Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 11 – уми ноябр
Соли 1821 дар шаҳри Москав нависандаи маъруфи рус, файласуф, мутафаккир ва мақоланавис Фёдор Достаевский ба дунё омад. Вай узви вобаста Академияи илмҳои Петербург буд. Достоевскийро классики адабиёти ҷаҳон меноманд ва бино ба гузориши ЮНЕСКО имрӯз ҳам яке аз пурхонандатарин асарҳои олам маҳз офаридаҳои ӯянд. Аз Достоевский 12 роман, чаҳор новелла, 16 ҳикоя ва осори дигар боқӣ мондааст.
Аввалин повести адиб “Хотироти хонаи амвот” муҷиби пайдо шудани достонҳои равоншинохтӣ дар адабиёти рус шуда буд.
Достоевский тибқи парвандаи петрашевиҳо (Петрашевиҳо – як гурӯҳи гуфтугӯи адабии русӣ муташаккил аз рӯшанфикрони мутараққӣ дар Санк-Пеӣурбурги даҳаи 1740 буд, ки тавассути Михаил Петрашев, яке аз пайравони сотсиалисти утопявӣ сарварӣ мешуд) ба муддати чор сол ба шаҳри ҳарбии Омск бадарға шуда буд.
Эҷодиёти Фёдор Достоевский ба бисёре аз адибони маъруфи олам, ки иддае аз онҳшо барандагони Ҷоизаи Нобели адабиёт ҳам мебошанд, таъсир расонда буд. Аз ҷумла файласуф Фридрих Нитче ва Жан-Пол Сартр ба ин иқрор шудаанд. Новеллаи Достоевский “Ёддоштҳои зеризаминӣ”, ки соли 1864 навишта шуда буд, аввалин асар адабиёти экзистенсиализм (анг. Existentialism – ҳастигароӣ. Як истилоҳи фалсафӣ) маҳсуб мешавад.
Романҳои “Ҷиноят ва ҷазо”, “Ахмақ”, “Шаётин”, “Наврас”, “Бародарон Кармазовҳо”, “Бечорагон”, “Хонуми соҳибхона”, “Қиморбоз”, аз ҷумлаи машҳуртарин осори мондагори адабиёти оламанд ва борҳо аз рӯи ин асарҳо филмбардорӣ сурат гирифтааст.
Осори марҳилаи аввали эҷодиёти Достоевскийро марбут ба жанрҳои мухталиф медонанд. Аз ҷумла ҳикояи “Роман дар нуҳ нома” як асари хурдҳаҷми ҳаҷвист, ки соли 1845 мунташир шуд. Фелетон “Солномаи Петербург”-ро очерки физеологӣ меноманд, ҳикояҳои “Ҷаноби Прохарчин”, “Ползунков”, “Дузди бошараф” низ аз ҳамин қабиланд.
Ҳикояҳои “Зани бегона” ва “Шавҳари бадрашк” дар жанри фоҷеа иншо шудаанд…
Достоевский соли 1849 боздошт ва аввал бо мусодираи кулли амвол ба қатл маҳкум шуд. Аммо баъдтар ин ҳукм ба ҳашт сол бадарға иваз карда шуд. Охири моҳи ноябри соли 1849 император Николай ҳукми ҳаштсолаи бадарғаи адибро то чор сол поин овард.
Баъди афв ва озодӣ аз бадарға танҳо 17 апрели соли 1857 ба Достевский иҷозат дода шуд, ки метавонад асарҳояшро чоп кунад. Бо вуҷуди он ки бахшида шуда буд, вале то миёнаҳои солҳои 1870 пинҳонӣ зери назорат буд. 9-уми июли соли 1875 билохира аз назорати пинҳону ошкори пулис расман озод шуд.
Тобистони соли 1862 Достоевский бори аввал аз Русия хориҷ шуд ва аз кишварҳое чун Олмон, Фаронса, Англия, Швейтсария, Италия ва Австрия дидан намуд. Аммо дар хориҷ будан барояш мушкилоти зиёди пулӣ дошт ва аз он ки дар фақр мезист, наметавонист он чи дилаш мехост, анҷом диҳад.
Достоевский аз нуҳсолагӣ гирифтори бемории саръ (эпилепсия) буд. Аввали моҳи январи соли 1881дар мулоқоташ бо Д. В. Григорович Достоевский гуфт, ки ҳисс мекунад ин зимистон охирин фасли зиндагии ӯст.
