Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 11-уми май
Соли 1861 шоир, нависанда ва рӯзноманигори рус Николай Андреевич Панов ба дунё омад. Вай муддате хабарнигори газетаи «Сызранский листок объявлений» буд, аз 1 октябри соли 1892 китобхонаи Лермонтов дар Пенза ифтитоҳ шуд ва Панов муддате чанд он ҷо корманд буд. Соли 1893 ба Петербург омад ва дар вазифаи котиби масъул дар маҷаллаи “Колося” ва маҷаллаи “Семянин” кор кард.
Аввали китобаш соли 1896 нашр шуд. Ғайр аз шеър вай бо мақолаҳо, ҳикояҳо, фелетонҳо менавишт. Китоберо ҳам дар шакли романи назмӣ бо номи “Владимир Волгин” навишт ва чоп кард. “Тантанаи онҳо” номи як фоҷеаи ӯ мебошад.
Дар умум вай шаш маҷмуаи шеър, намоишнома ва романи назмӣ навиштааст.
29 августи соли 1906 аз олам гузашт.
Соли 1864 дар Баллинтемпл нависанда, танҷумон ва бастакори англис Этел Лилиан Войнич ба дунё омад. Вай духтари олим ва профессори англис, риёзидони маъруф Ҷорҷ Буля, ҳамсари Вилфред Войнич буд. Азбаски ҳамагӣ баъди як соли таваллудаш падараш аз дунё гузашт, ӯ аз падар хотироте надорад. Модараш духтари профессори забони юнонӣ буд. Вай панҷ фарзанди ятими худро ба танҳоӣ калон кард. Аз ин рӯ, вақте синни духтари кӯчакаш Этел ба 8 расид, ӯро ба назди бародари шавҳари марҳумаш, ки хеле як одами диндор ва дар тарбия сахтгир буд, бурд.
Соли 1882 Этел дар консерваторияи Берлин пианино вадарси забон, адабиёт, фолклор омӯхт.
Баъдан ба Лондон рафт, дар ҷамъомадҳои муҳоҷирони сиёсӣ, ки дар миёни онҳо инқилобии рус Сергей Кравчинский низ буд, ширкат намуд. Вай ба Этел дар бораи кишвараш хеле зиёд қисса кард ва ин нақлҳо Этелро ба тамошои Русия шавқманд намуд ва соли 1887 ба империяи Русия сафар кард. Ду сол дар Русия монд, муаллими мусиқӣ буд ва ба корҳои дигар саргарм шуд.
Соли 1902 бо дорусоз Михаил Войнич ба шавҳар баромад. Ин замоне буд, ки Войнич аз бадарғаи Сибир фирор кардаву ба Англия мустақар шуда буд.
Машҳуртарин асари Этил Войниз романи “Хармагас” мебошад, ки соли 1897 милодӣ аввал дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва каме баъдтар дар Британияи Кабир чоп шуд. Ин роман дар бораи фаъолиятҳои пинҳонкории созмони инқилобии”Италияи ҷавон” дар нимаи аввали асри 19 нақл мекунад ва интиқоди шадид аз масеҳият дорад.
Ин роман ба забони тоҷикӣ низ тарҷума ва нашр шудааст.
“Дӯстии гусасташуда”, “Ҷек Реймонд”, “Оливия Лэтам” асарҳои дигари Этел Лилиан Войнич мебошанд.
27 июли соли 1960 дар синни 96-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1895 дар шаҳри Лвов нависанда, мақоланавис ва тарҷумони аҳли Лаҳистон Ян Парандовский ба дунё омад. Вай писари ғайриникоҳии кашиш ва профессори Донишгоҳи Лвов Иван Бартошевский ва Юлия Парандовская буд. Таҳсилкардаи донишгоҳи Лвов. замоне, ки донишҷӯ буд дар ковишҳои зиёде дар қаламрави Аврупо ширкат кард Оғози Ҷанги якуми ҷаҳон таҳсили ӯро ҳам барбод дод. Вай танҳо соли 1920 имкон ёфт ба таҳсилаш идома диҳад.
