Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 13 – уми июн

Як-рузи-адабиёт-13-06-2024Соли 1865 дар Сэндимаунт шоир ва намоишноманависи ирландӣ Уилям Батлер Йейтс ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1923 буд.

Аввалин асари назарраси ӯ «Ҷазираи муҷассамаҳо» буд, ки достони тахайюлӣ ба шумор мерафт ва дар замони зиндагии муаллиф боре ҳам нашр нашуда, ба маҷмӯаи ашъор шомил нашудааст, зеро ба назари муаллиф он хеле тӯлонӣ буд.

Аввалин маҷмўаи ашъори ў бо номи «Сайругашти Ойсин» соли 1889 аз чоп баромад. Ин китоб ба асотири ирландӣ асос ёфтааст. Барои навиштани ин асар ба Йетс ду сол лозим шуд. Мавзӯи он ивазшавии ҳаёти мутафаккир ба ҳаёти фаъол аст.

Дар ҳамон сол, китоби ӯ дар бораи фолклори ирландӣ, «Афсонаҳои сеҳрнок ва мардумӣ», ки аз рўйи ёддоштҳо ва тадқиқоти худи муаллиф дар Ирландияи Ғарбӣ тартиб дода шудааст, нашр гардид.

Дар ин давра, муаллиф махсусан ба навиштани намошномаҳои назмӣ оғоз кард, ки дар натиҷа намоишномаи назмии «Графиния Кэтлин»-ро (1892) эҷод кард. Ин намоишнома дар бораи фидокории як графинияи ирландӣ барои аз гуруснагӣ наҷот додани деҳқонон нақл мекунад.

Маҷмӯаи шерҳои «Дар ҳафт ҷангал» (1903) асосан дар мавзӯъҳои эпосҳои ирландӣ навишта шудаанд.

Уилям Батлер Йейтс 28 январи соли 1939 дар синни 73-солагь дар Ментон даргузашт.

Бруно ФранкСоли 1887 дар Штутгарт нависанда, шоир ва намоишноманависи олмонӣ Бруно Франк таваллуд шуд. Вай дар оилаи бонкдор дида ба олам кушода буд. Дар донишгоҳҳои Страсбург, Гейделберг, Тюбинген ва Мюнхен ҳуқуқ ва фалсафа омӯхт. Дар Донишгоҳи Тюбинген соҳиби унвони доктори илмҳои фалсафа шуд.

Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон чун сарбоз дар сафи артиш хидмат кард. Аз дӯстони наздики Леон Фейхтвангер ва Клаус Манн буд.

Баъди ба қудрат расидани натсистон ва рӯзе баъд аз сӯхтори Рейхстаг, 28 феврали соли 1933 Бруно Франк ва ҳамсараш Лисл аз он ки яҳудинасаб буданд, аз Олмон фирор краданд. Онҳо аввал ба Австрия рафтанд ва баъдан ба Швейтсария, Англия ва Фаронса муҳоҷират карданд. Дар муҳоҷират вай дуюмин ва калонтарин романи таърихии худ – “Сервантес”-ро менависад. Соли 1937 романи “Шиносномаи хариҷӣ”-и худро чоп кард, ки дар он зиндагӣ дар Олмони натсистӣ тасвир шудааст. Франк аз талошҳои Клаус Манн дар мавриди бунёди як ҷунбиши неруманди зиддифашистӣ дар миёни муҳоҷирони олмонӣ пуштибонӣ мекард.

20 июли соли 1945 дар синни 58-солагӣ аз олам гузашт.

Соли 1888 дар Лиссабон шоир, насрнавис, намоишноманавис ва тарҷумони португалӣ Фернанду Песоа ба дунё омад. Мунтақидон вайро таъсиргузортарин нависандаи  ҷараёнсози португалӣ медонанд.

Дороти Ли СэйерсСоли 1893 дар Оксфорд нависанда, адабиётшинос, намоишноманавис ва тарҷумони англис Дороти Ли Сэйерс ба дунё омад. Маҳорати нависандагии ӯ бештар дар жанри детектив ошкор шудааст. Дар поягузории Клуби детективи Бринания саҳм дошт.  Яке аз аввалин бонувоне буд, ки дар донишгоҳи Оксфорд соҳиби дараҷаи илмӣ шуд. Аз дугонаҳои наздики нависандабонуи детективнависи англис Люси Беатрис Маллесон, ки бо номи Энтони Гилберт ҳам шинохта мешуд, буд.

“Заҳри қавӣ”, “Шаби ҷашн”, “9 ноқус”, “Таблиғ барои ҷиноят”, “Шоҳид” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

17-уми декабри соли 1957  дар синни 64-солагӣ тарки олам кардааст.

Соли 1901 дар Овйедо дар синни 49-солагӣ бар асари бемории сил нависандаи испонӣ Леополдо Алас-и-Уреня фавтид. Вай дар бузургтарин мунаққидони адабии охири асри  XIX буд.

