Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 13-уми декабр
Соли 1720 дар Венетсия нависанда ва намоишноманависи аҳли Италия Карло Готси ба дунё омад. Готси соли 1747 ҳамроҳ бо гурӯҳе аз ҳамақидаҳояш академияи танзи «Гранеллески» («Пучсухан»)-ро, ки алайҳи таъсири аҷнабиён бар забону адабиёти итолиёӣ мубориза мебурд, таъсис дод. Ин академия драмнависони номдор К. Голдони ва П. Кяри, ки сабку услубҳои театрҳои фаронсавиро пазируфта буданд, ба масхара мекашид.
Карло Готси мазҳакаҳои қадимии итолиёиро, ки бар фарҳанги мардумӣ асос ёфта буданд, «ифтихори Итолиё» меномид. Ӯ мекӯшид, ки онҳо аз нав эҳё бишаванд.
Соли 1761 Карло Готси нахустин «фияба» (афсона барои театр) – «Муҳаббат ба се афлесун»-ро навишт. Намоишнома аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шуд. Баъд фиябаҳои «Зоғ» (1761), «Шоҳ-гавазн», «Турандот», («Турондухт»), «Зан-мор» (ҳар се – 1762), «Зобеида» («Зубайда», 1763), «Гадоёни хушбахт» (1764), «Парандаяки сабз», «Ҷим, шоҳи ҷинҳо», номи дигараш «Канизаки вафодор» (ҳар ду – 1765)-ро таълиф намуд.
Охирин асари ӯ «Хотироти беманфиат» (1797) ба таърихи театри асри XVII бахшида шудааст. Дар осори Карло Готси оҳангу сужаҳои ривоятӣ, баъзе аз вижагиҳои мазҳакаҳои мардумӣ ба назар мерасанд.
Чандин асари ӯ («Турандот», «Шоҳ–гавазн», «Гадоҳои хушбахт» ва ғ.) бар пояи сужаҳои шарқӣ навишта шудаанд. Аз ҷумла, дар «Гадоҳои хушбахт», ки рӯйдодҳо дар Самарқанд мегузаранд, Карло Готси шоҳи адолатпешаеро тасвир намудааст.
Чанде аз намоишномаҳои ӯро дар Тоҷикистон низ ба саҳна гузоштаанд. Аз ҷумла, «Маликаи Турандот» ва «Шоҳ − гавазн»-ро, ки замоне бинандагони зиёд доштанд.
Соли 1784 мунаққид, шоир, эссенавис ва фарҳангнависи инглис Сэмюэл Ҷонсон аз олам рафт. Ҷонсон аз бузургтарин адибони қарни ҳаждаҳуми милодии Британия буд. Аз муҳимтарин асарҳои ӯ метавон ба “Фарҳанги забони англисӣ”, “Зиндагии шоирон” ишора кард.
Ҷонсон писари як тоҷири хурди китоб буд. Бе ягон дастгирии моддӣ ё маънавӣ инсоне, ки аз синдроми Туретта (анг. Tourette’s syndrome – як ихтилоли асабии рушди шоеъ аст, ки дар даврони кӯдакӣ ё навҷавонӣ оғоз мешавад. Аммо илм исбот кардааст, ки ин синдром метавонад дар ҳар синну сол зоҳир гардад) азият мекашид, Ҷонсон роҳи худро дар зиндагӣ ва эҷод пайдо кард ва бо талошҳои пайваста дар ҷаҳони адаб мавқеи намоён касб намуд. Соли 1735 ӯ бо як бевазани сарватманди чилу панҷсола издивоҷ кард, ки бо маблағҳои ӯ мактаб кушод (дар байни донишҷӯён Дэвид Гаррики ҷавон, ки баъдтар актёри барҷаста шуд, низ буд).
Шеъри “Лондон” ба тақлиди Юний Юневал (шоири танзпардози Руми Бостон, ки дар поёни нахустин садаи милодӣ ва оғози садаи дуюм зиндагӣ мекард), пас аз кӯчидани Ҷонсон ба пойтахт навишта шуда, боиси таҳсину ситоиши Поп гардид. Пас аз он як кӯшиши боз ҳам муваффақтар дар ҳаҷвнигории Ювеналӣ бо номи “Беҳудагии орзуҳои инсонӣ” (1749)-ро навишт, ки он обрӯи Ҷонсонро ҳамчун шоири маъруфиятдоштаи англис боло бурд. Пеш аз ин, аз соли 1738 то 1744, ӯ баҳсҳои парлумониро бо номҳои сохта барои маҷаллаи “Ҷентелмен” инъикос мекард ва дар бисёр нашрияҳои дигар нашр мекард.
Соли 1765, Ҷонсон маҷмӯаи асарҳои Шекспирро бо як муқаддимаи хеле ҷолиб нашр кард, ки дар он ӯ бо тавсифи драматурги бузург назари наверо дар бораи қонунҳои эҷодиёти драмавӣ муқаррар кард, ки бар хилофи назарҳои мавҷуда буд. Бо интизории андешаҳои Ҳердер, ӯ Шекспирро “шоири табиат” эълон мекунад, “озодиҳои шеърӣ”-и гуногун, нофармонии ӯро ба қоидаҳои классикӣ мебахшад ва ҳатто усули Шекспирро дар омезиши комикс бо фоҷиа, ки дар доираҳои классикӣ бечунучаро маҳкум шуда буд, сафед мекунад.