Аввалин мақолаи ӯ дар бораи Жан Жак Руссо соли 1913 мунташир шуд. Баъдан диққати ӯро осори замони қадим ба худ ҷалб кард ва мақолоти зиёде дар ин бора навишт. Китоби “Мифология”-и ӯ миёни хонандагону пажӯҳишгарон маъруфият пайдо кард.
Соли 1978 тарки олам кард.
Соли 1906 дар Севастопол нависанда ва намоишноманвиси шӯравии рус Вера Казимировна Кетлинская таваллуд шуд. Вай барандаи Ҷоизаи Сталин (дараҷаи се) дар соли 1948 буд.
Фаъолияти кории худро аз синни 13-солагӣ оғоз кардааст. Аввалин повесташ “Натка Мичурина” соли 1929 интишор ёфта, ки ба мавзӯи коргарони ҷавон бахшида шудааст.
Соли 1936 аз сафи Иттиҳоди нависандагон хориҷ карда шуд ва соли 1939 дубора барқарор шуд.
“Духтар ва комсомол”, “Натка Мичурина”, “Таърихи як лагер”, “Мардонагӣ”, “Дар яке аз бомҳо”, “Дар муҳосира”, “Рӯзҳои ҳаёти мо”, ”Дигаргуна наметавон зист”, “Дуруд ҷавонӣ” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.
Соли 1916 нависанда, публистисти испонӣ Камило Хосе Села ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1989 буд. Бисёре аз асарҳои худро ба насли соли 1898 бахшидааст. Насли 98 истилоҳест, ки як гурӯҳ нависандагон испонӣ ба он солҳое додаанд, ки шикасти империяти Испанияро таҳаммул намуданд. Замоне, ки Испания дар ҷанги испанияву Амрико шикаст хӯрд ва Кубаро аз даст дод.
Села Мигел де Унамуо (файласуф ва адиби Испания) ва Пио Барахоуро (нависадаи аҳли Испания ва ёке аз чуҳраҳои маъруфи насли 1898) муаллимони худ медонист. Борҳо гуфтааст, ки асарҳои Сервантес, романҳои Достоевский ва Толстойро ба шавқ хондааст ва баъзеро батакрор мехонад. Ва ҳамин мутолиаҳои аввал ва солҳои ҷавонӣ ӯро нависанда карданд, ки дар чанд мусоҳиба ба такрор зикр кардааст.
Романҳои “Хонаводаи Паскуаля Дуарте”, “Канду”, “Афлесунҳо меваҳои зимистонӣ” мутааллиқ ба ӯ мебошанд.
Соли 1911 дар деҳаи Равонаки ноҳияи Самарқанд донишманди маъруфи тоҷик Холиқ Мирзозода таваллуд шуд. Вай соли 1935 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Баъдан муаллим, мудири кафедраи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, ходими калони илмӣ ва мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи илмҳои омӯзгории Тоҷикистон будааст.
Соли 1946 дар мавзӯи эҷодиёти Шоҳин рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Муддати мадиде мудири кафедраи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, чанде директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, корманди илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои омӯзгории Вазорати маорифи ҷумҳурӣ будааст.
Солҳои охир дар зодгоҳаш зиндагию эҷод карда, ба навиштани хотираҳояш машғул буд.
Соли 1968 рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.
Мақолаи аввалинаш соли 1934 ба табъ расидааст. Дар масъалаҳои умда ва мубрами адабиёт мақолаҳои зиёде навиштааст, ки дар китобҳои «Аҳамияти адабиёт дар тарбияи атеистӣ» (1961), «Мулоҳизаҳо дар бораи адабиёт» (1963), «Ақидаҳои зиддидинӣ дар адабиёти тоҷик» (1966), «Адабиёт аз нуқтаи назари ҳаёт» (1973), «Афкори рангин» (1982), «Адабиёт, таълим ва тарбия» (1983) ва ғайра гирд омадаанд.
