Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 12 – уми сентябр
Соли 1660 дар Гаага дар синни 82-солагӣ шоир ва дипломати аҳли Нидерландия Якоб Катс аз олам гузашт. Вай 10 ноябри соли 1577 ба дунё омада буд. Аввадлвакили мудофеа буд ва баъдан ба кори омӯзгорӣ гузашт ва то ба зинаи профессори донишгоҳи Лейден расид. Соли 1627 сафири Ҳолланд дар Англия буд.
«Emblemata en Zinnebeelder»; «Zelfstryd»; «Huwelyk» номи се асари маъруфи ӯ мебошад.
Соли 1902 дар шаҳри Киев шоири амрикоӣ Мария Затуренская ба дунё омад. Соли 1910 вақте ҳамагӣ 8 сол дошт, хонаводаи онҳо ба ИМА кӯчид ва ӯ дар донишгоҳи Валпараисои иёлати Индиана, донишгоҳи Висконсин дар Мадисон ва донишгоҳи Сиракуз таҳсил кард. Соли 1925 ба шоир Ҳорас Грегори ба шавҳар баромад.
Аввалин маҷмуаи ашъори худро бо номи “Threshold and Hear” соли 1934 аз чоп баровард. Барои маҷмуаи дуюми осораш барандаи ҷоизаи адабии Пулитсеров шуд.
Баъдан боз чор китобаш чоп шуд, ки охирини он соли 1974 нашр шуд.
Ғайр аз ин вай муаллифи тарҷумаи ҳол ва муҳаррири асарҳои мунтахаби шоири англис Кристина Россетӣ буд.
Соли 2002 рӯзномаи ӯ, ки солҳои 1938 – 1944-ро дар бар мегирифт чоп шуд.
Мария Затуренская 19 январи соли 1982 дар синни 79-солагӣ тарки олам кард.
Соли 1919 дар Нейвола (қаламрави Финландия) дар синни 48 – солагӣ бар асари фалақи қалб романнавис, ҳикоянавис, намоишноманависи аҳли Русия Леонид Андреев вафот кард. Вай 21 августи соли 1871 дар шаҳри Орёл зода шуда буд.
Леонид Андреев намояндаи Асри нуқра дар адабиёти рус аст. Яке аз пешоҳангони сурати ранга дар Русия буд. Ӯро ҳамчунин поягузорони экспрессионизми (ҳаяҷоннамоӣ, баёнгароӣ) дар адабиёти рус меноманд.
Сабки адабии Андреев таркибе аз унсурҳои макотиби адабии реализм, табиатгароӣ ва намодгароии русӣ аст.
Шуҳрат барои Андреев соли 1901, баъди интишори ҳикояаш “Буд-набуд” дар маҷаллаи “Жизнь» омад.
Соли 1905 аз Инқилоби аввали рус пуштибонӣ кард ва ҳатто чанде аз аъзои ҳизби коммунисти Русияро, ки ҳукумати подшоҳӣ таъқиб мекард, дар манзили худ паноҳ дод. 9 феврали ҳамон сол вақте ба хонаи ӯ узви Кумитаи Марказии ин ҳизб Шеколдин омад, пулис ҳамроҳ бо Андреев ӯро боздошт кард. 25 феврал бо гарав озод шуд. Ҳамон сол ҳикояи “Губернатор”-ро навишт, ки вокунише буд ба қатли эсер Каляев.
Соли 1906 ба Олмон рафт ва он ҷо дуюмин писари ӯ, нависандаи оянда Даниил ба дунё омад. Бадъд ба Каприи Италия рафт ва муддате бо Горкий ҳамроҳ зист. Чун ҳамсараш аз олам гузашта буд, дубора хонадор шуд.
Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ аз артиши рус пуштибонӣ кард ва мегуфт шикасти Олмон ногузир аст, бояд шикаста шавад. Аммо инқилоби Октябрро ҷонибдорӣ накард ва баъди ҷудо шудани Финландия аз Русия ба муҳоҷират рафт. Асарҳои баъдии ӯ саропо зиддиболшевикӣ буд.
Номгӯи баъзе ҳикояҳои ӯ: “Дар сардиву тилло”, Ҳимоя”, “Фариштаҳак”, “Дӯст”, “Дар назди тиреза”, “Ҷавонон”, “Марди хориҷӣ”, “Ханда”, “Китоб”, “Шаҳр”, “Афкор”, “Дузд”, повесту романҳояш: “Ҳаёти Василий Фивейский”, “Хандаи сурх”, “Хотираҳои ман” ва ғайра.
