Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 13-уми феврал
Соли 1903 дар Леже нависандаи аҳли Белгия Жорж Сименон ба дунё омад. Сименон бештар барои романҳои пулисиаш машҳур шуд. Аз ӯ наздлик ба 500 роман ва достонҳои кутоҳ мунташир шудааст. Ӯ 200 романашро бо 16 тахаллус навишта ва 220 ва як зиндагиномаи сеҷилдаро бо номи худ чоп кардааст. Ӯро дар олам ба хотири офариниши образи комиссар Мегрэ мешиносанд ва романҳое, ки барои шинохти Мегрэ офарида шудаанд, шуҳрати бештар доранд.
Соли 1769 дар шаҳри Москав масалнависи машҳури рус Иван Крилов ба дунё омад. Ӯ эҳтимолан беҳтарин латифапардоз миёни ҳама адибони рус аст. Дар осораш бештар нокоромадии низоми бюрократии ҳоким дар ҷомеаро мазаммат кардааст. Асарҳои Крилов бо забонҳои гуногуни олам, аз ҷумла ба тоҷикӣ низ баргардон ва борҳо нашр шудаанд.
Соли 1784 шоир, тарҷумон ва намоишноманависи рус Николай Иванович Гнедич ба дунё омад. Гнедич муддати 20 сол “Иллиадаи” Ҳомерро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Дар осори Гнедиш муҳаққиқонаш ба чакомаи “Моҳидорон” баҳои баланд медиҳанд. Пйесаҳои “Хобгоҳ”, “Оссианаи зебо”, “Дар тобути модар”, “Ба назди дӯст” аз ҷумлаи асарҳои хуби ӯ дониста шудаанд.
Соли 1798 дар шаҳри Берлин бар асари бемории домана нависандаи олмонӣ Вилгелм Ҳенрих Ваккенродер аз олам чашм пӯшид. Вай ҳамагӣ 24 сол дошт ва аз дӯстони наздики Людвик Тик (нависанда, намоишноманавис ва тарҷумони аҳли Олмон) буд.
Соли 1817 муаррих ва бостоншиноси рус Алексей Иванович Мусин-Пушкин тарки олам кард
Соли 1881 дар Лондон нависандаи кӯдакон ва шоираи англис Элеанор Форҷун таваллуд шуд. Бенҷамин Форҷун – нависанда, намоишноманавис ва рӯзноманигори англия падари ӯ буд ва Элеанор илҳоми навиштанро аз падараш мерос гирифтааст. Замоне дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо афсонаҳои тарҷумашудааш “Мехоҳам ба Моҳ равам” ва “Маликаи ҳафтум” машҳур шуда буд.
Барандаи ҷоизаи Андерсен буд, ки ин ҷоизаро расман Нобел барои асарҳои бачагона меноманд.
Соли 1959 дар Лавленд, иёлати Огайо нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Морин Ф.Макхю ба олам омад. Вай барандаи ҷоизаи “Ҳюго” буд.
Соли 1973 дар деҳаи Хайрободи ноҳияи Масчо шоираи тоҷик ГУЛНОЗ (Тойирова Гулноз) ба дунё омад. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш фаро гирифта, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиро дар мактаби миёнаи №23 зодгоҳаш оғоз карда, муддате дар рӯзномаи «Нилуфар» фаъолият бурдааст. Ҳоло котиби масъули шуъбаи Суғди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва мушовири илмии маҷаллаи «Паёми Суғд» мебошад.
Намунаҳои ашъори Гулноз дар китобҳои «Ашки ширин», «Ғавғои сукут» (маҷмӯаи дастҷамъӣ), «Аз нигоҳ то шеър», «Парвози дунё», «Шаб дар паси ман буд» интишор ёфтаанд.
Шеъри Гулноз бо сабки хос, тасвирҳои ҷолиб ва андешаву орои нодиру пурбор ороста буда, нигорандаашон дар айни авҷи камолоти эҷодист.
Дар меҳвари шеъри ӯ ишқу эҳсосоти марбути он қарор гирифтаанд, ки онҳоро шоира раҳнамои ягона дар ҷодаи расидан ба мақсадҳои олии инсонӣ медонад.
Бо нишони фахрии ҷамъияти «Дониш», Ҷоизаи ба номи Имом Хумайнӣ (Эрон), Ҷоизаи адабии Шаҳриёр (Эрон) ва Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ сазовор гардидааст.
Аз соли 2005 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. (Сом.Ит.Нав).
Соли 1974 нависандаи рус Александр Солженитсин аз Иттиҳоди Шӯравӣ ронда шуд Ӯ аз бузургтарин намояндагони адабиёти руси охири қарни бистум ба шумор мерафт. Яке аз машҳуртарин асарҳои ӯ “Маҷмааҷазираҳои ГУЛАГ” ба шумор меравад, ки аслан маҷмуаи таҳқиқоти ҳунарӣ-таърихии адиб дар бораи режими саркӯбкунандаи Шӯравӣ дар солҳои 1918- 1956 мебошад.
Солженитсин барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт дар соли 1970 буд.
Таҳияи Б.Шафеъ.