Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 11-уми июли соли 2023

Як-рузи-таърих-11-07-2023Соли 1561 шоири испонии давраи барокко  Луис де Гонгора-и-Арготе ба дунё омад. Барокко (итол. Barocco) равише аз ҳунарҳои меъморӣ, наққошӣ, мусиқӣ ва муҷассамасозӣ аст, ки дар Аврупо густариш ёфта буд.

Эҷодиёти Гангорро маъмулан ба ду давра: “равшан” (то соли 1610) ва “торик” ҷудо мекунанд. Дар давраи аввал вай шеърҳои ғаноӣ ва ҳаҷвӣ менависад, сонетаҳои анъанавӣ ва романсҳо эҷод мекунад. Ҳосили давраи дуюми эҷодиёти вай “Қасида дар бораи ишғоли Лараче” мебошад, ки соли 1610 навишта шудааст. Достони ҳамосавии “Гуфтор дар бораи Полифев ва Галате” (1613) низ маҳсули ҳамин давраи эҷодиёти ӯ мебошанд.

Соли 1824  дар губернияи Ярославск шоири рус хонум Юлия Валериановна Жадовская таваллуд шуд. Вай хоҳари нависандаи рус Павел Жадовский буд.

Жадовская аз ҷумлаи ҳамон бонувони босаводи замони худ буд, ки миёни мардум ангуштнамо гашт. Фарқияти ӯ аз бонувони дигари босавод муҳаббаташ ба адабиёт ва истеъдоди навиштани шеъру достон буд ва хуб ҳам менавишт, ки имрӯз аз ӯ чун як бонуи ҳунарманд ва соҳибистеъдод ёд мекунанд.

Юлия ЖадовскаяҚаҳрамони лирикии шеърҳояш худи ӯянд. Мавзӯи шеърҳояш гиря барои ҳамон ишқест, ки дар айни шукуфоӣ мурдааст, ёдҳо ва хотираҳо аз шахсе, ки як замон дӯст медошт, итоат ба сарнавишт, умед ба ҳадяи хушбахтӣ аз Худованд ва шиква аз ҳаёте, ки якрангу якнавохт аст…

Жадовская наср ҳам навиштааст, ҳарчанд мунаққидон мегӯянд насри ӯ ба сони назмаш пуробуранг нест. Аввалин повести ӯ “Ҳодисаи одӣ” номида шуда аз ишқи як дворяниндухтар ба хидмтгори хонаи онҳо нақл мекунад.

Дар романи ӯ “Каноратар аз олами бузург” низ ҳамин мавзӯъ пайгирӣ шудааст. Боз ҳам сарватманддухтаре ба муаллими ҷавону фақир дил мебандад, вале онҳо ба мурод намерасанд.

Ду асари насрии дигари ӯ бо номҳои “Хушбахтии занона” ва “Ақибмонда” ҳеч комёбие надоштанд, хуш қабул нашуданд ва ин Жадовскаяро дилгир кард ва ӯ дигар аз навиштан даст кашид.

Соли 1825 дар Тифлис нависанда, намоишноманависи арман Габриэл Мкртичевский зода шуд. Ӯро асосгузори реализми танқидӣ дар адабиёти арман меноманд.

Вай дар хонаводаи тоҷири сарватманд ба дунё омад. Муддати 4 сол дар шуъбаи шарқии факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи Петербург таҳсил кард, дараҷаи илмии номзади забонҳои шарқро соҳиб гашт ва аз соли 1850 то 1858 саргарми корҳои тарҷумонӣ шуд.

“Шоми Варенкин”, “Суҳбатҳои Адида” номи ду повести ӯ мебошад.

Намоишномаҳои ӯ бо забонҳои зиёди олам тарҷума шудаанд ва гуфта мешавад, ки дар наср ӯ дар навиштани пйесаҳо муваффақтар буд.

“Воҳима”, “Оксан Петрович дар он дунё”, “Боз як қурбонии дигар”, “Ҳамсарон”, “Муҳаббат ва озодӣ”, “Васият” номи чанде аз номоишномаҳои ӯст.