Соли 1921 дар шаҳри Лвов нависандаи тахайюлнависи лаҳистонӣ, файласуф ва футурологи лаҳистонӣ Станислав Лем зода шуд.
Асарҳои ин адиби маъруф бо 41 забони олам тарҷумаву чоп шудаанд.
Лем боре навишааст, ки ба нависанда шудани ӯ асарҳои адиби амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1976 Сол Беллоу, нависандаи англис ва поягузори асарҳои илмӣ-тахайюлии асри бист Герберт Уэллс, файласуф, риёзидон ва кибернетики амрикоӣ Норберт Винер, яке аз созандагони назарияи ри ёзии иттилоот Клод Элвуд Шеннон, нависандаи маъруфи фаронсавӣ Жюл Верн, файласуф ва нависандаи тахаюлнависи англис Уилям Олаф Стэплдон таъсир доштааст.
“Одам аз Марс”, “Кайҳонавардон, “Муколамаҳо”, “Тафтишот”, “Бозгашт аз ситораҳо”, “Мағлубнашаванда”, “Афсонаи роботҳо”, “Қалъаи баланд”, “Ҳикояҳо дар бораи халабон Пиркс”, “Фалсафаи ҳодиса” номгӯи нопурраи асарҳои ӯ мебошанд.
27 марти соли 2023 дар Краков дар синни 84-солагӣ тарки олам кард.
Соли 1927 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Мутеулло Наҷмиддинов ба дунё омад.Вай хеле бармаҳал аз навозиши падари мударрисаш маҳрум гардида, рӯзҳои сахтеро аз сар гузарондааст.
Солҳои Ҷанги Бузури Ватанӣ ба сари хонадонашон кулфатҳои дигаре бор гардиданд. Гушнагиву қаҳтӣ мардуми нодору ночорро тут барин мерезонд.
Дар ин даврони сангини қашшоқию гуруснагӣ Мутеулло ҳамроҳи бародараш Имомуддин аз Сурхӣ ном силсилакӯҳе, ки дар шарқи деҳа сар кашида буд, хок оварда, дар деги пуроб ҷӯшонда, намак ҳосил мекарданд. Намакро дар бозори гузар фурӯхта, ғизое мехариданд.
Баъди ғалаба бар фашизм пул нав шуда, ҳоли халқ андаке рӯй ба беҳбудӣ овардааст. Мутеулло, ки хонандаи пешқадами синфи нӯҳум буд, бо маслиҳату дастгирии директори мактаби миёнаи деҳа Мирхолдор Халилов ба деҳаи Оғосарой рафта, муаллими фанни ҷуғрофия шудааст. Баъди як соли ба таълиму тарбия машғул шудан, соли 1848 бо мақсади таҳсил ба Душанбе омадааст.
Соли 1954 донишгоҳро ба итмом расонда, ба рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ба кор даромадааст. Дар саҳифаҳои рӯзнома аввалин очерку ҳикоя ва мақолаҳои публитсистии ӯ ба табъ расидан гирифтаанд. Он солҳо дар идораи рӯзнома беҳтарин адибону рӯзноманигори вақт – Аминҷон Шукӯҳӣ (муҳаррири рӯзнома), Абдумалик Баҳорӣ, Абдусалом Атобоев, Ғоиб Қаландаров, Шодон Ҳаниф, Ибод Файзуллоев, Мусалламхон Баҳриддинов ва дигарон гирд омада буданд.
Ду соли муҳарририи рӯзномаи «Комсомолии Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва истеъдоди нависандагии Мутеулло Наҷмиддинов заминаи мустаҳкам гузоштаанд. Додоҷон Раҷабиро аз Хуҷанд, Бобо Ҳакимро аз Исфара, Мазҳабшо Муҳаббатшоевро аз Бадахшон, Нур Табаровро аз Ваҳдат (Орҷоникидзеобод) ва дигар қаламкашони соҳибистеъдодро аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба кор ҷалб намудааст.
