Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 13 – уми май

АдабиётСоли 1809 шоири аҳли Италия Ҷузеппе Ҷусти ба дунё омад. Вай бо шеърҳо ва сурудҳои ҳаҷвии анъанавии итолявӣ ва ҳам бар асоси эҷодиёти шоир ва суруднависи фаронсавӣ Пйер Беранж эҷодкардааш машҳур шудааст. Аз ҷумлаи муҳаққиқони Данте буд ва “Мазҳакаи илоҳӣ”-и ӯро шарҳу баён кардааст.

Соли 1848 дар замони инқилоб ва ноамниҳо дар Аврупо  фаъолона даст ба корҳои сиёсӣ зад, муддате узви парламон буд, аммо хеле ба зудӣ пушаймон шуд ва даст аз корҳои сиёсӣ бишуст.

31-уми майи соли 1850 дар Флоренсия вафот кард.

Соли 1814 шоир, тарҷумон ва мунаққиди рус Эдуард Иванович Губер ба дунё омад. Вай аввалин касе буд, ки “Фауст”-и Ҳутеро ба забони русӣ тарҷума кард.

Соли 1837 ба марги Пушкин шеър навишт ва инро фоҷеаи бузурги адабиёт хонд. Шеър ба ҳадде хуб навишта шуда буд, ки аз даст ба даст мегашт ва ҳатто дар хонаводаҳои аристократҳо онро мехонданд.

Соли 1838 Губер бо маҷаллаи “Современник” ва нашрияи   «Литературных Прибавлениях к Русскому Инвалиду» ҷиддан ҳамкорӣ кард.

Чун марди низомӣ буд, соли 1839 бо рутбаи ҳарбии капитан ба истеъфо рафт.

23-уми апрели соли 1847 аз олам рафт.

natalya-goncharovaСоли 1829 Пушкин ба  Наталя Гончарова изҳори муҳаббат кард ва хостори издивоҷ шуд. Нақши Гончарова дар ҳаёти Пушкин ва ҳаводисе, ки боиси дуэл шуд ва ба марги шоир анҷомид, то ба ҳол дар доираҳои адабӣ ба баҳс кашида мешавад.

Баъди марги Пушкин 7 сол танҳо зист ва баъдан ҳамсари генерал Пётр Ланский, дворянини рус шуд. Аммо марги Пушкин ҳамеша як ёдномаи фаромӯшношуданӣ дар ҳаёташ буд ва то охирин лаҳзаҳои умр рӯзҳои ҷумъа, ки рӯзи марги шавҳараш буд, дигар аз хона берун намерафт, даст ба кори дигар намезад, ба ҷуз ин ки хотироташро такурӯ кунад.

 

Соли 1840 нависанда ва намоишноманвиси фаронсавӣ  Алфонс Доде зода шуд. Вай ҳамагӣ 57 сол умр дид. Аммо дар синни  30-солагӣ аллакай ба яке аз маъруфтарин адибони фаронсавӣ табдил ёфт ва бо адибони пешқадами он замон наздикӣ пайдо карда, бо  Флобер, Эмил Золя, бародарон Гонкур ва Иван Тургенев, ки он вақт дар Порис зиндагӣ мекард, дӯстӣ пайдо намуд.

alphonse_daudetРоманҳои “Подшоҳон дар табъид”, “Нума руместан”, “Абадзинда”  ва «Ҷек» (1876) ўро боз машҳуртар ва маъруфтар гардонаданд.

Асарҳои асосии нависанда, ки ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ овардаанд, дар давоми як даҳсола (1866-1876) навишта шудаанд, вале ӯ баъд аз ин маъруфият  20 соли дигар умр дидааст  ва қариб ҳар сол як романе ба табъ мерасонд, ки аксари онҳо ҳарчанд ба дараҷаи китобҳои аввалини ў боло нарафта бошанд ҳам, вале  пурхонанда буданд. Дар охири асри ХIХ ба «панҷгона»-и аввалини адибони калонтарини Фаронса дохил карда шуд.

Соли 1849 нависандаи украин Панас Мирний таваллуд шуд.

