Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 12 – уми октябр

Як-рузи-таърих-12-10-2023Соли 1867 нависанда, тарҷумон, намоишноманавис ва мунаққиди театрӣ  Александр Баженов вафот кард. Вай 4 сентябри соли 1835 дар губернияи Пензаи Русия зода шуда буд. Баженов бештари умри худро дар кори театр гузаронидааст,

Эудженио МонталеСоли 1896 дар Генуя шоир, нависанда ва мунаққиди адабии аҳли Италия  Эудженио Монтале ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1975 буд.

Эудженио Монтале 12 октябри соли 1896 дар Генуя (шаҳре дар шимоли Италия) ба дунё омад. Дар навҷавонӣ дарси мусиқӣ хонд ва мехост овозхони опера шавад. Дар Ҷанги аввали ҷаҳонӣ иштирок кард.

Баъди интихоби машғулиятҳои гуногун соли 1926  ба Флоренсия (шаҳре дар соҳили дарёи Арно)  рафт, то дар як муассисаи интишоротӣ машғули кор шавад. Аз соли 1929 то 1938 гардонандаи “Кобинаи илмӣ-адабӣ” буд, вале чун узвияти ҳизби фашистҳҳоро надошт, аз ин симмат истеъфо дод.

Чор дафтари шеъраш мунташир шудааст. Аз соли 1947 мунаққиди мусиқӣ ва адабӣ шуд. Ҳамзаммон бо як рӯзномаи маҳаллӣ ҳамкорӣ мекард. Навиштаҳои парокандаашро дар чанд ҷилд чоп кард.

Барои хидматҳои арзандааш дар рушди фарҳангу адабиёти Италия ба ӯ унвони сенатори ҳамешагӣ дода шудааст.

Баъди 9 бори пештарӣ шуданаш ба ҷоизаи Нобели адабиёт дар солҳои 1955; 1961; 1966; 1967; 1968; 1969; 1970; 1971; 1975 билохира онро ба даст овард.

Соли 1923 дар Женева Коннвенсияи пешгирӣ аз нашри асарҳои шаҳвонӣ ва тиҷорати он имзо шуд. Вале пурра мушаххас нашуд, ки кадом асарҳо шаҳвонӣ номида мешаванд.

Соли 1924 дар Сен-Сир-сюр-Луар дар синни 80-солагӣ нависанда, мунаққиди адабии аҳли Фаронса Анатол Франс аз олам гузашт. Ӯ барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1921 буд.

Анатол Франс 16 апрели соли 1844 дар шаҳри Порис ба дунё омад.

“Ашъори тилоӣ”, “Издивоҷи Кристин” номи китобҳои шеъри ӯ мебошанд.

Барояш романи “Ҷиноёти СилвестрБоннара”, ки соли 1881 чоп шуда буд, шуҳрат овард.

Соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб шоир, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик Искандари Хатлонӣ ба дунё омад.  Дар Омӯзишгоҳи сохтмони Душанбе, Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав; 1976-1981) таҳсил кардааст.

Солҳои 1985-1988 тарҷумони мутахассисони шӯравӣ дар Афғонистон, муддате ходими адабии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва корманди Радиои «Озодӣ» будааст.

Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Парвоз» (1981), «Шукуфаҳо» (1986), «Садои пойи вожаҳо» (Кобул, 1988) ва ғайра ба табъ расидаанд.

Иддае аз шеърҳояш ба забони халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

20 сентябри соли 2000 дар Маскав ба ҳалокат расид.

Сторм--Сторм КонстантайнСоли 1956 дар  Стаффорд нависандаи англис бону Сторм  Сторм Константайн таваллуд шуд. .

Ӯ дар жанрҳои тахайюлӣ ва фантазия (жанри санъати муосир, як навъи асари тахайюлӣ. Асарҳои жанри тахайюлӣ дар асоси далелҳои мифологӣ ва афсонавӣ, ки аз тарафи муаллифон аз нав фикр карда ё аз нав кор карда шудаанд) менавишт.