Соли 1844 дар Неапол дар синни 44-солагӣ шоир ва тарҷумони рус Евгений Баратинский аз олам гузашт. Вай бино ба баъзе маълумот 2-уми март ва ба навиштаи сарчашмаҳои дигар 19 марти соли 1800 дар губернияи Тамбов ба дунё омада буд.

Соли 1890 шоир, тарҷумон ва намоишноманависи Литва, бандии ГУЛАГ Пятрас Вайчюнис таваллуд шуд. Ӯ муаллифи бештар аз 20 намоишнома аст, ки 16 намошномаи онро театрҳои гуногун ба саҳна гузоштаанд.

Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ дар Литва директори Китобхонаи Академияи илмҳои Литва буд.

Соли 1945 аз вазифа барканор шуд. Солҳои охири умр барои асарҳояш мавриди интиқодоти шадид қарор мегирифт ва чопи осораш манъ шуда буд.  

Соли 1959 дар синни 69-солагӣ тарки олам кард.

Аббас СиххатСоли 1918 дар Ганҷа ба асари сактаи қалбӣ шоир, намоишноманавис ва тарҷумони аҳли Озарбойҷон Аббос Сиҳҳат вафот кард. Вай намояндаи равияи адабии романтизм дар адабиёти Озарбойҷон буд.

Санаи дақиқи таваллудаш маълум нест. Мегӯянд соли 1874 дар шаҳри Шамохӣ дар хонаводаи муллои ҳамин шаҳр ба олам омадааст. Дар шаҳрҳои Машҳад ва Теҳрони Эрон дар риштаи тиб таҳсил кардааст. Вале баъди бозгашт ба зодгоҳаш аз тиб дур шуда, муаллимӣ кардааст ва аз фанни забон ва адабиёти Озарбойҷон дарс гуфтааст.

Аввалин навиштаҳояш соли 1903 рӯи чоп омадаанд. Соли 1905 мақолаи ӯ бо номи “Шеъри нав бояд чӣ гуна бошад?” чоп шудааст ва баъдан шеърҳои “Нутқи шеърӣ”, “Қасидаи озодӣ”, “Садои бедорӣ” мунташир шудаанд.

Нахустин маҷмуаи шеърии ӯ бо номи “Сози шикаста” ва тарҷумаҳояш аз шоирони русу Аврупо бо номи “Офтоби Ғарб” соли 1912 чоп шудааст.

Шеъри Саъдиву Ҳофиз, Низомӣ ва дигар саромадони адабиёти форс ба Аббос Сиҳҳат таъсири шигифтовар ба ҷой гузошта, ҳарчанд аз осори шуарои турк ҳам зиёд истифода кардааст.

“Камбағалӣ айб нест” (пйеса) дар тақлиди асари ҳамноми Островский, “Офтоби Ғарб”, “Фаввораи нафтӣ” (мазҳака), “Сози шикаста” номи чанд китоб ва асари ӯ мебошад.

Суҳайлӣ-ҶавҳаризодаСоли 1964 шоир маъруфи тоҷик, намоишноманавис ва тарҷумон Суҳайлӣ Ҷавҳаризода аз олам даргузашт. Вай 5 октябри соли 1900 дар шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан), дар хонадони шоири номӣ Зуфархон Ҷавҳарӣ (1860-1945) ба ҷаҳон омада буд.

Соли 1933 маҷмӯаи аввалини ашъораш «Таронаи зафар», соли 1935 достонҳои «Камбағал» ва «Зафар», баъдан маҷмӯаҳои шеърии «Фатҳнома» (1936), «Тӯҳфа» (1937), «Гулдаста» (1939), «Бӯстон» (1940)-аш ба табъ расидаанд. Драмаи «Пионер Содиқ» соли 1939 чоп шудааст. Солҳои ҶБВ маҷмӯаи шеърҳои «Тӯҳфа ба қаҳрамонони Ватан» (1944) ва достони «Қувваи дӯстӣ» (1944)-ро пешниҳоди хонандагон намудааст.

