Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 11 – уми январ

Рузи таърихСоли 1928 нависанда ва шоири англис Томас Ҳордӣ аз олам даргузашт. Осори вай маъмулан дар ҷунбиши табъиятгароӣ (натурализ) табақабандӣ мешавад, аммо дар равияи романтизм ҳам навштааст. “Бону ва марди фақир”, “Доруҳои ноумедӣ”, “Як ҷуфт чашми обӣ”, “Бозгашти бумӣ”, “Ду нафар дар як бурҷ”, “Сокини бешаи роз” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯянд.

Соли 1933 намоишноманавис ва нависандаи исроилӣ Йосеф Бар-Йосеф, барандаи Ҷоизаи Исроил (2003) дар Байтулмуқаддас таваллуд шудааст. Иосеф аз овони ҷавониаш бо навиштани ҳикояҳои кутоҳ машғул буд; аввалин маҷмӯаи ӯ «Лабҳои шӯр» соли 1955, «Тура» соли 1962 ба табъ расид.

Соли 1943 навсандаи аҳли Испания Эдуардо Мендоса нависандаи испанӣ таваллуд шудааст. Ў бо забонҳои каталонӣ ва испанӣ менависад. Муаллифи асарҳои «Ҷазираи номаълум» (1989), «Таърихи будуари занон» (2001), «Сафари охирини Горасио Доса» (2002), «Муборизаи гурба. Мадрид». “Шаҳри аҷоиб”, “Мазҳакаи сабук” ва ғайра мебошад.

Соли 1946 дар Омаха нависандаи асарҳои илмӣ-тахайюлии амрикоӣ Терри Гудкайнд таваллуд шудааст. Вай бо романи фантастикии худ “Шамшери Ҳақиқат” шинохта шуд. Бино ба як омри интишордодаи нашриёти Tor Books ин китоб дар як муддати басо кутоҳ бо беш аз 20 забони олам тарҷума ва ба теъдоди зиёда 25 миллион нусха чоп ва ба фурӯш рафтааст.  Бар пояи ин асар соли 2008 силсилафилми “Ривояти Ҷустуҷӯгар” ба навор гирифта шудааст.

Аз осори то ин замон мунташиршудаи ӯ метавон ин асарҳоро ном бурд: “Маҷмуаи шамшери Ҳақиқат”, “Санги ашк”, “Руҳи оташ”, “Имони афтодагон”, “Сутунҳои офариниш”, “Занҷираи оташ” ва ғайра мебошад.

17 сентябри соли 2020 дар синни 72 солагӣ даргузашт.

Соли 1964 нависанда, публисист ва тарҷумон Георгий Дмитриевич Гребеншиков тарки олам кард.

barbara-pimСоли 1980Барбара Пим нависандаи англис аз олам рафт. Вай муаллифи романҳои «Газели дастӣ» (1950), «Занони олӣ» (1952), «Ҷейн ва Пруденс» (1953), «Мушкилоти академӣ» (1970-1972) ва ғайраҳо буд. Барбара Пим 2 июни соли 1913 бадунё омада буд.

Соли 1996 дар Дейтона Бич (иёлати Флорида) нависандаи асарҳои илмӣ-тахайюлии армикоӣ Уолтер Миллер дар синни 73-солагӣ даргузашт. Ӯ бештар бо романҳои «Сурудае барои  Лейбович»,  ва «Аспи ваҳшӣ» маъруф аст.

Таҳияи Мадина ҲАМИДОВА