Леополдо Алас 25-уми апрели соли 1852 дар Самор таваллуд шуд ва бачагии худро дар шаҳрҳои Леон ва Гвадалахар гузаронд. Солҳои 1871-1878 дар Мадрид рӯзноманигорӣ мекард. Соли 1883 ба сифати профессори ҳуқуқи Рум ба Овйедо баргашт.

Дар адабиёт бо тахаллуси Кларин машҳур шудааст. Чун мунаққид аз ҷонибдорони табиатгароӣ (натурализм) буд, аммо асарҳояш бештар бо сабки реализми танқидӣ навишта шудаанд.

Соли 1913 дар Иксел дар синни 69-солагӣ нависандаи аҳли Белгия Камил Лемоне вафот кард.

Осаму ДадзайСоли 1948 нависандаи аҳли Ҷопон Осаму Дозой худкушӣ кард. Вай аз саршиностарин ва таъсиргузортарин нависандагони ҷопонӣ аст. Як қатор аз асарҳои ӯ, ба монанди “Офтоби рӯ ба ғуруб”, “Заволи башарӣ” дар адабиёти Ҷопон чун асарҳои классикӣ эътироф шудаву борҳо рӯи чоп дидаанд.

Дар осори Осаму Дозой таъсири адибоне чун Акутагаво, Мурасаки Сикибу ва Фёдор Достаевский бузург аст.

Иллати худкушии адиби маъруф пурра таҳқиқ нашудааст. Аммо гуфтугӯҳо дар ин боро зиёданд.

Соли 1950 дар деҳаи Дегайии ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) шоир, рӯзноманигор ва намоишноманависи тоҷик Ҷумъа Қувват ба дунё омад.  Баъди хатми мактаби миёнаи №1 донишҷӯи шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1971 хатм намудааст ва дар идораи рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод» (ҳозира «Садои Дарбанд») ба кор пардохтааст.

Ҷумъа ҚувватДар айни замон сармуҳаррири рӯзномаи мазкур буда, вазифаи хабарнигори махсуси «Садои мардум» дар водии Раштро ҳам бар уҳда дорад.

Китоби нахустини Ҷумъа Қувват бо тавсияи курс-конфаронси адибони ҷавони Тоҷикистон (1982) бо номи «Нони гандум» чоп шудааст. Минбаъда китобҳояш «Орзу», «Чодари сабза», «Дидор», «Сухан гоҳе бигирад ҷойи дору», «Пеш аз субҳ», «Корзори сухан», «Ифтихор», «Ваҳдатистон» ва ғайра дар нашриётҳои Душанбеву Хуҷанд чоп шудаанд.

Шеърҳои Ҷумъа Қувват аз ҷониби овозхонони машҳури мамлакат Ҷӯрабек Мурод, Одина Ҳошим, Нигина Рауфова ба оҳанг дароварда шудаанд.

Асарҳои драмавии ӯ «Иҷоракорони сабзазор», «Пеш аз субҳ» ва «Оқилу одил» бо тавсияи Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг аз ҷониби Театри халқии ноҳияи Рашт саҳнагузорӣ шудаанд.

Аълочии маориф ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо ордени «Шараф» ва медали «Хизмати шоиста» қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Анатолий КузнецовСоли 1979 дар шаҳри Лондон нависандаи Шӯравӣ Анатолий Кузнетсов бар асари бемории сактаи қалбӣ даргузашт. Вай 24-уми июли соли 1969  ба Лондон сафари хидматӣ рафт ва 28-уми июл эълон кард, ки дигар ба ватан барнамегардад ва расман ба ҳукумати Британияи Кабир барои паноҳандагӣ муроҷиат намуд.

Баъдан борҳо дар мусоҳибаҳояш бо нашрияҳои мухаталифи хориҷӣ иброз дошт, ки барои он ки баҳонаи фирор аз Иттиҳоди Шӯравӣ барояш фароҳам ояд, муддати ним сол агенти КГБ шуд ва дар бораи дӯстони қаламкаши худ Евгений Евтушенко, Василий Аксёнов ва дигарон маълумотҳои бардурӯғ медод. Дигарандеш Андрей Амалрик дар “Номаи боз”-и худ ин рафтори Кузнетсовро маҳкум намуд. Аммо фаъолияти ӯро дар КГБ ҳатто худи Юрий Андропов дар як ҳисоботаш ба КМ КПСС тайид карда буд.

Соли 1983 дар шаҳри Порис шоир, нависанда, дигарандеш Вадим Делоне аз олам гузашт. Вай 35 сол дошт ва гуфта шудааст, ки дар хобаш аз сактаи дил фавтидааст. Вай яке аз ширкаткунандагони намоиши 25 августи соли 1968 дар Майдони Сурхи Москав буд.

Таҳияи Б. Шафеъ