Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 12 – уми июн

Як-рузи-адабиёт-12-06-2024Соли 1759 дар Чичестер дар синни 37-солагӣ шоири англис Уилям Коллинз даргузашт. Вай 25 декабри соли 1721 дар Чичестер дар хонаводаи шаҳрдори собиқи ҳамин шаҳр ба дунё омад ва дар коллеҷи Магдалини Оксфорд таҳсил намуд. Ҳанӯз дар овони бачагӣ вай ду достон бо номҳои «The Royal Nuptials» ва «The Battle of the Schoolbooks» навишт, ки то ба мо омада нарасидааст. Аммо достони дигари ӯ “The Persian Eclogues», ки дар 17-солагиаш навишта шуд, комёбии шигифтовар дошт.

Соли 1743 Коллинз донишгоҳи Оксфордро хатм кард ва ҳамзамон достони нави худро бо номи  «Epistle to Sir Thomas Hanmer” интишор дод. Баъдан ба Лондон рафт, муддате зери таъсии доктор Ҷонсун ва дигар шахсиятҳо монд, ба тарҷумаи осори Арасту оғоз кард, вале ба анҷом нарасонд. Дар Лондон ва баъди бозгашт аз Лондон ҳам як ҳаёти парешони дунявӣ дошт.

Соли 1747 яке аз беҳтарин навиштаҳои ӯ бо номи “Одҳо” (Қасидаҳои ғаноӣ) чоп шуд. Ин асар аз силсилаи қасидаҳо иборат буд, ки бахше аз онҳо миёни хонандагон маъруфият пайдо карданд.

Солҳои охири ҳаёташ дар Чичестер боз ҳам дар парешониву дури аз ёру дӯстон гузаштааст. Соли 1765, баъди маргаш куллиёти ӯро Ҷон Лэнгхорн чоп кард.

Михаил Ефимович КольцовСоли 1898 дар шаҳри Киеви Украина нависанда, мақоланавис ва ходими ҷамъиятии аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Колтсов ба дунё омад.

Номи Михаил Ефимович Колтсов ба бисёр хонандагоне, ки ба адабиёт ва таърихи шуравӣ шавқ доранд, ошност.

Нависанда ва мақоланависи машҳури шуравӣ Колтсов на танҳо бо фаъолияти адабӣ машғул буд. Ӯ дар рушди флоти ҳавоии шӯравӣ фаъолона иштирок дошт, ба фаъолияти нашриявӣ машғул буд, зеро дар солҳои 30-юми асри гузашта хабарнигор, мушовири ғайрирасмии сиёсиву низомӣ дар Испания буд.

Михаил Ефимович тамоми умри кутоҳ, вале пурсамари худро ба хидмати Иттиҳоди шуравӣ ва ғояҳои он бахшид, вале ҳамаи ин нависандаро аз ҳабс ва ҳукми қатл бо иттиҳоми сохтаи ташкилоти террористии аксулинқилобии рафиқони собиқи ҳизбӣ наҷот надод.

Соли 1922 аввалин китоби ў «Петлюровшина» аз чоп баромад ва аз ҳамон сол дар рўзномаи «Правда» фелетонҳо ва очеркҳои нависандаро дар мавзуъҳои гуногуни ҳаёти дохилӣ ва байналхалқӣ зери унвонҳои «145 сатри лирика», «Таваллуди фарзанди аввалин», «Коғази сафед», «Алексей Стаханов» ва ғайраҳоро мунтазам чоп мекунад.

Михаил Колтсов муҳаррири маҷаллаҳои машҳури Огонёк“, “Крокодил“, “За рубежом” буд.

Вай 2 – уми феврали соли 1940 дар Маскав дар синни 41-солагӣ  парронда шуд. Ҷузъиёти марги ӯ дақиқ нест ва ин боиси гуфтугузорҳои зиёд миёни мардум шудааст. Як сабаби қатли ӯро ишқварзиҳояш бо ҳамсари Комиссари халқии умури дохили (ҳоло ВКД) Ежов Евгения Соломоновна Хаютина медонанд, ки соли 1938 бар асари истеъмоли аз меъёр зиёди доруи хоб фавтида буд.

Лазарь Викторович КарелинСоли 1920 дар шаҳри Москав нависанда, намоишноманависи Шӯравии рус Лазар Карелин таваллуд шуд. Вай дар хонаводаи паноҳандаи яҳудӣ аз Белосток (шаҳре дар шимолу шарқи Лаҳистон) зода шуд. Падараш дар корхонаи бофандагӣ кор мекард. Соли 1932 оилаи онҳо ба Соликммск (шаҳр дар Перм) бадарға шуд ва соли 1938, баъди сафед шудан ба онҳо иҷозат доданд, ки аз ин шаҳр берун шаванд.

Ширкаткунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд ва дар ҳайати ихтиёриёни халқӣ меҷангид. Баъд аз ҷанг муқими Ашқобод шуд. Баъди заминларзаи соли 1948 ба Москав баргашт.

“Мушовири хурди адлия”, “Дар кӯчаи ором”, “Хобгоҳ”, “Имтиҳони аввал”, “Хонаи боз”, “Заминларза” (роман), “Таҷрибаомӯз” (роман), “Сарчархӣ. Паси девор чист?” (повест), “Тангкӯчаи охир” (роман) номгӯи баъзе аз асарҳои ӯ мебошад.

20-уми ноябри соли 2005 дар синни 85-солагӣ аз олам рафт.

Соли 1940 нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Мэри Терзиллоу ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи “Небюлло” мебошад.

Соли 1943 дар шаҳри Берлин дар синни 71-солагӣ нависанда ва шоири олмонӣ Ҳанс Ҳейнс Эверс тарки олам кард. Вай муаллифи ҳикояву романҳо дар равияи орифона буд.

Машҳуртарин асарҳои ӯ “Тортанак”, “Марги барон фон Фриделя” мебошад.

Дмитрий ГлуховскийСоли 1979 дар шаҳри Москав нависанда ва рӯзноманигори рус Дмитрий Глуховский ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи синамо “Ника” барои беҳтарин филмнома ба филми “Матн” мебошад.

Муаллифи романҳои “Метро 2033”, “Метро 2034”, “Оянда”, романи мистикии “Нимторикӣ” мебошад.

Соли 2021 ошкоро аз сиёсатмадори зиндонии рус Навалний ҳимоя намуд ва талаб кард, ки озод кунанд.

Моҳи феврали соли 2022 ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум намуд.

7 октябри соли 2022 Вазораи адлияи Русия ӯро шомили рӯйхати “агентҳои хориҷӣ” кард.

7 июни соли 2022 Вазорати корҳои дохилии Русия ӯро дар ҷустуҷӯ эълон намуд.

Соли 1990 дар Иттиҳоди Шӯравӣ қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум” қабул шуд, ки сензураро лағв намуд.

Соли 1997 дар канораҳои шаҳри Порис шоир, насрнавис, мақоланавис, намоишноманавис, бастакори аҳли Русия Булат Шалвович Окуджава дар синни 73-солагӣ вафот кард. Вай барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1991) буд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат дошт. Яке аз маъруфтарин бастакорон ва муаллифи беҳтарин сурудҳо дар солҳои 1960- 1980 маҳсуб  мешавад.

анатолий КалининСоли 2008  дар рустои Пухляковский дар синни 91-солагӣ шоир, нависанда ва намоишноманависи Шӯравӣ Анатолий Калинин вафот кард. Вай 19-уми моҳи августи соли             1916 дар Каменсикй (шаҳре дар вилояти Ростов) дар хонаводаи омӯзгори казакҳои Дон ба дунё омада буд. Баъди хатми мактаби миёни дар омӯзишгоҳ таҳсил кард ва аз соли 1932 ҳамчун рӯзноманигор ба кор оғоз намуд.

Аввалин романаш “Теппаҳо”-ро зери таъсири романи “Заминҳои навкорам”-и Михаил Шолохов эҷод намуд. Солҳои 1941-1945 хабарнигори ҳарбии рӯзномаи “Комсомолская правда” буд ва то рутбаи ҳарбии майор расида. Аз Соли 1946 узви ВКП(б) КПСС буд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боз ҳам ба сафи коммунистони Русия пайваст ва то охирин рӯзҳои умраш коммунист монд.

Ғайр аз романи “Теппаҳо”, ки болотар аз он ёд кардем, боз “Парчами сурх” (маҷмуъи повестҳои “Дар ҷануб”), “Рафиқон”, баъдан онро таҳрир кард ва дар шакли роман бо номи “Дӯстиву душманӣ” чоп кард, “Майдони сард”, “Лӯлӣ”, “Минтақаи мамнуъ”, “Акси садои ҷанг”, “Садои зангӯлаҳо”, “Роҳи бозгашт нест”, “Бедҳои хамӯш”, “Дар боғи Саид”, “Эркут” номҳои дигари романҳо, повестҳо, намоиномаҳо ва достонҳои ӯ мебошанд.

Соли 2010 дар манзили худ дар шаҳри Варшава дар синни 88-солагӣ нависанда, филмноманавис ва коргардони лаҳистонӣ Стефан Ставинский аз олам гузашт. Ширкаткунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳон аст.

Соли 1949 ба сифати тарҷумони асарҳои адабӣ ба фаъоляи оғоз кардааст. Аввалин романаш бо номи “Рушноӣ дар туман” соли 1952 чоп шудааст. Дар мавзуи ҷанг асаре бо номи “Зодрӯзи як сокини Варшава”-ро навиштааст.

Таҳияи Б.Шафеъ