26 январи (7 феврал) соли 1881 хоҳари нависанда Вера Михайловна ба хонаи Достоевский омад ва хоҳиш кард, ки ба хотири хоҳаронаш аз молу мулке, ки барояш аз холааш А.Ф.Кумина дар Рязан ба мерос мондааст, даст кашад. Л. Ф. Достоевская (Любов Достоевская – шарҳиҳолнавис, духтари дуюми адиб) дар бораи ин саҳнаи суҳбати басо тезутунд ба ёд овардаву гуфтааст, ки баъди ин суҳбати мушкил аз гулӯи Достоевский хун ҷорӣ шуд. Эҳтимолан ҳамин суҳбати ноҷо боиси такон дар рушди бемории адиб шуд.
Баъди ду рӯз, 28 январи соли 1881 адиби маъруф дар 60-уми соли ҳаёташ аз олам гузашт. Духтурон бемории ӯро сили шуш, бронхити куҳнашуда ва омфезуми шуш ташхис карданд.
Рассом Иван Крамский дар маросими видоъ басо зуду саридастӣ ҳолати адибро бо қалам наққошӣ кард ва баъдтар он лаҳзаро ба ёд оварду навишт: “Чеҳраи марҳум басо ором менамуд, ба назар мерасид вай намурдааст, балки хобида ва дар хоб барои кадом “ҳақиқати бузурги” кашфшуда табассум мекунад”.
Ин суханонро ҳамсари адиб аз нутқи Достоевский дар маросими видоъ бо Пушкин ба ёд меорад: “Пушкин дар айни неруву қуввати эҷодӣ аз олам рафт ва бидуни шак вай баъзе асрори бузургеро бо худ ба қабр бурд. Ва ҳоло мо бе ӯ ин асрорро сарфаҳм рафтанӣ мешавем”.
Соли 1902 дар Леончин нависандаи яҳудӣ Исҳоқ Башевис-Зингер ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1978 буд. Санаи дақиқи таваллуди ӯ маълум нест, дар аснодаш солҳои 1902-1904 ва моҳҳоро гоҳ апрелу гоҳ май ва гоҳе июну июлу ноябр гуфтааст.
Соли 1935 ба ИМА рафт ва бародарбузургаш Исроил-Иешуа ӯро ба газетаи яҳудии “Форверст” (“Ба пеш”) ба кор монд. Адиб муддати 20 соли оянда дар ҳамин нашрия кор кард.
Соли 1937 аввалин романи худро мунташир кард.
Соли 1978 “барои ҳунари отифии достонсароӣ, ки дар баробари реша гирифтан ба анъанаҳои фарҳангиву лаҳистониву яҳудӣ пурсишҳои абадиро матраҳ мекунад” ба дарёфти Ҷоизаи Нобели адабиёт шарафёб шуд.
24 июли соли 1991 аз олам гузашт.
Соли 1914 дар шаҳри Ню-Йорк нависанда, муаллифи романду достонҳои зиёди қаҳрамонӣ, корогоҳӣ, иҷтимоӣ вав тахайюлии амрикоӣ Ҳовард Фаст зода шуд. Вай аз падару модари яҳудӣ ба дунё омад. Падараш Барни Фастовский аз ҷуҳудони Империяи Русия ва модараш Ида Миллер аз Британияи Кабир буд.
Аввалин романаш бо номи “Ду водӣ” соли 1933 нашр шуд ва соли 1934 “Дирӯзи аҷиб”-ро навишт. Романи “Кӯдакон” таъсири фосидкунандаи адовати нажодро нишон медиҳад.
Дар соли 1941 романи «Сарҳади охирин»-и вай ба табъ расид, ки ба такдири кабилаи ҳиндуҳои Шайенн бахшида шудааст. Аз ҷумлаи асарҳои дигари ӯ дар ин давра романҳои «Шаҳрванд Том Пэйн» (1943), тарҷумаи ҳоли афсонавии яке аз асосгузорони Иёлоти Муттаҳида ва «Роҳи Озодӣ» (1944), ки ба давраи барқарорсозии пас аз ҷанги шаҳрвандии Амрико бахшида шудаанд. Қаҳрамони аслии “Роҳи озодӣ” Ҷидён Ҷексон, ғулом ва сарбози собиқи артиши Авраам Линколн, як раҳбари соҳибақл ва вафодор ба халқи худ аст, ки аз дасти нажодпарастон кушта шудааст. Дар соли 1979, роман ба як минисериали телевизионӣ мутобиқ карда шуд, ки дар он Муҳаммад Алӣ (муштзани ҳирфаии амрикоӣ ва устураи варзиши олам) нақши асосӣ мебозад.
Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон Ҳовард дар дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи ИМА кор мекард ва барои “Садои Амрико” мақолаҳо менавишт. Соли 1944 ба узвияти ҳизби коммунист пайваст ва бо нашрияи «Daily Worker» ҳамкорӣ мекард. Барои беэҳтиромӣ ба Конгрес чор моҳ аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум мешавад ва навиштани романи “Спартак”, ки аз пурхонандаву пурфурӯштарин асарҳои ӯ гашт, дар зиндон оғоз кард. Ин роман баъдан бо 45 забони халқҳои олам тарҷума ва нашр шудааст.
Соли 1953 сазовори Ҷоизаи байналмилалии Сталин барои ҳифзи сулҳ миёни халқҳо шуд. Баъди маърӯзаи Хрушев дар бораи шахспарастиҳои Сталин ва пахши шӯриш дар Маҷористон аз ҷониби артиши Сурх аз узвияти ҳизби коммунисти ИМА канор рафт.
Солҳои баъдӣ Фаст чандин романҳои таърихию сисӣ, аз қабили “Муҳоҷирон””, “Насли дуюм”, “Реша”, “Табъидшуда”, “Духтари муҳоҷир” навишт. Охирин романи ӯ “Гринвич” соли 2000 чоп шуд.
12 марти соли 2003 дар Олд-Гринвичи иёлати Коннектикут” вафот кард.
Соли 1956 дар деҳаи Ровони ноҳияи Сӯх, вилояти Фарғона рӯзноманигор, нависанда, шоир Марямбонуи Фарғонӣ (Марям Эшонҷонова) ба дунё омад.
Хатмкардаи мактаби рақами 11(ҳоло рақами 1)-и ноҳияи Сӯх, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ (1973—1977). Фаъолияти кориаш аз мактаби деҳа шурӯъ шудааст. Солҳои 1977—1984 омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷикӣ мактаби деҳа будааст. Охирҳои соли 1984 ба Душанбе омада, то ноябри соли 1989 методисти калони Маркази методии Вазорати маорифи Тоҷикистон фаъолият доштааст. Дар нашрияҳои «Паёми Душанбе», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», маҷаллаҳои «Истиқбол», «Фирӯза» ва радиои Ҷумҳурии исломии Эрон «Садои Хуросон» ва ҳафтаномаи «Омӯзгор» кор кардааст. Айни замон ба кори эҷодӣ машғул мебошад.
Дар жанрҳои гуногуни шеър – ғазал, ғазал-маснавӣ, дубайтӣ, рубоӣ, чорпора, мухаммас табъ озмудааст. Тарғиби фарҳангу таърихи ибратомӯзи тоҷикон, таҳкими ҳувийяти миллӣ, тасвири латофату фатонати гӯшаҳои сарсабзи Тоҷикистон, садоқат ва маҳаббати инсонӣ ва бозтоби ҳаёти содаву пурфайзи деҳотиён аз дарунмояи аслии ашъри Марямбону мебошад. Навиштаҳояш дар маҷмуаҳои «Исои ман шав», 2006, «Нури ахтарпораҳо», 2011, «Табъи гуҳаррез», 2016 чоп шудаанд.
Муҳимтарин осори насриаш маҷмуаҳои «Афсонаи тамаддун» (1995, як қиссаи бачагона ва чанд ҳикоя), «Ҳадиси Риштон» (2000; қаиссаи таърихӣ аз ҳунари кулолию кошикорӣ дар Риштон ва ҳикояҳо), «Хуморшикан» (2004; як эсе ва чанд ҳикоя), «Чаҳор қисса» (2006), «Шаҳболи хаёл» (2011) мебошанд. Дар романи «Таманно» (2014) ба мавзуи ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1990) таваҷҷуҳ кардааст. Қаҳрамони ин асар, Таманно, ки бонуи таҳсилкарда ва орзуманди хушбахтии мардуми диёри худ аст, дар ниҳояти изтиробу парешонии ботинӣ аз бадбахтиҳои нохостаи ҷанги бародаркуши кишвар худро тасаллӣ медиҳад, ки гӯиё барояш ин ҳама хобу хаёланд ва бояд аз ин кобуси ҷонфарсо ҳар чи зудтар бедор шаваду раҳо ёбад.