Вай 75 сол умр дид.
Соли 1797 дар Дюсселдорф шоир, публистист ва мунаққиди маъруфи олмонӣ Ҳенрих Ҳейне зода шуд. Ҳейне бештар ба хотири ашъори ғаноияш машҳур шудааст. Дар зимн вай шоири романтизм ҳам буд. Осори ӯ яке аз пуртарҷуматарин навишторҳо дар адабиёти олмонӣ ба шумор меравад.
Ӯ дар як хонаводаи олмонишудаи яҳудии фақир дида ба олам кушодааст. Дар ҳамкориву муоидати амуи сарватмандаш зиндагии ҳирфаи худро бо таҳсил дар риштаи ҳуқуқ идома дод.
Рушди Ҳейне ҳамчун шоир бо шукуфоии жанрҳои лирикӣ дар адабиёти Олмон, ки аз ҷониби романтикҳо дастгирӣ мешуданд, рост омад. Хейне намунаҳои дурахшоне аз шеъри романтикиро офарида, онро аз пафоси аз ҳад зиёд ва анъанавӣ озод кард. Маҷмӯаи шеърҳои “Китоби таронаҳо“, ки ба шоир шӯҳрати ҷаҳонӣ овард, як маҷмуаи хуби шеърист, ки шоир тавонистааст бо содагии баён ва табиӣ иншо кунад.
Дар “Китоби таронаҳо”, Ҳейне таҷрибаҳои отифии қаҳрамони ғаноиро дар жанрҳои маъмулии ғазал тасниф ва ошиқона муҷассам кард. Аммо аллакай дар ин давраи аввал, ҷазби шоир ба жанри сурудҳои халқӣ, бо озодии хоси шакли шеърӣ, ба назар мерасад. Ҳейне дар шеъри худ ба монологи лирикӣ ва мувозинат байни падидаҳои табиӣ ва эҳсосоти қаҳрамон муроҷиат мекунад.
“Сӯгномаҳо ҳамроҳ бо қисматҳои ғаноӣ”, “Тасвирҳои сафар”, “Мактаби ромнатика”, “Олмон. Як афсонаи зимистонӣ” номгӯи чанд офарида ӯст.
Аз Ҳейне ба тоҷикӣ китобе мукаммал дар даст нест, аммо шеърҳои зиёде аз ӯро шоирони тоҷик тарҷума ва дар китобҳои худ мунташир кардаанд.
Соли 1873 дар шаҳри Москав шоир, нависанда, намоишноманавис, тарҷумон ва адабиётшиноси Шӯравиву рус Валерий Брюсов дида ба олам кушод. Вай яке аз поягузорони равияи намодгароӣ (символизм) дар адабиёти рус буд.
Соли 1909 дар Санкт-Петербург дар синни 54-солагӣ шоир, намоишноманавис, тарҷумон ва мунаққид Иннокентий Анненский аз олам гузашт.
Соли 1934 шоир, дипломати перуӣ Хосе Сантос Чокано тарки олам кард.
Соли 1938 дар идораи газетаи “Правда” бе ягон иҷозатномаи расмии мақомот нависандаи Шуравӣ Михаил Колсов боздошт шуд. Ӯро бо иттиҳомҳои сохтаву бофта зиндонӣ карданд, 70 нафарро чун шоҳид пурсиданд, ки баъдан аксари он шоҳидон низ бо ҳар гуна иттиҳомот боздошт ва кушта шуданд.
Дуюми феврали соли 1940 ба қатл расид. 18-уми декабри соли 1954 баъди маргаш сафед шуд.
Соли 1973 дар шаҳри Прага дар синни 73-солагӣ нависанда, шоир ва мунаққиди адабиёт Йозеф Кнап вафот кард.
Соли 1999 дар шаҳри Ню-Йорк дар манзили худ нависандаи амрикоӣ Ҷозеф Ҳеллер аз олам гузашт. Вай 76 сол дошт.
Соли 2014 дар шаҳри Красноярск дар синни 64-солагӣ нависанда ва журналисти рус Михаил Успенский вафот кард.
Соли 1968 Шоири халқии Тоҷикистон ОЗАР (Салимов Миралӣ) дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дида ба олам кушод. Соли 1986 мактаби миёнаи №9-ро хатм карда, солҳои 1987-1989 хизмати ҳарбиро ба ҷой овардааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб мебошад. Дар мақомоти иҷроияи Ҳукумати вилояти Хатлон (солҳои 1994-1997) сармутахассис буда, солҳои 1997-2008 дар мақоми сухангӯйи Раёсати умури дохилаи вилоят адои хидмат доштааст.
Соли 2008 котиби масъули бахши Қӯрғонтеппаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин шудааст. Ҳамзамон, вазифаи сардабирии маҷаллаи «Мактаб»-и назди Раёсати маорифи вилояти Хатлонро бар уҳда дорад.
Аввалин шеърҳояш бо фотиҳаи шоир Саидҷон Ҳакимзода (1984) дар матбуоти даврӣ ба чоп расидаанд.
Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Намози бедорӣ» соли 1997 ба табъ расидааст. Маҷмӯаҳои дигараш «Як саҷда гул» соли 2002, «Сарви дуо» соли 2004, «Ирфони ҳино» соли 2006, «Гуфтугӯйи нахлу моҳ» соли 2010 интишор ёфтаанд.
Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2015), Шоири халқии Тоҷикистон (2020).
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. (Сом. Ит. Нав.)
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