Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 11 – уми январ

Як-рузи-таърих-11-01-2024Соли 1893 шоир, рӯзноманигор, нависанда ва намоишноманависи эронӣ Сайид Муҳаммадризо Курдистонӣ, мулаққаб ба Мирзодаи Ишқӣ ба дунё омад. Вай адиби даврони машрута ва мудири нашрияи “Қарни бистум” буд ва дар давраи нахуствазирии Ризохон террор шуд. Мирзода Ишқӣ аз маъруфтарин шоирони замони худ буд.

Вай фарзанди Сайид Абулқосими Курдистонӣ буда, дар шаҳри Ҳамадон зода шуд. Баъди ба синни камолот расиданд чанд соли умрашро дар Истамбул сипарӣ кард. Дар шуъбаи улуми иҷтимоӣ ва фалсафаи Дорулфунун таҳсил кард.

Мирзода Ишқӣ аз пешгомони шеъри нав шинохта мешавад ва аз ҷумлаи аввалин шуарои Эрон аст, ки шеъри навро пазируфт ва аз он пайравӣ кард. Пеш аз Нимо Юшич ашъоре ба сабки нав суруд. Нахустин навиштаҳои Нимо Юшич ҳам дар рӯзномаи “Қарни бистум”-и Ишқӣ чоп шуд.

Мирзодаи ИшқӣМирзодаи Ишқӣ дар ибтидо бо Маликушшуаро Баҳор ва Сайид Ҳасани Мударрис (сиёсатмадор ва рӯҳонии шиаи Эрон), ки аз намояндагони фраксиони  ақалият дар Маҷлиси чорум ба шумор мерафтанд, мухолиф буд ва ҳатто шеърҳои тунде ҳакм дар бораашон интишор дод. Вале баъдҳо дар мухолифат бо Ризохон, ки Баҳор Мударрис  ҳам зид буданд, бо онҳо дасти дӯстӣ дод ва ҳампаймон шуд. Пас аз террори Ишқӣ Баҳор дар Маҷлис нутқ кард ва башиддат аз давлати Ризохон интиқод намуд ва хостори боздошт ва муҷозоти омилони ин қатл шуд.

Мирзодаи Ишқӣ  3 июли соли 1924, замоне, ки нав ба синни 31 расида буд, дар манзили худ ҳадафи тир қарор гирифт ва дар бемористон ҷон бохт. Ба сӯи ӯ аз се нафаре, ки ба манзилаш бе иҷоза ворид шуда буданд, Абулқосими Баҳман, аз ҷумлаи муҳоҷирони Қафқоз тир андохт ва ҳамагӣ рӯ ба фирор оварданд. Ӯ низ аз паси онҳо берун ҷаҳид ва фарёд зад. Ҳамсояҳо бо садои тир ва овози Ишқӣ берун рехтанд, қотилро дастгир карданд.

Ҷони Ишқӣ баъди чаҳор соати тир хӯрдан ва азият кашидан дар бемористон аз баданаш хориҷ шуд. Рӯзи дигар тобуташро бо пироҳани хунолудаш ба масҷиди  Сипаҳсолори Теҳрон бурданд. Шаҳр мотамзада шуд, устодони донишгоҳҳои, донишҷӯён, донишмандону шуаро ба ҷаноза расиданд.

Достони бечоразода”, “Кафани сиёҳ”, “Растохези салотини Эрон”, “Бачаи гадо ва доктори некукор” номи чанд намоишномаи ӯст.

Соли 1928 нависанда ва шоири англис Томас Ҳордӣ аз олам даргузашт. Осори вай маъмулан дар ҷунбиши табъиятгароӣ (натурализ) табақабандӣ мешавад, аммо дар равияи романтизм ҳам навштааст. “Бону ва марди фақир”, “Доруҳои ноумедӣ”, “Як ҷуфт чашми обӣ”, “Бозгашти бумӣ”, “Ду нафар дар як бурҷ”, “Сокини бешаи роз” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯянд.

Соли 1933 намоишноманавис ва нависандаи исроилӣ Йосеф Бар-Йосеф, барандаи Ҷоизаи Исроил (2003) дар Байтулмуқаддас таваллуд шудааст. Иосеф аз овони ҷавониаш бо навиштани ҳикояҳои кутоҳ машғул буд; аввалин маҷмӯаи ӯ «Лабҳои шӯр» соли 1955, «Тура» соли 1962 ба табъ расид.

Соли 1943 навсандаи аҳли Испания Эдуардо Мендоса нависандаи испанӣ таваллуд шудааст. Ў бо забонҳои каталонӣ ва испанӣ менависад. Муаллифи асарҳои «Ҷазираи номаълум» (1989), «Таърихи будуари занон» (2001), «Сафари охирини Горасио Доса» (2002), «Муборизаи гурба. Мадрид». “Шаҳри аҷоиб”, “Мазҳакаи сабук” ва ғайра мебошад.

Терри ГудкайндСоли 1946 дар Омаха нависандаи асарҳои илмӣ-тахайюлии амрикоӣ Терри Гудкайнд таваллуд шудааст. Вай бо романи фантастикии худ “Шамшери Ҳақиқат” шинохта шуд. Бино ба як омри интишордодаи нашриёти Tor Books ин китоб дар як муддати басо кутоҳ бо беш аз 20 забони олам тарҷума ва ба теъдоди зиёда 25 миллион нусха чоп ва ба фурӯш рафтааст.  Бар пояи ин асар соли 2008 силсилафилми “Ривояти Ҷустуҷӯгар” ба навор гирифта шудааст.

Аз осори то ин замон мунташиршудаи ӯ метавон ин асарҳоро ном бурд: “Маҷмуаи шамшери Ҳақиқат”, “Санги ашк”, “Руҳи оташ”, “Имони афтодагон”, “Сутунҳои офариниш”, “Занҷираи оташ” ва ғайра мебошад.

17 сентябри соли 2020 дар синни 72 солагӣ даргузашт.

Соли 1964 нависанда, публисист ва тарҷумон Георгий Дмитриевич Гребеншиков тарки олам кард.

Барбара ПимСоли 1980Барбара Пим нависандаи англис аз олам рафт. Вай муаллифи романҳои «Газели дастӣ» (1950), «Занони олӣ» (1952), «Ҷейн ва Пруденс» (1953), «Мушкилоти академӣ» (1970-1972) ва ғайраҳо буд. Барбара Пим 2 июни соли 1913 бадунё омада буд.

Соли 1996 дар Дейтона Бич (иёлати Флорида) нависандаи асарҳои илмӣ-тахайюлии армикоӣ Уолтер Миллер дар синни 73-солагӣ даргузашт. Ӯ бештар бо романҳои «Сурудае барои  Лейбович»,  ва «Аспи ваҳшӣ» маъруф аст.