Солҳои баъд зиёда аз бист маҷмӯаи шеърҳояш ба табъ расидаанд, ки «Баҳори Ватан» (1951), «Баҳори дӯстӣ» (1956), «Қисмати Карим» (1958) «Ҷӯянда-ёбанда» (1963), «Оинаи хандаҳо» (1965) ва ғ. аз он ҷумлаанд.

Чанд китобаш дар Маскав (ба русӣ) чоп шудааст. Шеъру достонҳои алоҳидаи А. Пушкин, М. Лермонтов, Н. Некрасов, И. Крилов, К. Чуковский, А. Барторо ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1935 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1971 дар синни 61-солагӣ нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Ҷон Кэмпбелл аз олам гузашт. Вай 8-июни соли 1910  дар шаҳри Нюарк (иёлати Ню-Ҷерси)  ба дунё омада буд.

Ӯро ташаббускори асри тиллоии асарҳои тахайюлии амрикоӣ меноманд. Соли 1932 баъди хатми донишгоҳ соҳиби дипломи физика шуд, вале ҳамон замон алакай чун нависандаи тахайюлнавис шуҳрат ёфта буд.

Пер-ЛагерквистСоли 1974 дар Стокҳолм дар синни 83-солагӣ нависандаи швед Пер Лагерквист вафот кард. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1951 буд.

Лагерквист  дар сосаш бештар бо масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва ақидатие монанди масъалаи хайру шар дар вуҷуди инсон даргир буд.

Вай 23-уми майи соли 1891 дар шаҳре бо номи Векшё, воқеъ дар ҷануби Шветсия, қаламрави вилояти Смоланд ба дунё омада буд.

Асарҳои Лагерквист аломатҳои равияҳои фалсафӣ ва эстетикии кубизм (ҳаҷмгароӣ), экспрессионизм (ҳаяҷоннамоӣ,баёнгароӣ) ва эсзистенсиализм (вуҷудгароӣ)-ро дар бар мегиранд, вале онҳоро ба куллӣ наметавон бастаи ин ё он ҷараён донист.

Хусусиятҳои вижа ва фарқкунандаи услуби адабии нависанда устура, намодгароӣ мебошад.

Муҳимтарин асари адиб “Пакана” ном дорад.

Лагерквист  ба далели наздикӣ ва сукут дар пӯшиши ояндаҳои халлоқонааш қобили таваҷҷуҳ буд. Ин навишта аз ӯст: “Ман ба эҷодиёти худ дахолат намекунам”.  

Соли 2008 дар шаҳри Москав дар синни 76-солагӣ нависандаи Шӯравӣ Анатолий Приставкин тарки олам кард.

Соли 2010 шоир ва тарҷумони тоҷик Басир Расо аз олам даргузашт Вай         13 июли соли 1931 дар деҳаи Бунигаҳи деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд ёфта буд. Тарбиятгирандаи хонаи бачагон  ва ансамбли этнографии бачагонаи Помир будааст. Солҳои 1949-1951 дар Кумитаи созмони ҷавонони Ванҷ мудири шуъбаи мактабҳо будааст. Аз соли 1956, баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, то соли 1962 дар маҷаллаи «Хорпуштак» ва рӯзномаи «Маориф ва маданият» дар вазифаҳои ходими адабӣ, мудири шуъбаи адабиёт ва котиби масъул кор кардааст. Аз соли 1964 то рӯзҳои вопасини умраш сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» буд.

Басир РасоШеърҳояш аз соли 1954 дар матбуот ва маҷмӯаҳои «Боргоҳи нур» (1968), «Нидои дӯст» (1981), «Баҳори орзу» (2004) ба табъ расидаанд.

Ашъори алоҳидаи Э. Чаренс, Л. Гурунтс, Н. Зарян, Г. Эмин ва ҳамосаи қаҳрамонии арман «Довуди Сосунӣ»-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Мураттиби антологияи назми арман «Сози Наири»-ст.

Шеърҳои алоҳидааш ба забонҳои русӣ, арманӣ, гурҷӣ, булғорӣ, украинӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Корманди шоистаи фарҳанг ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон.

Бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1981), «Дӯстии халқҳо» (1977), «Нишони фахрӣ» (1971), медали «Барои меҳнати шоён» ва Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.