Соли 1888 шоир, нависанда, фолклоршиноси украин Яков Фёдрович Головатский аз олам гузашт. “Маълумоти таърихӣ дар бораи Буковина”, “Бозёфтҳои библиографӣ дар Лвов”, “Луғати ҷуғрофӣ”, “Халқи рус дар асри тилоии шукуфоии Лаҳистон чӣ гуна мезист?” номгӯи баъзе асарҳои ӯ мебошанд.

young_daphne_du_maurier.Соли 1907 нависандаи англис Дафна Дюмаре ба дунё омад. Ӯ романнавис ва намоишноманависи маъруфи бритониёӣ аст, ки бештари шуҳрати худро ба  романи «Рабекка» соли 1938 вобаста кардааст. Дю Море дар Порис шуруъ ба навиштани достонҳои кутоҳ намуд ва дар соли 1913 аввалин романи ӯ бо номи «Рӯҳи дӯстдоштанӣ» мунташир гардид. Ҳамчунин достони кутоҳи маъруфи ӯ низ бо номи «Паррандагон» ба табъ расидааст. “Ҷавонии аздастрафта”, “Тиҷорати нанг” низ аз ӯст.

Соли 1916 дар шаҳри Ню-Йорк дар синни 57 – солагӣ бар асари бемории сил нависандаи яҳудӣ Шолом Алейхем аз олам гузашт. Вай аслан як танзпардози яҳудии аҳли Русия буд, ки намоишнома, роман ва достонҳои кутоҳ ба забони идиш менавишт.

Ҳангоми Ҷанги ҷаҳонии аввал вай барои наҷоти ҷонаш ба Амрико рафт ва саранҷом 13 майи соли 1916 милодӣ тарки олам кард.

Дар васиятномааш навиштааст: “Ба ҳар куҷо, ки мурдам, маро дар миёни сарватмандон ба хок наспоред. Маро дар оғӯши заҳматкашони яҳудӣ дафн кунед. Инон он миллати воқеъӣ ҳастанд,ки умре посашон доштаанд. Орзумандам муҷассамае, ки бар фарози гӯри ман ҷо мегирад, ҳамон зебогиеро, ки миллати яҳуд ба осори ман бахшидааст, ба гӯри ман бубахшад”. 

Романҳои “Тейбеле”, “Бозии бачагона”, “Сендер Бланк ва хонаводаи ӯ”, повестҳои “Ду санг”, “Менахем-Мендл”, “Аман ва духтарони ӯ”, “Писарбача Мотл”, “Суруди сурудҳо” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1933 нависанда ва мақоланависи украин Микола Хвилевий худкушӣ кард.

aleksandr-fadeevСоли 1956 дар бӯстонсарои худ воқеъ дар Переделкино дар синни 54-солагӣ нависандаи маъруфи Шӯравӣ Александр Фадеев худкушӣ кард. Дар хабари расмӣ сабаби марги ӯ майхорагӣ гуфта шуда буд. Дар асл бошад ду ҳафта қабл аз маргаш вай аз нӯшидани шароб даст кашида буд, вале ба марг аз қабл омодагӣ медид. Ба ин номаҳояш ба дӯстонаш шаҳодат медиҳанд.

Номаи пешазмаргии ӯ, ки ба КМ КПСС навишта буд, ба дасти КГБ уфтод ва он танҳо соли 1990 чоп шуд. Дар он гуфта мешавад: Ман ҳеч имконеро барои идомаи зиндагӣ намебинам, зеро ҳунаре, ки ҳаётамро ба он бахшидам, тавассути роҳбари нодони ҳизб хароб карда шуд ва акнун қобили ислоҳ нест. Зиндагии ман ба унвони як нависанда маънои худро аз даст медиҳад ва бо шодии фаровон ба унвони раҳоӣ ин пастие, ки борони разолат, дурӯғ ва туҳмат ба сар мерезад, тарки ҳаёт мекнуам. Умеди охирин он буд, ки ҳаддиақал ин ҳамаро ба ин одамоне, ки кишварро идора мекунанд, бигӯям, вале муддати ин 3 соли охир бо вуҷуди хоҳишҳоям, онҳо ҳатто маро ба ҳузур намепазиранд. Хоҳиш мекунам маро дар паҳлуи модарам ба хок супоред…

Фадеев аз ҷумлаи маъруфтарин нависандагони замони худ буд ва романи “Гвардияи ҷавон”-и ӯ шуҳрати беандоза дошт. Аз рӯи ин роман филме ба ҳамин ном рӯи кор оварда шуда буд.

Соли 1974 шоир, нависанда, эссенавис, фаъоли сиёсиву ҷамъиятии Мексика Ҳайме Торрес Бодет аз олам рафт. Вай 17-уми апрели соли 1902 таваллуд шуда буд.  Солҳои 1946-1948 Вазири умури хориҷии Мексика ва солҳои 1948 – 1952 Директори кулли ЮНЕСКО  буд.

Таҳияи Б.Шафеъ