Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 13-уми ноябр
Соли 1523 шоираи итолиёвӣ Лаура Баттиферри Амманати таваллуд шудааст. Лаура ҳамсари ҳайкалтарош Бартоломео Амманати, модели портрети машҳури Агноло Бронзино мебошад. Соли 1589 дар Флоренсия вафот кардааст.
Соли 1818 журналист, публисист, ношир ва адабиётшинос Михаил Никифорович Катков таваллуд шудааст. Ў муҳаррири рӯзномаи «Московский ведомости», асосгузори журналистикаи сиёсии Русия буд.
Соли 1843 нависандаи машҳури рус Иван Тургенев аввалин бор дар театри операи Петербург сарояндаи 22-сола Полина Виардот-Гарсияро вохӯрд. Муҳаббати Иван Тургенев ва Полина Виардот 40 сол давом кард. Барои нависанда ин ҳиссиёт имтиҳони хаёт гардид.
Соли 1850 нависанда ва шоири шотландӣ Роберт Люис Балфур Стивенсон дар Эдинбург дар оилаи муҳандис Томас Стивенсон таваллуд шудааст. Ў муаллифи романи «Ҷазираҳои ҷавоҳирот» мебошад ва баъди навиштани романи мазкур Стивенсон машҳур шуд. Ба гуфтаи худи Стивенсон, ӯро ба навиштани «Ҷазираҳои ҷавоҳирот” асарҳои Эдгар По ва Даниэл Дефо илҳом бахшидааст.
Соли 1861 Артур Хю Клаф шоири англис ба вараҷа гирифтор шуд ва дар Флоренсия дар синни 42-солагӣ вафот кард. Артур Клай дӯсти наздики шоир ва тарҷумони амрикоӣ Ҳенри Лонгфелло ва дӯстдоштатрин шогирди Томас Арнолд-ислоҳгарои маъруфи маорифи Британияи Кабир буд.
Соли 1862 шоир, драматург ва забоншиноси олмонӣ Людвиг Уланд дар синни 75 солагӣ аз олам даргузашт. Вай 26 апрели соли 1787 дарТюбинген ба дунё омада буд.
Соли 1872 нашри якуми «Алифбо”-и нависандаи маъруфи рус Лев Николаевич Толстой аз чоп баромад. Он китобе буд, ки ба бачаҳо навиштан, хондан ва ҳисобро меомӯхт.
Соли 1933 шоири латиш Ояр Ватсиетис таваллуд шудааст.
Соли 1938 нависандаи шӯравӣ ва рус, рӯзноманигор, барандаи ҷоизаи корхонаи «Атоммаш» Анатолий Самуилович Салутский таваллуд шудааст.
Соли 1975 – дар шаҳри Ленинград Бергголтс Олга Фёдоровна нависанда, намоишноманавис ва шоираи Иттиҳоди Шӯравӣ аз олам гузашт. Ӯ соли 1938 тибқи парвандаи “Гурӯҳи адабиёт” ба ҳабс гирифта шуда ва 1939 бо ҳукми додгоҳ сафед ва озод шуда буд. Барандаи ҷоизаи Сталин. Ҳамсари шоир ва фаъоли сиёсиву давлатӣ Борис Корнилов буд
Соли 1979 пас аз танаффуси яксола, нашри «Таймс», «Санди таймс» ва ҳама замимаҳои рӯзномаи «Таймс» дар Британияи Кабир дубора оғоз ёфт.
Соли 2021 романнависи британиёии зодаи Африқо Уилбур Смит дар хонаи худ дар Кейптаун дар синни 88-солагӣ даргузашт. Навиштаҳои ӯ шомили достонҳое марбут ба садаҳои 16-17 милодӣ ва пайдоиши сарзаминҳои ҷанубии Африқо мебошанд.
Таҳияи Мадина Ҳамидова