Рисолаҳои «Шамсиддин Шоҳин» (1956), «Рӯдакӣ – асосгузори адабиёти классикии тоҷик» (1958), «Адабиёти классикии тоҷик» (1958), «Ҳабиб Юсуфӣ» (1960), «Материалҳо аз таърихи адабиёти тоҷик» (1962), «Мирсаид Миршакар» (1962) ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Дар офариниши «Очеркҳои адабиёти советии тоҷик» (1957) ва «Таърихи адабиёти советии тоҷик», “Инкишофи жанрҳо» (1984) саҳми шоиста гузоштааст.
Мунтахаби осори Ҳофиз (1957), Шоҳин (1959), Убайди Зоконӣ (1963)-ро барои чоп омода кардааст. Муаллифи чанд китоби дарсӣ будааст.
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1978), Муаллими шоистаи Тоҷикистон (1958). Бо нишону ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
Аз соли 1944 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Моҳи декабри соли 1994 аз олам даргузашт.
Соли 1951 дар шаҳри Душанбе донишманди тоҷик Азим Амин ба дунё омад. Соли 1974 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм карда, чанде корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, баъдан аспиранти Донишкадаи адабиёти ҷаҳони ба номи Максим Горкий (Маскав) буд. Рисолаи номзадии худро низ он ҷо ҳимоя кардааст.
Муаллифи рисолаи «Рубоӣ ва лирикаи фалсафӣ дар шеъри тоҷики даврони шӯравӣ» (1988), чандин китоби дарсию дастури таълим мебошад.
Чанде аз мақолаҳояш дар нашрияҳои Маскав ба табъ расидаанд.
Аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1954 дар Истамбули Туркия дар синни 47-солагӣ бар асари сиррози ҷигар ва истифода беш аз меъёри машруботи спиртӣ нависанда ва омӯзгори турк Сайид Фоиқ Абасияник аз олам рафт. Вай дар оилаи тоҷир ба дунё омада буд. Соли 1928 ба факултаи туркшиносии донишгоҳи Истамбул дохил шуд, вале соли 1930 зери таъсири падараш барои омӯзиши фанни иқтисод озими Швейтсария гардид, аммо ба зудӣ тарки таҳсил кард ва муддати се сол дар Фаронса зист. Баъди бозгашт ба ватан дар як мактаби арманӣ муаллифи забони туркӣ шуд. Талошаш барои кори тиҷоратӣ ҳеч муваффақияте надошт. Аз соли 1934 вақти худро ба эҷоди асарҳои адабӣ сарф кард ва аввали маҷмуаи ҳикояҳояш бо номи “Самовор” соли 1936 нашр шуд.
Умри дароз надид, 46 сол дошт аз бемории ҷигар ва истеъмоли беш аз меъёри машрубот фавтид.
Аммо ӯро як аз барҷастатарин адибони турк медонанд, ки дар ташаккули насри муосири турк саҳм гирифт. Ҳикояҳои ӯ бештар мавзӯи башардӯстиро тарғиб мекарданд ва ҳам қиссаҳои хотирмоне аз ҳаёти кӯдакону наврасон, фақирону бенавоён ва бекорон навишт.
Романҳои “Ҷустуҷӯи шахси гумшуда”, “Гирдгардиши зиндагӣ” аз ӯ мебошанд. Вай ҳамчунин муаллифи чандин маҷмуаи ҳикояҳо, аз ҷумла “Самовор”, “Обанбор”, “Одами зиёдатӣ”, “Абрҳо дар осмон”, “Парандаҳои охирин”, “Морҳои кӯҳи Алемдаг”, “Начандон ширин” мебошад, ки дар замони зиндагӣ ва пас аз марги ӯ чоп шудаанд.
