Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 13-уми феврал
Соли 1903 дар Леже нависандаи аҳли Белгия Жорж Сименон ба дунё омад. Сименон бештар барои романҳои пулисиаш машҳур шуд. Аз ӯ наздлик ба 500 роман ва достонҳои кутоҳ мунташир шудааст. Ӯ 200 романашро бо 16 тахаллус навишта ва 220 ва як зиндагиномаи сеҷилдаро бо номи худ чоп кардааст. Ӯро дар олам ба хотири офариниши образи комиссар Мегрэ мешиносанд ва романҳое, ки барои шинохти Мегрэ офарида шудаанд, шуҳрати бештар доранд.
Соли 1769 дар шаҳри Москав масалнависи машҳури рус Иван Крилов ба дунё омад. Ӯ эҳтимолан беҳтарин латифапардоз миёни ҳама адибони рус аст. Дар осораш бештар нокоромадии низоми бюрократии ҳоким дар ҷомеаро мазаммат кардааст. Асарҳои Крилов бо забонҳои гуногуни олам, аз ҷумла ба тоҷикӣ низ баргардон ва борҳо нашр шудаанд.
Соли 1784 шоир, тарҷумон ва намоишноманависи рус Николай Иванович Гнедич ба дунё омад. Гнедич муддати 20 сол “Иллиадаи” Ҳомерро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Дар осори Гнедиш муҳаққиқонаш ба чакомаи “Моҳидорон” баҳои баланд медиҳанд. Пйесаҳои “Хобгоҳ”, “Оссианаи зебо”, “Дар тобути модар”, “Ба назди дӯст” аз ҷумлаи асарҳои хуби ӯ дониста шудаанд.
Соли 1798 дар шаҳри Берлин бар асари бемории домана нависандаи олмонӣ Вилгелм Ҳенрих Ваккенродер аз олам чашм пӯшид. Вай ҳамагӣ 24 сол дошт ва аз дӯстони наздики Людвик Тик (нависанда, намоишноманавис ва тарҷумони аҳли Олмон) буд.
Соли 1817 муаррих ва бостоншиноси рус Алексей Иванович Мусин-Пушкин тарки олам кард
Соли 1881 дар Лондон нависандаи кӯдакон ва шоираи англис Элеанор Форҷун таваллуд шуд. Бенҷамин Форҷун – нависанда, намоишноманавис ва рӯзноманигори англия падари ӯ буд ва Элеанор илҳоми навиштанро аз падараш мерос гирифтааст. Замоне дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо афсонаҳои тарҷумашудааш “Мехоҳам ба Моҳ равам” ва “Маликаи ҳафтум” машҳур шуда буд.
Барандаи ҷоизаи Андерсен буд, ки ин ҷоизаро расман Нобел барои асарҳои бачагона меноманд.
Соли 1967 шоир, филмноманависи маъруфи аҳли Эрон Фурӯғи Фаррухзод дар синни 32-солагӣ аз олам гузашт.
Фурӯғзамони Фаррухзод, маъруф ба Фурӯғи Фаррухзод 5 январи соли 1935 дар шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст. Ӯ шаш китоби шеър мунташир кард, ки аз намунаҳои шоёни шеъри нави форсӣ ҳастанд. Бо маҷмуаҳои “Асир”, “Девор” ва “Исён” дар қолаби шеъри Нимоӣ кори худро оғоз кард. Ӯ яке аз пешгомони шеъри нави форсӣ дониста шудааст.
Дар синни 16-солагӣ бо ҳунарманди муосир Парвизи Шопур, ки аз бастагони ӯ буд, алорағми мухолифатҳои хонаводааш издивоҷ кард. Парвизи Шопур аз Фурӯғ шонздаҳ сол калон буд. Вале онҳо ҳамагӣ се сол бо ҳам зистанд ва баъди таваллуди писараш Комёр аз ҳам ҷудо шуданд. Иллати ҷудоии онҳо ин буд, ки Фурӯғ қодир ба таҳаммули рафтори падарона ва ҳамзамон ошиқонаи Парвизро надошт. Вай нахост шавҳараш дар зиндагии ӯ як нақши муаллиму роҳбар ва раҳнаморо ҳам бибозад.
Тибқи қонунҳои он замони Эрон фарзанд баъди ҷудоӣ бо падар мемонд ва ҳам аз сӯи дигар Фурӯғ ҳам ба пойбандие, ки ба шеър дошт, наметавонист ба танҳои вазифаи модариро барои фарзандаш ба ҷо орад. Ин буд, ки дар оянда ҳам ҳеч шикояте аз Парвиз дар мавриди писараш надошт, ба маънии дигар вай акнун комил худро аз вазоифи оиладориву модарӣ озод кард ва бо шеър пайваст.