Муаллифи трилогияи «Фаттонати ҷисм ва рӯҳ», «Ҷазби ишқ ва нафрат» ва «Интисофи тақдир ва орзу» (силсилаи трилогияи Wraeththu), инчунин романҳои «Хайли даҳшатнок», «Алеф», «Гермотех», «Табҳои тропикӣ», «Сояҳои дафншуда» мебошад.

14 январи соли 2021пас аз бемории тӯлонӣ, дар синни 64-солагӣ аз олам  даргузашт.

Соли 1962 бо фишори Никита Хрушев  Президиум КМ КПСС дар бораи чопи ҳикояи Александр СолженитсинЯк рӯзи Иван Денисович” дар маҷаллаи “Новый мир” қарор қабул кард.

Александр Солженитсин аз ҷумлаи машҳуртарин адибони рус ва барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1970 буд. Вай 11 декабри соли 1918 дар шаҳри  Кисловодск ба дунё омада, 3 августи соли 2008 дар шаҳри Москав аз олам гузашт.  

Александр Солженитсин аз бузургтарин намояндагони адабиёти руси охири қарни бистум ба шумор мерафт. Яке аз машҳуртарин асарҳои ӯ “Маҷмааҷазираҳои ГУЛАГ” аст, ки аслан маҷмуаи таҳқиқоти ҳунарӣ-таърихии адиб дар бораи режими саркӯбкунандаи Шӯравӣ дар солҳои 1918- 1956 мебошад.

Юсуф-АкобировСоли 2011 нависанда, тарҷумон, намоишноманависи машҳури Тоҷикистон Юсуф Акобиров аз олам гузашт. Вай 1 октябри соли 1937 дар деҳаи Соктаре (ҳозира Садриддин Айнӣ)-и ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро зода шудааст.

Баъди касби номаи камоли мактаби миёнаи зодгоҳаш соҳиби дипломи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1959) гардидааст.

Сипас, чанде мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», солҳои 1960-1961 донишҷӯи Курси олии филмноманависон (Маскав), ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», котиби масъули моҳномаи «Садои Шарқ», котиби масъули Кумитаи мукофоти давлатии адабии Тоҷикистон будааст.

Аз солҳои донишҷӯйӣ машқи қалам карда, соли 1958 драмаи «Рӯдакӣ»-ро навиштааст, ки Театри давлатии Хуҷанд ба саҳна гузоштааст.

Баъдан қиссаҳои «Вақте ки осиё бозмонд» (1963), «Духтаре, ки ҷустуҷӯяш мекунам» (1964), «Мунира» (1965), «Балоғат» (1968), китоби очерку ҳикояҳои «Қандак гул кард» (1965), «Осмони соф» (1969), «Садриддин Айнӣ» (ҳамроҳи Ш.Ҳарисов; 1968, Маскав), романҳои «Замини падарон» (1974), «Норак» (1979), «Водии муҳаббат» (1980), «Дунё ба умед» (1980), мунтахаби очерку ҳикояҳои «Сайри дирӯзу фардо» (1980)-ро дастраси умум гардонда, дар миёни хонандагон шуҳрати тамом ёфтааст.

Дар заминаи «Вақте ки осиё бозмонд» (1973) ва «Балоғат» (1984) филмҳои бадеӣ офарида шудаанд.

Аксари қиссаву романҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Маскав ва дигар шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо теъдоди зиёде ба табъ расидаанд.

Асарҳои ҷудогонааш ба забонҳои халқҳои ҷаҳон тарҷума ва чоп шудаанд.

Драмаи «Лайлатулқадр»-и ӯ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳнагузорӣ шудааст. Осори алоҳидаи Ф.Достоевский, А.Чехов, М.Авезов, А.Мухтор, С.Аҳмад, М.Левин, З.Дӯстматов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Соли 1980 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1980 шарафёби Ҷоизаи адабии ВЦСПС ва Иттифоқи нависандагони СССР гардидааст.

Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997), Нависандаи халқии Тоҷикистон (2001).

Бо нишону ифтихорномаҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