Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 12-уми июл

Як-рузи-таърих-12-07-2023Соли 1469 дар Соломонко шоир, намоишноманавис ва бастакори испонӣ Хуан дел Энсина таваллуд шуд. Ӯро падари драмаи Испания меноманд. Пас аз итмоми таҳсилот дар донишгоҳ ба унвони намоянда дар хонадони салтанатӣ шуруъ ба фаъолият кард.

Дар соли 1482 маҷмуае аз ашъорашро мунташир намуд.

Мирзо-Фатҳалӣ-ОхундовСоли 1812 нависанда, маорифпарвар, шоир, файласуф ва ходими ҷамъиятии Озарбойҷон Мирзо Фатҳалӣ Охундов таваллуд шуд. Дар Эрон ӯро бунёдгузори адабиёти нав, нахустин намоишноманависи эронӣ ва аз пешгомони ҷунбиши тараққихоҳӣ ва миллигароии эронӣ меноманд. Ӯ ҳамчунин яке аз аввалин  атеистони ошкор дар олами Ислом буд.

Мирзо Фатҳалӣ Охундов дар шаҳри Нуха, дар бахше аз  Озарбойҷон, ки дар соли 1828 ба Русия замима шуда буд, ба дунё омад. Падараш Мирзо Муҳаммадтақӣ буд, ки баъдҳо ба тиҷорат рӯ овард. Вай дар замони худ бо убур аз рӯди Орас дар Нуха сокит шуд. Дар он ҷо зани дуввум гирифт ва соле баъд Мирзо Фатҳалӣ ба дунё омад.

Модари Охундов дорои табори африқоӣ буд, ки аҷдодадаш дар хидмати Нодиршоҳ қарор дошт. Ҳамин африқоитабор будани модар дар Мирзо Фатҳалӣ ин эҳсосро ба вуҷуд овард, ки худро аз авлодони Пушкин номад.

Мирзо Фатҳалӣ замоне, ки дар Тифлис мезист бо фанни намоишноманависӣ ошно шуд ва ба навиштани пйесаҳои интиқодиву иҷтимоӣ оғоз кард.

Осори ӯ бештар ба забони туркии озарбойҷонӣ аст, вале бо шеърҳои форсӣ тақвияти фикр мекунад.

Бархе аз осораш ба русӣ ва форсӣ ҳам тарҷума шудаанд. Вале пурмоятарин асари ӯ “Мактубот” ба забони форсӣ нигориш шудааст.

“Мақолоти фалсафӣ”, “Мактубот”, “Ситорагони фиребхӯрда”, “Тамошохона”, “Ҳикоёти Мулло Иброҳим Халили Кимиёгар”, “Ҳикоёти марди хасис”, “Достони Юсуфшоҳи Сироҷ” аз навиштаҳои ӯ мебошанд.

Мирзо Фатҳалӣ Охундон 10 марти соли 1878 дар шаҳри Тифлис аз олам гузашт.

Соли 1868 дар Бюдесхейм шоир ва тарҷумони аҳли Олмон Стефан Георге ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи Ҳуте дар соли 1927 буд.  Георге пули муҳими байни адабиёти қарни 19 ва модернизми олмонӣ буд.

Исаак-Эммануилович-БабельСоли 1884 дар Одесса нависандаи яҳудитабори рус ва намоишноманавис Исаак Бабел зода шуд. Ӯро аз бузургтарин нависандагони Русия дар қарни ХХ меноманд. Аз ин нависанда теъдоди зиёде ҳикояҳо, бахшҳое нотамом аз як роман ва чандин филмнома боқӣ мондааст.

Аввалин маҷмуаи осори вай ба забони англисӣ дар соли 1992 тавассути духтараш Наталя Бабел гирдоварӣ ва интишор ёфт.

Ӯро моҳи майи соли 1939 ба иттиҳоми хиёнат ба Шӯравӣ ва ҷосусӣ боздошт ва эъдом карданд.

Дар умраш 3 бор издивоҷ кардаву се фарзанд ёфтааст.

Бабел ҳамеша аз Максим Горикий ба некӣ ёд кардааст ва ӯро устоди худ донистааст.

Бабел ҳам чун аксари нависандагони замонаш дилбастаи инқилоби болшевикӣ ва ғояҳои коммунистӣ буд. Аммо баъди он ки террори сурх оғоз шуд, дилмонда ва дилшикаста шуд. Вай аз ин маъюсӣ билохира ба сафи мухолифони режим пайваст ва саранҷом ба дасти собиқ ҳамкешонаш кушта шуд.

Аз ӯ дар маҷмуъ 80 ҳикоя, ки дар як маҷмуа гирд оварда шудааст, 2 намоишнома ва панҷ филмнома боқӣ мондааст.

Соли 1892 дар Дрогобич нависанда, наққош, мунаққиди адабӣ ва устоди ҳунари аҳли Лаҳистон Бруно Шултс зода шуд. Ӯро соҳибсабктарин нависандагони Лаҳистон дар асри бистум меноманд. Ҳикояҳои ӯ ва охирин романи нотамомаш “Масеҳ” дар холокост аз байн рафт.

Вай 19 ноябри соли 1942, дар синни 50-солагӣ аз ҷониби фашистон кушта шуд.

Pablo_NerudaСоли 1904 дар шаҳри Паррали Чили шоир, дипломат ва  ходими сиёисии аҳли ин кишвар Пабло Неруда ба дунё омад. Вай барандаи ҷоиза миллии Чили оид ба адабиёт, Ҷоизаи байналмилалии Сталин “Барои таҳкими сулҳ миёни халқҳо”, Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1971 буд.

Ҳамроҳ бо Габриела Мистрал, Висенте Уидобро ва Пабло де Рока чаҳоргона шоирони бузурги Чилиро ташкил медиҳанд.

“Ман ҳастам”, “Хотироти ман”, “Мо бисёрем”, “Ашъори такмилӣ”, “Иқомат бар рӯи Замин”, “Сурудаҳои ҳамгона”, “Бист суруди ошиқона ва як ғамовар”, “Овои ҷаҳонӣ”, “Ёдбудҳои ҷазираи сиёҳ” номи чанл асари ӯ мебошанд.

Пабло Неруда 23 сентябри соли 1973 дар синни 69-солагӣ дар шаҳри Сантягои Чили аз бемории саратон аз олам гузашт.

Борис Николаевич ПолевойСоли 1981 дар шаҳри Москав дар синни 73-солагӣ нависанда, филмноманавис, рӯзноманигор ва хабарнигори ҳарбии маъруфи Шӯравӣ Борис Полевой тарки олам кард.

Вай 17 марти соли 1908 дар шаҳри Москав таваллуд шуда буд.

Борис Полевой Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ буд, барандаи  ду ҷоизаи Сталин, Ҷоизаи байналмилалии Сулҳ ва дорандаи се ордени Ленин.

Фатҳи Сибир”, “Сехи гарм”, “Тилло”, “Ҳамзамонон”,  “Доктор Вера”, “То Берлин 896 километр”, “Анюта” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 2009 дар роҳ аз  Ридеркон ба Ню-Йорк дар синни 72-солагӣ яке аз бунёдгузорони маҷаллаи Locus, муҳаррир ва ношири он Чарлз Браун вафот кард. Марг ӯро замоне ёфт, ки хобида буд.