Пас аз ҷудоӣ барои муддате ба хонаи волидон баргашт, вале ба гуфтаи Фаридуни Фаррухзод падараш ӯро аз хона ронд. Фурӯғ дар ин замон бо Тӯсӣ Ҳоъирӣ (ҳамсари собиқи Аҳмади Шомлу)- аввалин гӯяндаи зан дар радиои миллии Эрон ва нависандаву мутарҷими замони худ ошно шуда буд. Тӯсӣ худ шоир буд ва дар Фаронса таҳсил карда буд. Ӯ ба Фурӯғ пешниҳод кард, ки муддате метавонад дар хонаи ӯ зиндагӣ кунад. Фурӯғ се моҳ дар хонаи Тӯсӣ монд ва баъдан ба хонаи падарӣ баргашт. Ҳосили зиндагии семоҳа шеъри “Гумшуда” аст, ки ба Тӯсӣ бахшид ва дар маҷмуаи “Девор” онро чоп кард.
Ошноӣ бо Иброҳими Гулистон, нависанда ва филмсози саршиноси эронӣ ва ҳамкорӣ бо ӯ муҷиби таҳаввули фикрӣ ва адабӣ дар Фаррухзод шуд.
Алиасғари Шеърдӯст дар китобе, ки дар Тоҷикистон бо номи “Шеъри муосири Эрон” таълиф ва бо хати срилик чоп кард, дар бораи ӯ аз ҷумла навишт: “Забони шеъри Фурӯғ бар хилофи забони сохтманди Ахавон ва Шомлу забонест ҳарфӣ ва гуфторӣ-тасвирӣ, бо доираи васеъи вожагонӣ ва бисёр наздик ба мантиқи табии калом ва наздик кардани забони наср ба шеър, дар ҳақиқат ҳамон чизе, ки Нимо рӯи он таъкиди бисёр дошт”.
Фаррухзод дар бозгашти дубора ба шеър бо интишори маҷмуъаи “Таваллуди дигар” маъруфияти бештар пайдо кард. Сипас бо маҷмуаи “Имон биёварем ба оғози фасли сард” ҷойгоҳи худро дар шеъри муосири Эрон ба унвони шоири барҷаста тасбит кард.
Осори Фаррухзод ба забонҳои англисӣ, туркӣ, арабӣ, чинӣ, фаронсавӣ, испониёӣ, жопонӣ, олмонӣ ва ибрӣ тарҷума ва нашр шудааст.
Фурӯғи Фаррухзод аз дӯстдоштатарин шоирон барои аҳли Тоҷикистон мебошад. Ашъораш борҳо дар китобҳои ҷудогона нашр шудаанд.
Соли 1959 дар Лавленд, иёлати Огайо нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Морин Ф.Макхю ба олам омад. Вай барандаи ҷоизаи “Ҳюго” буд.
Соли 1973 дар деҳаи Хайрободи ноҳияи Масчо шоираи тоҷик ГУЛНОЗ (Тойирова Гулноз) ба дунё омад. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш фаро гирифта, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиро дар мактаби миёнаи №23 зодгоҳаш оғоз карда, муддате дар рӯзномаи «Нилуфар» фаъолият бурдааст. Ҳоло котиби масъули шуъбаи Суғди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва мушовири илмии маҷаллаи «Паёми Суғд» мебошад.
Намунаҳои ашъори Гулноз дар китобҳои «Ашки ширин», «Ғавғои сукут» (маҷмӯаи дастҷамъӣ), «Аз нигоҳ то шеър», «Парвози дунё», «Шаб дар паси ман буд» интишор ёфтаанд.
Шеъри Гулноз бо сабки хос, тасвирҳои ҷолиб ва андешаву орои нодиру пурбор ороста буда, нигорандаашон дар айни авҷи камолоти эҷодист.
Дар меҳвари шеъри ӯ ишқу эҳсосоти марбути он қарор гирифтаанд, ки онҳоро шоира раҳнамои ягона дар ҷодаи расидан ба мақсадҳои олии инсонӣ медонад.
Бо нишони фахрии ҷамъияти «Дониш», Ҷоизаи ба номи Имом Хумайнӣ (Эрон), Ҷоизаи адабии Шаҳриёр (Эрон) ва Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ сазовор гардидааст.
Аз соли 2005 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. (Сом.Ит.Нав).
Соли 1974 нависандаи рус Александр Солженитсин аз Иттиҳоди Шӯравӣ ронда шуд Ӯ аз бузургтарин намояндагони адабиёти руси охири қарни бистум ба шумор мерафт. Яке аз машҳуртарин асарҳои ӯ “Маҷмааҷазираҳои ГУЛАГ” ба шумор меравад, ки аслан маҷмуаи таҳқиқоти ҳунарӣ-таърихии адиб дар бораи режими саркӯбкунандаи Шӯравӣ дар солҳои 1918- 1956 мебошад.
Солженитсин барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт дар соли 1970 буд.
Таҳияи Б.Шафеъ.