааст. Маҷмӯаи ҳикояҳояш «Мукофоти ишқи пок» (1997), «Танӯри осмон» (2001), «Духтаре аз гӯшаи фаромӯшӣ» (2004) интишор ёфтаанд.

Соли 2005 «Минбари Насим» ном китоби дигари ӯ ба дасти чоп расидааст, ки дар он аз «машғулияти фориғи кор»-и ҳамсараш – нависанда Насим Раҷаб бо зарофату самимият ҳикоят кардааст. Баъдан маҷмӯаи ҳикояҳояш «Сози муҳаббат» (2012), «Гаҳворабандон» (2013), «Зарофаяки нодон» (2013) рӯи чоп омадаанд.

Муаллифи романҳои «Садди Искандар», «Заркосаи шикаста», қиссаҳои «Зиндашӯю мурдашӯ» ва «Қосиди хиёнатгар» мебошад.

Чанде аз офаридаҳояш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.

Худаш баъзе асарҳои адибони рус ва ҷумҳуриҳои дигари шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи нишони «Сухан».

Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1978 дар шаҳри Стокголм дар синни 73-солагӣ нависанда ва шоири шведӣ Ҳори Мортинсон даст ба худкушӣ зад. Вай ҳамроҳ бо нависанда ва публистисти швед Эйвинд Юнсон барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1974 шуда буд. Ҷоизаи муштараки онҳо баҳсҳои фаровонеро ба ҳамроҳ дошт. Ин ҷоиза дар ҳоле ба онҳо тааллуқ гирифт, ки чандин нафар, аз ҷумла романнавис ва нависандаи машҳури достонҳои кутоҳи русу амрикоӣ Владимир Набоков низ номзад ба ин ҷоиза буданд.

Мавҷи эътирозу интиқодҳоро тавони бардошт накард, рӯҳияи ӯ он замон қодир ба таҳаммули ин ҳамаро надошт ва бо пора кардани шиками худ бо қайчи ба ҳаёти худ поён дод.

Табиат”, “Роҳе ба сӯи ҳукумати зангҳо”, “Гулҳои газанда”, “Видоъ бо димоға”, “Роҳ” аз ҷумлаи китобҳои ӯ мебошанд.

Соли 1986 дар шаҳри Мэдисони иёлат Висконсин дар синни 65-солагӣ бар асари беморӣ ва баъди амали ҷарроҳии саратони ғадуди зери меъда нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Фрэнк Герберт аз олам рафт.

Таҳияи Б.Шафеъ.