Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 12 – уми январ
Соли 1823 нависандаи олмонӣ Герман Еллинек ба дунё омад. Вай бародари олими яҳудӣ ва мубаллиғ Адолф ва соҳибкор ва иқтисоддони маҷористонӣ Моритса Еллинеков буд. Баъди он ки инқилоби октябрии соли 1948 аз ҷониби империяи Австрия хунсо гардид, дастгир шуд. Дар боздоштгоҳ вай аз ақидаҳо ва дидгоҳҳои инқилобии худ даст накашид, изҳори таассуфу пушаймонӣ накард. Ин буд, ки ҳукми қатл гирифт ва парронда шуд.
Соли 1049 Саъид Котиб Сафо машҳур ба Шайх Абусаъиди Абулхайр ориф ва шоири номдори форсу тоҷик ба дунё омад. Абусаъиди Абулхайр миёни шоирон ва орифон мақоми бисёр барҷаста ва вижае дорад ва номи ӯ бо ирфон ва шеър омехтагии амиқе ёфтааст.
Ба ҳаддест, ки мақоми ӯ дар шеъри форсӣ дар канори Мавлавӣ ва Аттор қарор мегирад. Ин ҳам дар ҳолест, ки вай чандон шеъри зиёд нагуфтааст.
Дар таърихи андешаҳои ирфониаш дар болотарин сатҳи андешамандони ин густураи паҳновар дар канори Мансури Ҳаллоҷ, Боязиди Бастомӣ ва Абулҳасани Харақонӣ қарор мегирад.
Шайх Абусаъиди Абулхайр тибқи ривоёти таърихнигорон бо Абуалӣ ибни Сино вохӯрдаву се шабонарӯз бо хам дар хилват суҳбат кардаанд. Чун муридон аз Сино пурсиданд, ки шайхро чӣ гуна ёфтӣ, посух дод: Ҳарчи ман медонам, ӯ мебинад.
Ва чун муридон аз шайх ин суол карданд, ки Буалиро чӣ гуна ёфтӣ, посух дод: Ҳарчи мо мебинем, ӯ медонад.
Ин рубоӣ аз ӯст:
Ман бе Ту даме қарор натвонам кард,
Эҳсони Туро шумор натвонам кард.
Гар бар сари ман забон шавад ҳар мӯе,
Як шукри Ту аз ҳазор натвонам кард.
Соли 1628 дар Порис нависанда, шоир, мунаққиди адабӣ ва афсонагӯи машҳури Фаронса Шарл Перро ба дунё омад. Вай сабки нави қиссаҳо ва афсонаҳои шоҳи париёнро дар адабиёт асос гузошт. Достонҳои машҳури ӯ то ба имрӯз борҳо чоп шудаанд. Аз рӯи онҳо песаҳо навиштаву дар саҳнаи театрҳо гузоштаанд ва филмномаҳо сохтаву филмҳо офаридаанд.
Соли 1758 дар шаҳри Пушкин шоир, мазҳаканавис ва намоишноманависи рус Дмитрий Горчаков ба ола момад.
Соли 1876 дар Сан-Франсиско нависандаи м ашҳури амрикоӣ, муаллифи беҳтарин романҳо ва повесту ҳикояҳо Ҷек Лондон ба дунё омад. Осори ӯ монанди “Овои вуҳуш”, “Сапеддандон”, “Гурги дарё” ба истиқболи гарми хонандагон рӯбарӯ шуд. Вай аз аввалин нависандагони Амрико буд, ки аз роҳи навиштан ба сарвати зиёд даст ёфт.
Бурди навсандагӣ дар Ҷек Лондон он аст, ки аксари сужаи достонҳои худро аз ҳаёти воқеъӣ гирифтаву аксари қаҳрамононаш касонеанд, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шуда буданд.
“Духтари барфҳо”, “Бозӣ”, “Мартин Иден”, “Моҷароҷӯ”, “Тоъуни сурх”, “Писари офтоб”, “Ситораи гирд” аз ҷумлаи дигар романҳои машҳури ӯянд.
Як силсила аз асарҳои Ҷек Лондон, аз ҷумла романи машури ӯ “Мартин Иден” тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд.