Соли 2020 баргузидаи осори насрии Марямбону бо номи «Ман чунин девонаам» дар Теҳрон чоп шуд.
Очерк ва нақди адабӣ дар осори публитсистии Марямбону мавқеи аслӣ дорад. Дар мақолаҳояш ҷузъиётҳои муҳиммеро аз рӯзгори як зумра адибон, донишмандон ва фарҳангиёни тоҷик, ба монанди Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Барно Исҳоқова, Малика Қаландарова, Гурминҷ Завқибеков, Аҳмадбек Қучқоров, Ниёз Сафаров, Соҷида Муродова, Ҳабиб Искандаров ва ғ. равшан карда, пиромуни рушди донишу маърифати миллӣ масъалагузрӣ намудааст.
Марямбону дорандаи Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Б. Пастернак (барои китоби «Афсонаи тамаддун», 1995), ҷоизаи «Нишони сухан»-и ИН Тоҷикистон (2006), Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (барои маҷмуаи «Шаҳболи хаёл», 2013) ва Аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон (2002), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1992), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996) мебошад.
Соли 2007 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар синни 84-солагӣ аз зарби шадид ба сар нависандаи амрикоии асарҳои тахайюлӣ Курт Воннегут аз олам рафт. Вай аз маъруфтарин насрнависони амрикоӣ буд.
Воннегут муаллифи романҳои “Шаби модар”, “Худо шуморо ҳифз кунад, ҷаноби Розуотер”, “Силоҳхонаи шумораи панҷ”, “Субҳонаи қаҳрамонон”, “Маҳбус”, “Риши обӣ”, “Замони ларза”, маҷмуаи мақолоти “Марде бидуни Ватан”, достонҳои “Қанорӣ дар хонаи гурба”, “Ба хонаи маймун хуш омадед” ва ғайра мебошад.
Соли 1972 дар шаҳри Москав дар синни 82-солагӣ шоир, насрнавис, тарҷумон ва рӯзноманигори аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Вера Инбер аз олам гузашт. Вай барандаи ҷоизаи Сталин, дараҷаи 2 буд.
Вай 10 июли соли 1980 дар шаҳри Одесса дар хонаводаи яҳудӣ таваллуд шуда буд.
Вера Инбер хеле барвақт, замоне, ки ҳанӯз ба гимназия дохил нашуда буд, аввалин шеърҳои худро навишта буд. Соли 1910 ба шавҳар баромад ва аввалин маҷмуаи шеърҳояш бо номи “Шароби ғам” соли 1914 чоп шуд.
Вера Инбер як зиндагии ҳамеша парешону дар мусофиратро пушти сар кардааст. Дар Русия бахусус баъди рӯйдодҳои ба сари Тротсикй ва пайравонаш омада, зиёд нороҳат шудааст. Соли 1924 вай Русияро тарк кардаву ба Аврупо рафтааст ва муддати ду сол дар шаҳрҳои Берлин, Брюксел, Порис зиставу ба кори хабарнигорӣ машғул шудааст. Аммо соли 1926 дубора ба Москав баргаштааст.
Солҳои 1927-1929 китоби очеркҳояш бо номи “Оғози рӯз” ва китоби сафарномаҳояшро бо номи “Амрико дар Порис” навишт.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ вай ҳамроҳ бо шавҳари сеюмаш профессор Страшун дар Ленинград монд ва берун шудан аз онро танҳо ба хотири он ки шавҳараш наметавлонист бо ӯ биравад, рад кард.
Достони “Хати тӯли Пулковский”-ро ӯ дар муҳосира, соли 1942 навишт. Соли 1946 ин достон ба ҷоизаи Сталин, ки он замон обрӯмандтарин ҷоиза барои адабиёт ба ҳисоб мерафт, шоиста дониста шуд.
Вера Ибер аз ҷумлаи адибоне буд, ки 31 декабри соли 1958 барои кишвар берун рондаи Борис Пастернак овоз дода буд.
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