Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 12-уми ноябр

Як-рузи-таърих-12Соли 1865 нависандаи англис Элизабет Гаскелл дар синни 55 солагиаш вафот кард. Ӯро бештар чун хонум Гаскелл мешинохтанд. Романнавис ва нависандаи достонҳои кутоҳи англисии асри Виктория буд. Истилоҳи “давраи Виктория” замони салтанати малика Викторияро меноманд, ки  солҳои авҷи саноат дар Британия ва империяи Британияи Кабир буд. Романҳои ӯ ба хубӣ вазъияти иҷтимоии табақоти мухталифи мардум, бахусус камбағалонро нишон медиҳад.  Ҳамин аст далели асли шуҳрати асарҳои Элизабет Гаскелл. Асарҳои машҳури ӯ “Крэнфорд”, “Шимол ва ҷануб”, “Занон ва духтарон” мебошанд.  Ў 29 сентябри соли 1810 дар Челси, Лондон таваллуд шудааст.

Соли 1893 аввалин очерки Ҷек Гриффит Лондон бо номи «Тӯфон дар соҳилҳои Ҷопон” ҷоизаи аввал дар рӯзномаи Сан-Франсискоро гирифт. Он 12 ноябри соли 1893 нашр шуд. Ҷек Лондон 12 январи соли 1876 дар Сан-Франсиско таваллуд шудааст ва 22 ноябри соли 1916 дар шаҳри Глен Эллен (Калифорния) даргузашт.

Nimo-YushijСоли 1895 дар Мозандарони Эрон Нимо Юшиҷ – шоири эронӣ, муҳаққиқи адабиёт, ҳунаршинос ба дунё омад. Номи аслии ӯ Алии Исфандиёрӣ буда, Нимо Юшиҷ тахаллуси ӯст. Ӯро аввалин гӯяндаи шеъри сафед дар Эрон медонанд. Аммо адабиётшиноси маъруфи тоҷик Рустам Ваҳҳобзода ба ин назар аст, ки устод Садриддин Айнӣ аввалин касест, ки шеъри сафед гуфтааст.

Соли 1920 драматург ва нависандаи белорус Андрей Егорович Макаёнок таваллуд шудааст. Ў бештар хикояхои хаҷвӣ менавишт. 16 ноябри соли 1982 дар шаҳри Минск вафот кард. Унвони нависандаи халқии Белорусия дорад.

Соли 1954   Юрий Михайлович Поляков нависанда, шоир ва драматурги шӯравии рус таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 2001 сармуҳаррири рӯзномаи “Литературная газета”буд.

Соли 1959 Конгресси якуми Иттифоқи журналистони СССР баргузор гардид, ки давомдиҳандаи он Иттифоки журналистони Русия буд.

Damon GalgutСоли 1963 дар Претория нависанда ва драматурги машҳури Африқои Ҷанубӣ Дэймон Гэлгут таваллуд шудааст. Романи ӯ «Муколама» барандаи ҷоизаи Букер дар соли 2021 шуд. Дар шашсолагӣ гирифтори бемории саратон шуд ва солҳоро барои табобат дар беморхонаҳо пушти сар кардааст. Аввалин бор шавқу завқ ва майли навиштани ҳикоя замоне дар дилаш пайдо шуд, ки дар кати беморӣ мехобид.

Соли 1967 Курт Бартель нависанда, шоир ва драматурги олмонӣ дар синни 53-солагӣ аз бемории дил даргузашт.

Соли 1994  нависанда, тарҷумон, адабиётшиноси шотландӣ Майкл Иннес дар синни 88-солагӣ дар Кулсдон даргузашт. Ӯ муаллифи рисолаҳо дар бораи Шекспир, Пикок, Киплинг, Томас Ҳардӣ ва дигарон мебошад.

Stan LeeСоли   2018  Стэн Ли нависандаи амрикоӣ, ҳунарманд, продюсер, барандаи телевизион, сенарист, муҳаррир ва эҷодгари шумораи зиёди қаҳрамонҳои комиксҳо (комикс-достони мусаввар), собиқ президент ва раиси Шӯрои директорони Marvel Comics дар синни 95-солагӣ тарки олам кард. Ли дар Маркази тиббии Сидарс-Синай даргузашт. Сабабҳои марги Лиро бемории қалбӣ номиданд. Ли ҳамчун ҳунарманд дар филмҳо ва барномаҳои театрии телевизион нақшҳо офаридааст.

Соли 2021 нависанда ва драматург Людмила Петрушевская ба нишони эътироз ба талошҳои Додситонии кулл барои барҳам додани маркази ҳуқуқи башари “Мемориал” аз Ҷоизаи давлатӣ даст кашид. “Мемориал” як созмони ғайридавлатие буд, ки таъқиботи сиёӣ дар Иттиҳоди Шӯравиро таҳқиқ мекард. Фаъолияти ин созмон 5-уми моҳи апрели соли 2022 дар Русия боздошта шуд.

Таҳияи Мадина Ҳамидова