Маҷмӯаи шеърии “Вақти муҳаббат фаро расид” низ аз ӯст.
Соли 1967 ҳуқуқшинос, додситон, нависанда ва филмноманависи Шӯравӣ Лев Романович Шейнин вафот кард. Вай дар як хонаводаи яҳудӣ дар деҳаи Брусановка ба дунё омада буд. Соли 1921 ба Москав рафт ва он ҷо муқим шуд. Солҳои тӯлонӣ муфаттиши парвандаҳои муҳими Прокуратураи СССР буд. Муаллифи дастури илмӣ дар бораи кашфи ҷиноят мебошад.
Моҳи декабри соли 1934 дар тафтиши қазияи куштори М.Киров ширкат кард. 21-уми декабри соли 1934 ҳамроҳ бо А.Вишинский хулосаи айбдории ин парвандаи пурсарусадоро навишт.
Муддате ёвари А.Я. Вишинский (додситони кулли СССР дар солҳои 1935-1939, Вазири умури хориҷии СССР дар солҳои 1949-1953) буд. Комил Икромов (нависанда ва публистист, намоишноманвси) дар ёддоштҳои худ менависад: «Ба ман мегуфтанд, ки Лев Шейнин вақте аз наздикии биное, ки Вишинсикй зиндагонӣ мекард, мегузашт, бо ашки шашқатор мегирист. Лев Романович Андрей Януаревичро хеле дӯст медошт”. Вишинский муаллифи сарсухан дар аввалин китоби Шейнин буд.
Зиндагиномаи ин ҳуқуқшинос ва ин нависандаи боистеъдод саропо аз боздошту таҳқиқу таҳлил иборат будааст. Соли 1937 вай узви дастае аз додситонӣ буд, ки парвандаи Бухарин, Риков ва Ягодаро меомӯхт. Аммо чун ин парванда пурсарусадо буд, баъдтар муҷиби иттиҳомоте зидди худи ӯ низ шуданд. Касоне, ки ӯро аз наздик мешинохтанд, мегуфтанд, ки эҳсоси хатар ба ҷонаш то охир ӯро тарк накард.
Соли 1936 бори аввал дастгир шуд, вале ба зудӣ аз зиндон озод гардид.
19 окттябри соли 1951 ба иттиҳоми ташкили созмони яҳудиёни зиддишӯравӣ, ки бо нои Парвандаи Кумитаи яҳудиёни зиддифашистӣ машҳур аст, дубора боздошт гардид ва дар зиндони Лубянко нигоҳ дошта мешуд. Аммо саранҷом соли 1953 аз ҳабс озод шуд. Озодии Шейнин худ як қиссаи дигари детективист ва чун хеле дарҳаму барҳам аст, аз нақли он худдорӣ кардем.
Баъди соли 1953 вай дигар дар мақомоти додситонӣ кор накард ва пурра ба кори нависандагӣ пардохт. Солҳои зиёд узви ҳайати таҳририя ва ҷонишини сардабири маҷаллаи “Октябр” буд. Дар чандин мансабу вазифаҳои дигар дар вазорати фарҳанг, киностудияи “Мосфилм”, Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст. Мухбири махсуси газетаи “Известия” низ будааст ва ҳатто солҳои охири умраш, ки хеле бемор ҳам буд, сафарҳои тӯлонӣ ба гӯшаву канори кишвар доштааст.
Соли 2001 дар Санта-Барбаре дар синни 49-солагӣ аз сактаи қалб нависанда, намоишноманавис ва филмноманависи англия Дуглас Адамс аз олам гузашт. Вай муаллифи асарҳои зиёди ҳаҷвии тахайюлӣ буд.
“Тарабхона дар охири кайҳон”, “Ҳаёт, Кайҳон ва ҳама чизҳои дигар”, “Худо нигаҳбон ва сипос ба моҳӣ”, “Асосан безарар аст” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Таҳияи Б.Шафеъ