Пас аз ин, ду сол, дар Мактаби олии ҳизбии Маскав таҳсил карда, соли 1964 ба Душанбе баргашта, мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Ирфон» таъин гардидааст. Солҳои дар нашриёт кор карданаш пурсамар буданд. Китобҳои ӯ «Одамони сарбаланд», «Дарё маҷрои нав меҷӯяд», «Суруди одамони наҷиб», «Меҳри замин», «Пайраҳаи шинос», «Одамон ва соҳилҳо», «Ширмоҳ» пайиҳам аз чоп баромадаанд. Махсусан, қиссаҳои «Дарё маҷрои нав меҷӯяд» ва «Ширмоҳ» аз ҷониби мунаққидону хонандагон баҳои баланд гирифтаанд ва дар тарҷумаи Лев Қандинов дар Душанбею Маскав ба забони русӣ чоп шудаанд. Инчунин, асарҳои нависанда ба забонҳои руминӣ, украинӣ, эстонӣ, қазоқиву қирғизӣ ба табъ расидаанд.
Чанде аз навиштаҳои К. Волф, С. Зарян, Ю. Ритхеу, Ш. Рашидов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Саридораи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик мудири шуъба, чанд соли охир то ба нафақа баромадан, сармуҳаррири бахши драматургияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ будааст.
Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин бо медали «Барои меҳнати шоён», Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон, Шӯрои Олии Ӯзбекистон, медали нуқраи НКХХ СССР мукофотонида шудааст.
Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.
Аз соли 1968 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
2 апрели соли 2002 аз олам чашм пӯшид. (Манбаъ: Сомонаи Ит.нав”).
Соли 1929 дар Юрмала дар синни 64-солагӣ шоир, намоишноманавис, тарҷумон, сиёсатмадор ва ходими ҷамъиятии аҳли Латвия Ян Райнис ба олам омад.
Райнис солҳои 1921-1925 директори Театри миллӣ ва солҳои 1926-1928 вазири маорифи Латвия буд.
Соли 1943 дар Коломбо нависанда, шоир ва омӯзгори канадиёӣ Майкл Онтадже таваллуд шуд. Романе, ки барояш шуҳрат овард, “Бемори англис” буд, ки соҳиби ҷозаи адабии Букеров гашт. Соли 2018 бахшида ба 50-солагии таъсиси ҷоизаи мазкур романи ёдшудаи адиби Ҷоизаи “Букерови тиллоӣ” гашт. Аз рӯи ин роман филм ҳам бардошта шуд, ки соҳиби ҷоизаи машҳури Оскар шуд.
“Дар пӯсти шер”, “Арвоҳи Анил”, “Мизи гурбаҳо”, “Олами ҳарбӣ”, “Аз тариқи кушторгоҳ” номи чанд асари дигари адиб мебошад.
Соли 1981 дар Милан (Италия) дар синни 84-солагӣ шоир, насрнавис, мунаққиди адабии итолёвӣ Эудженио Монтале аз олам гузашт. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1975 буд.
Эудженио Монтале 12 октябри соли 1896 дар Генуя (шаҳре дар шимоли Италия) ба дунё омад. Дар навҷавонӣ дарси мусиқӣ хонд ва мехост овозхони опера шавад. Дар Ҷанги аввали ҷаҳонӣ иштирок кард.
Баъди интихоби машғулиятҳои гуногун соли 1926 ба Флоренсия (шаҳре дар соҳили дарёи Арно) рафт, то дар як муассисаи интишоротӣ машғули кор шавад. Аз соли 1929 то 1938 гардонандаи “Кобинаи илмӣ-адабӣ” буд, вале чун узвияти ҳизби фашистҳҳоро надошт, аз ин симмат истеъфо дод.
Чор дафтари шеъраш мунташир шудааст. Аз соли 1947 мунаққиди мусиқӣ ва адабӣ шуд. Ҳамзаммон бо як рӯзномаи маҳаллӣ ҳамкорӣ мекард. Навиштаҳои парокандаашро дар чанд ҷилд чоп кард.
Барои хидматҳои арзандааш дар рушди фарҳангу адабиёти Италия ба ӯ унвони сенатори ҳамешагӣ дода шудааст.
Баъди 9 бори пештарӣ шуданаш ба ҷоизаи Нобели адабиёт дар солҳои 1955; 1961; 1966; 1967; 1968; 1969; 1970; 1971; 1975 билохира онро ба даст овард.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