Соли 1899 дар шаҳри Будапешт нависандаи маҷориву олмонӣ, тарҷумон, мунаққиди адабӣ ва журналист Адолф Зилберштейн дар синни 53-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1949 дар Киото нависанда ва тарҷумони жопонӣ Хураки Мураками ба дунё омад. Китобҳо ва достонҳои ӯ дар кишвараш Жопон ва берун аз он аз пурфурӯштарин китобҳо мебошанд. Асарҳо ӯ бо беш аз 50 забони дунё баргардон шудаанд. Миллионҳо нусха аз он берун аз кишвари худаш ба фурӯш рафтааст.
“Ба овози бод гӯш биспор”, “Таъқиби гӯсфанди ваҳшӣ”, “Бирақс, бирақ, бирақс”, “Пас аз торикӣ” аз ҷумлаи романҳои машҳури Мураками мебошанд.
Соли 1976 дар Уоллингфорд дар синни 85-солагӣ нависандаи машҳури англис, холиқи беҳтарин романҳои ҷиноӣ Агата Кристӣ тарки олам кард. Агата Кристӣ аз ҷумлаи ҳамон адибонест, ки китобҳояш аз ҳама бештар ба забонҳои олам тарҷума ва нашр шудаанд. Пас аз вай Жюл Верн ва Шекспир қарор доранд.
Агата Кристӣ бо номи мустаори Mary Westmacott достонҳои ошиқона ва романтикӣ низ навиштаасст, вале шуҳрати аслиаш барои 66 романи ҷиноии ӯст. Достонҳои Агата Кристӣ на танҳо лақаби “Маликаи ҷиноят”-ро барои ӯ ба армуғон оварданд, балки вайро ба унвони яке аз муҳимтарин нависандагоне, ки дар роҳи тавсеа ва такомули достонҳои ҷиноӣ кӯшидаанд, низ муаррифӣ ва матраҳ карданд.
Соли 2015 адиби тоҷик Одина Мирак аз дунё гузашт. Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Боздид» (1981), «Гули орзу» (1984), «Забони дил» (1988), «Шукуфаи ҳавас» (2001), «Гули нав» (2003), «Мӯъминободнома» (2005), «Чашмаи Офтоб» (2008) ва ғайра ба табъ расидаанд.
Маҷмӯаҳои шеърии Н. Гончаров «Кайҳоннавард мешавам» ва Ф. Дзержинский «Шамолаки форам»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Дар тарҷумаи ашъори А.С.Пушкин, М.Ю.Лермонтов, Т.Г.Шевченко, Ғ.Ғулом, Й.Милев, Қ.Оразов, О.Чорӣ, У. Султонов ва дигарон иштирок доштааст.
Соли 1938 дар шаҳри Хуҷанд адиби тоҷик Додоҷон Раҷабӣ ба дунё омад. Аз соли 1963 бештар аз даҳ китоби қиссаву ҳикоя ва осори драмавӣ навиштааст. Нахустин китоби ҳикояҳои барои бачагон офаридаи ӯ «Дилсӯзӣ» (1963) таҳти таҳрири Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил аз чоп баромадааст. Дар китобҳои дигари ӯ «Кулчаи зағора» (1974), «Шабе, ки барф меборид» (1978), «Модари нав» (1982), «Борон чағона мезад» (1985), «Сари Роҳи Каҳкашон» (1988), «Лӯъбат ва ҳофиз» (2003) ва ғ. масъалаҳои тарбияи ахлоқи ҳамида дар ниҳоди бачагону наврасон ва ҷавонони навхат, раванди ташаккули характери онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Қиссаи «Модари нав» дар нашриёти «Детская литература» (Маскав, 1990) ба табъ расидааст. Маҷмӯаи ҳикояҳои «Дилсӯзӣ» дар нашриёти «Мектеп»-и Ҷумҳурии Қирғизистон ба забони қирғизӣ мунташир гардидааст. Драмаи бисёрпардаи «Дастҳоро кушоед!» дар Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ саҳнагузорӣ шудааст.
Асарҳои алоҳидаи П. Мериме, Р. Такур, А.П. Чехов, А. Ахматова, М. Зощенко, И. Шамякин, А. Алексин, М. Левин, Е. Симонайтите, К. Абдусаломов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
17 ноябри соли 2012 аз олам даргузашт.
Таҳияи Б.Шафеъ